Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 775

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 775

тасдиқ шудааст

Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2022 № 76)

1. Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тавсияномаҳои методӣ) ҷиҳати иҷрои моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ", бо мақсади муайян намудани сабади истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла:

- дар маҷмӯъ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ (аҳолии қобили меҳнат, нафақагирон, наврасон ва кӯдакон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои ҷинсию синнусолии истеъмоли маҳсулоти озуқа, молхои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ ба онҳо;

- барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шароити ҷуғрофию иқлимӣ, анъаноти миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллии истеъмоли маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ғайриғизоӣ ва хизматрасонӣ ба онҳо таҳия гардидаанд.

2. Тавсияномазои методӣ тартиби ягонаи ҳисоби сабади истеъмолиро барои ҳар як нафар (ба ҳар сари аҳолӣ) ва барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ муқаррар менамояд.

3. Тавсияномаҳои методӣ дар ҳолатҳои зерин истифода карда мешаванд:

- ҳамчун нишондод дар ҳолати муайян намудани афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ ва стандартҳо дар соҳаи пардохти ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулию кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

- ҳангоми баҳогузории сатҳи зиндагӣ барои муайян намудани тадбирҳои сиёсати иҷтимоӣ ва таҳияи барномаҳои иҷтимоии мақсадноки зарурӣ;

- дар ҷараёни таҳия намудани барномаҳои мақсадноки иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ;

- барои муайян намудани стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки давлат кафолат медиҳад;

- барои истифода ҳамчун меъёри (нишондиҳандаи) муайянсозии камбизоатӣ, ки барои таъин намудани кӯмакпулиҳою ҷубронпулиҳо ҳуқуқ медиҳад;

4. Тавсияномаҳои методии мазкур муқаррароти (шартҳои) зеринро пешбинӣ менамояд:

- тартиби муайян намудани маҷмӯи ҳадди ақали ( мувофиқи номгӯй ва миқдор) қонеъкунандаи эҳтиёҷоти физиологии инсон ба маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ҳаётии ӯ зарур мебошад;

- номгӯи тахминии маҷмӯи ҳадди ақали маводи озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ зарур мебошанд, дар маҷмӯъ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Таркиби маҷмӯи маҳсулоти озуқаву молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ бо дарназардошти:

- тавсияҳои илмӣ оид ба ҳаҷми ҳадди ақали истеъмол ва номгӯи мол ва хизматрасонӣ, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ зарур мебошад;

- ҳаҷми воқеии истеъмоли маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ дар оилаҳои камбизоат;

- омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, ки сатҳи даромаднокии аҳолиро муайян месозанд, таркиб ва сохтори ҷинсию синнусолии аҳолӣ, андоза ва сохтори оилаҳо, имкониятҳои молиявии давлат барои таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи минтакавӣ ва маҳаллӣ;

- фарқияти объективӣ дар истеъмоли маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти шароити ҷугрофию иқлимӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ муайян карда мешавад.

6. Ба гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дохил мешаванд:

- аҳолии қобили меҳнат - мардҳо аз 15 то 63 сола, занҳо аз 15 то 58 сола, ба истиснои маъюбони гурӯҳи I ва I I -и ҳамин синну сол, ки кор намекунанд;

- нафақахӯрон - мардҳо аз синни 63, занҳо аз синни 58- солагӣ, инчунин шахсоне, ки ба онҳо нафақаи маъюбӣ ва имтиёзнок мегиранд;

- кӯдакони синну соли аз 0 то 14 сола.

7. Ҳангоми муайян намудани сабади истеъмолии маҳсулоти озуқа, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, ки ба маҷмӯи ҳадди ақал дохил мешаванд, тибқи тавсияномаҳои методии мазкур ба гурӯҳҳо муттаҳид карда мешавад.

2. Ташаккули маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа

8. Принсипҳои асосии ташаккули маҷмӯи ҳадди ақали мақсулоти озуқа, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ заруранд аз инҳо иборат мебошад:

- қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва ғизонокии маҳсулоти озуқа;

- сохтори ташаккулёфтаи ғизо, бо дарназардошти истеъмоли воқеии маҳсулоти озуқа дар оилаҳои камбизоат;

- интихоби маҳсулоти озуқа, ки барои бо хароҷоти кам ташкил кардани ғизои солим имконият медиҳад.

