Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 775 "Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2022 № 76)

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад)(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2022 № 76).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳои тавсияномаҳои методӣ тартиби муайян намудани арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолиро таҳия намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2022 № 76).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 775

 ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012, № 34 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012" аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳои тавсияномаҳои методӣ тартиби муайян намудани арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолиро таҳия намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 775

 ш. Душанбе