9. Ҳангоми ташаккули маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, таҳияи меъёрҳои озуқа барои гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ "Меъёрҳои эҳтиёҷоти физиологӣ ба мавод ва ғизо барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ" (соли 2010 дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст) ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ истифода бурда мешавад.

10. Таркибҳои кимиёвӣ ва қимати энергетикии маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа бо дарназардошти талафоти он ҳангоми коркарди кулинарӣ ҳисоб карда мешавад.

11. Таркибҳои кимиёвӣ ва энергетикии маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷадвалҳои ба Тавсияномаҳои методии мазкур замимагардида муайян карда мешавад (Замимаи 1).

12. Маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа барои аҳолии қобили меҳнат вобаста ба хусусиятҳои физиологии мардҳо ва занҳо, ки бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нестанд, ташаккул меёбад.

13. Маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа барои нафақагирон бо дарназардошти коҳиши синнусолии талабот ба қимати энергетикии ғизо ташаккул меёбад.

14. Маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа барои кӯдакон бо дарназардошти зарурати таъминоти ғизои солим барои инкишофи бадан 0-6 сола инчунин ва ғизои иловагӣ барои инкишофи фаъолнокии иҷтимоӣ ва ҷисмонии кӯдакон (7-14 сола) ташаккул меёбад.

15. Маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷадвали ба Тавсияномаҳои методии мазкур замимагардида муайян карда мешавад (Замимаҳои 2-4).

3. Ташаккули маҷмӯи молҳои ғайриозуқаворӣ

16. Шартҳои асосии ташаккули маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқаворӣ, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёти солим ва фаъолияти ӯ заруранд, аз инҳо иборат мебошад:

- қонеъ гардонидани талаботи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар воҳиди марзию маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ бо дарназардошти хусусиятҳои табиию иқлимӣ ба молҳои ғайриозуқаворӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ ва ҳифзи организм аз таъсири муҳити зист, инчунин ташкили маишӣ;

- сатҳи ташаккулёфтаи таъмини молҳои ғайриозуқаворӣ дар оилаҳои камбизоат;

- навгардонии ҳадди ақали молҳои озуқаворӣ, ҳадди ақали гуногунсозӣ, нархи фурӯши чаканаи арзонтарин, дастрас будани молҳои ғайриозуқаворӣ, ки истифодаи онҳо ба саломатии инсон бехатар мебошад.

17. Маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқаворӣ аз маводи ғайриозуқавории истифодаи инфиродӣ ва умумӣ ташаккул меёбад.

18. Ба молҳои ғайриозуқавории истифодаи инфиродӣ либос, пойафзол ва лавозимоти мактабии кӯдакон дохил мешавад.

Ҳангоми ташаккули маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқавории истифодаи инфиродӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ, гуногунии шумораи молҳои барои занҳо ва хусусиятҳои ҷисмонии бадани онҳо, зарурати зуд-зуд иваз намудани маҳсулот барои аҳолии қобили меҳнат, инчунин инкишофи фаъоли иҷтимоӣ ва ҷисмонии бадани кӯдакон ба назар гирифта мешавад.

19. Маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқавории истифодаи инфиродӣ, барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷадвалҳои ба Тавсияномҳои методии мазкур замимагардида муайян карда мешавад (Замимаҳои 5-8).

20. Ба молҳои ғайриозуқаворӣ истифодаи умумиоилавӣ ашёи рахти хоб (рӯйкаши кӯрпа, кӯрпа ва болишт), ашёи ниёзи аввалия, санитарӣ ва доруворӣ, молҳои таъиноти фарҳангию маишӣ ва хоҷагӣ дохил мешавад.

21. Маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқаворӣ барои истифодаи умумиоилавӣ ба ҳисоби миёнаи оморӣ ба сари ҳар як оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷадвали ба Тавсияномҳои методии мазкур замимагардида муайян карда мешавад (Замимаи 9).

4. Ташаккулёбии маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ

22. Шартҳои асосии ташаккулёбии маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ, ки барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ӯ заруранд, аз инҳо иборат мебошад:

- қонеъ намудани талаботи истифодабарандагони гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ, ташкили тарзи ҳаёти солим ва истифодабарии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус);

- сатҳи бавуҷудомадаи истифодабарии хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус);

- баҳисобгирии хусусияти пардохтшавандагии хизматрасонӣ.

23. Ба маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ, истифодабарии нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус) ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дохил мешавад.

Ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ инҳо дохил мешаванд: таъмин бо манзили зист, гармидиҳӣ, оби хунуку гарм ва обпарто, гази табиӣ ва қувваи барқ.

24. Дар маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонии таъмини манзил тибқи қонунгузонии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда (меъёри майдони манзил), ба як нафари аъзои оила дар сурати мавҷуд будани 3 аъзои оила ва зиёда аз он ба инобат гирифта мешавад.

Таъмини гармдиҳӣ, оби хунуку гарм ва обпарто, гази табиӣ ва қувваи барқ вобаста ба меъёри соҳавии масрафи об, қувваи барқ ва гази табиӣ барои истифодаи маишӣ ва масрафи қувваи барқе, ки барои гармкунии манзил зарур аст, маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасониро ташкил менамояд.

25. Дар ҳолати ташаккулёбии ҳаҷми хизматрасонии нақлиётӣ чунин ҳолатҳо ба назар гирифта мешавад:

- шумораи зиёди сафарҳои аҳолии қобили меҳнат нисбат ба кӯдакон, нафақагирон ва занҳое, ки бо мақсади хоҷагӣ ва маданию маишӣ сафар намудаанд, нисбат ба мардҳо, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои серодам, аз ҷумла бо дарназардошти истифодабарии якчанд намуди нақлиёт;

- имтиёзҳои пешбинишуда оид ба пардохти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус) барои нафақагирон ва кӯдакон.

26. Намудҳои дигари хизматрасонӣ (хизматрасонии алоқа, таъмири либосу пойафзол, сартарошхона, ҳаммом, ҷомашӯӣ, кинотеатрҳо ва ғайраҳо) ба маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ бо фоиз ба хароҷоти умумии хизматрасонӣ вобаста ба маълумоти таҳқиқотҳои омории гузаронидашуда дохил мешавад.

27. Хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, хадамоти иҷтимоӣ ба маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ дохил намешаванд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали чунин хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз тарафи ташкилотҳое, ки онҳо аз ҳисоби сатҳҳои гуногуни буҷетӣ ва фондҳои иҷтимоии ғайрибуҷетии давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ройгон мебошад.

28. Маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷадвали ба Тавсияномаҳои методии мазкур замимагардида муайян карда мешавад (Замимаи 10).

5. Тартиби муайян намудани ҳадди ақали сабади истеъмолӣ

29. Ҳадди ақали сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ дар асоси маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқаворию молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ муайян карда мешавад.

30. Маҳсулоти озуқаворие, ки дар маҷмӯи ҳадди ақали сабади истеъмолӣ дохил шудаанд, ба 11 гурӯҳ ҷудо мешавад:

- нон, маҳсулоти нонӣ, ярмаҳо ва лӯбиёгиҳо;

- картошка;

- сабзавот ва маҳсулоти полезӣ;

- меваҳои тару тоза;

- қанд ва маҳсулотҳои қаннодӣ;

- гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (аз ҷумла, гӯшти парранда);

- моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ;

- шир ва маҳсулоти ширӣ;

- тухм;

- равғани растанӣ, маргарин ва дигар чарбуҳо;

- дигар маҳсулот.

31. Картошка, меваҳои тару тоза ва тухм ба сабади истеъмолӣ дар ҳаҷми пешбинишудаи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа дохил мешавад.

32. Дар ҳолати ба сабади истеъмолӣ дохил кардани сабзавот ва маҳсулоти полезӣ, маҳсулоти гӯштию моҳигӣ, равғани растанӣ, маргарин, чарбуҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, ҳаҷми истифодаи маҳсулоте, ки ба як гурӯҳ дохил мегардад, ҷамъ карда мешавад.

Намунаи ҳаҷми истеъмоли сабзавот ва маҳсулоти полезӣ барои аҳолии қобили меҳнат, ки ба сабади истеъмолӣ дохил мешавад

Ба маҷмӯи ҳадди ақали маводи ғизоӣ барои аҳолии синну соли қобили меҳнат дохил мешавад:                                                 

                                                     (дар як моҳ)

+---+------------------------------+----------------+----------------ҷ
| № |       Номгӯи сабзавот        |     Мардҳо     |     занҳо      |
|   |                              |(бо ҳисоби кило)|(бо ҳисоби кило)|
+---+------------------------------+----------------+----------------+
|1  | Карам (тару тоза ва намак-   |     2,08       |     1,67       |
|   | кардашуда)                   |                |                |

|2  | Бодиринг ва помидор (тару    |     0,98       |     0,98       |
|   | тоза ва намаккардашуда)      |                |                |

|3  | Лаблабу ва турбу сабзӣ       |     2,92       |     2,92       |

|4  | Дигар сабзавот               |     1,66       |     1,66       |

Дар чунин ҳолат, ҳаҷми истеъмоли сабзавот ва маҳсулоти полезӣ барои мардҳо ва занҳои синнусоли қобили меҳнат дар як моҳ ташкил медиҳад:

- мардҳо 2,08 + 0,98 + 2,92 + 1,66 = 7,64 кило;

- занҳо 1,67 + 0,98 + 2,92+ 1,66 = 7,53 кило.

Ҳаҷми истифодаи сабзавот, ки ба ҳадди ақали истеъмоли сабади истеъмолӣ барои аҳолии синнусоли қобили меҳнат дохил мешаванд, чунин аст:

- 7,64 кило (меъёри сабзавот барои мардҳо дар як моҳ);

- 50,8 фоиз (ҳиссаи мардҳо дар шумораи аҳолии қобили меҳнат аз рӯи синну сол);

- 7,53 кило (меъёри сабзавот барои занҳо дар як моҳ);

- 49,2 фоиз (ҳиссаи занҳо дар шумораи аҳолии қобили меҳнат аз рӯи синну сол);

(7,64 кило х 0,51 фоиз) + (7,53 кило х 0,49 фоиз) = 7,60 кило (ҳисоби миёнаи меъёри маҳсулоти сабзавот дар як моҳ).

33. Ҳангоми ба ҳадди ақали сабади истеъмолӣ дохил намудани маҳсулоти нонӣ, қанд ва маҳсулоти каннодӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеъмолие, ки ба гурӯҳ дохил мешаванд, маҳсулоти хом ҳисоб шуда (дар навбати худ орд, қанд ва шир) бо истифодаи бозҳисоби коэффитсиентҳо баъдан ҷамъ карда мешавад.

34. Маводи ғайриғизоӣ, ки ба маҷмӯи ҳадди ақал дохил шудаанд, ба гурӯҳҳои зерин муттаҳид карда мешавад:

а) Молҳои ғайриозуқаворӣ барои истифодаи инфиродӣ:

- гурӯҳи болопӯш (палто);

- гурӯҳи болопӯш костюм - куртаҳо;

- тагпӯш;

- молҳои нассоҷӣ;

- сарпӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ;

- пойафзол;

- лавозимоти мактабӣ (барои кӯдакон).

б) Молҳои ғайриозуқаворӣ барои истифодаи умумӣ:

- лавозимот барои рахти хоб (кӯрпаву болишт);

- молҳои зарурии аввалиндараҷа, санитарию доруворӣ;

- молҳои таъиноти фарҳангию маишӣ ва хоҷагӣ.

35. Ҳангоми ба ҳадди ақали сабади истеъмолӣ дохил намудани молҳои ғайриозуқаворӣ, шумораи истеъмолкунандагони молҳои инфиродӣ, ки ба гурӯҳ дохил мешаванд, ҷамъ карда мешавад. Намунаи шартии шумораи ашёи берунии гурӯҳи куртаворӣ,ки ба ҳадди ақали сабади истеъмоли барои аҳолии қобили меҳнат дохил мешавад

Ба маҷмӯи ҳадди ақали сабади истеъмолии ғайриозуқа барои мардҳои синнусоли қобили меҳнат дохил мешаванд:

- куртка - 1;

- плаш - 1;

- ҷома - 1;

- шумораи умумӣ - 3 ашё.

Шумораи умумӣ ашёи гурӯҳи болопӯшҳо барои занҳои синнусоли қобили меҳнат низ аз 3 ашё иборат мебошад.

Шумораи умумии ашёи гурӯҳи куртагиҳо, ки ба ҳадди ақали сабади истеъмолӣ барои аҳолии қобили меҳнат бо дарназардошти ҳиссаи мардҳо ва занҳо ба аҳолии қобили меҳнат дохил мешавад, чунин аст:

- (3 х 0,50) + (3 х 0,50) = 3 ашё.

Маҳз бо ҳамин тарз шумораи молҳои истеъмолии ғайриозуқавории инфиродӣ, ки ба сабади истеъмолӣ барои дигар гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ дохил мешаванд, ҳисобӣ карда мешавад.

36. Ҳангоми ба ҳадди ақали сабади истеъмолӣ дохил намудани молҳои истеъмолии ғайриозуқавории умумиоилавӣ, шумораи ашёи ба гурӯҳ дохил шуда, зарб карда мешавад.

Барои ҳисоби шумораи ашё барои як нафар ҳосили ҷамъ ба коэффитсиенти оила тақсим карда мешавад.

Намунаи шартии шумораи ашёи рахти хоб (кӯрпаю болишт), ки ба сабади истеъмолӣ барои аҳолии қобили меҳнат, нафақагирон ва кӯдакон дохил мешавад

Ба маҷмӯи ҳадди ақали молҳои ғайриозуқаворӣ ба як оила (6 нафар) инҳо дохил мешаванд:

- 6 кӯрпаи пахтагӣ;

- 6 кӯрпаи пашмӣ;

- 6 кӯрпача (матрас);

- 6 болишт;

- 12 рӯйпӯши кӯрпа;

-18 болопӯши рахт;

- 18 болиштпӯш;

- 12 сачоқи шахсӣ, 6 сачоқи ҳаммомӣ ва 12 сачоқи ошхонагӣ.

Шумораи умумӣ ба як оила 102 ашё ва ба як нафар 17 ашёро (аз рӯи ҳисоби коэффисиенти оила 102 : 6) ташкил медиҳад.

37. Ба сабади истеъмолии хизматрасонӣ ба ҳамон намуде, ки дар маҷмӯи ҳадди ақал нишон дода шудааст, инҳо дохил мешавад:

- манзили зист;

- гармидиҳӣ;

- таъмини оби хунуку гарм ва обпарто;

- таьмини гази табиӣ;

- қувваи барқ;

- хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ (автобусу троллейбус) ва дигар намудҳои хизматрасонӣ.

38. Дар асоси тавсияномаҳои методӣ ва ҷадвали замимаҳо дар мавриди муайян намудани сабади истеъмолӣ дар минтақаҳо вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ, шароитҳои ҷуғрофию иқлимӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои истеъмолии молҳои озуқаворию ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ муайян карда мешавад.

Намунаи шартии ҳаҷми истеъмоли маҳсулоти нонӣ (дар бозҳисобӣ ба орд), ки ба сабади истеъмолӣ барои нафақагирон дохил карда мешаванд

+---+-----------------------+--------------+-------------------------ҷ
| № |      Номгӯи маҳсулот  | Андоза, кило | Коэффитсиенти бозҳисобӣ |
|   |                       |   дар 1 моҳ  | дар маҳсулоти хом (орд) |
+---+-----------------------+--------------+-------------------------+
| 1 | Лубиё                 |    0,308     |        1                |

| 2 | Орди гандумӣ          |    2,08      |        1                |

| 3 | Биринҷ                |    0,24      |        1                |

| 4 | Дигар намуди донагӣ   |    0,33      |        1                |
|   | (ғайр аз бириҷ)       |              |                         |

| 5 | Нони гандумӣ          |    4,58      |        0,734            |

| 6 | Маҳсулоти хамирӣ      |    0,50      |        0,977            |

Ҳаҷми истеъмоли маҳсулоти нонӣ, ки ба сабади истеъмолии нафақагирон (дар 1 моҳ) дохил мешавад, ба миқдори зайл аст: (0,308 х 1) + (2,08 х 1) + (0,24 х 1) + (0,33 х 1) + (4,58 х 0,73) + (0,50 х 0,97) = 8,02 кило (дар як моҳ).

Маҳз бо ҳамин тарз ҳаҷми истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ, ки ба сабади истеъмолӣ барои дигар гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ дохил мешаванд, ҳисобӣ карда мешавад.

Ниг. ба Замимаҳои 1-10