Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2012, № 773
тасдиқ шудааст
Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда маҷмӯи маълумотҳоро дар бораи арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолии минтақа ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро дар бар гирифта, низоми муҳофизат ва тартиби истифодабарии онҳоро ба роҳ мемонад.
2. Тартиби мазкур мутобиқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" таҳия гардида, тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян менамояд.
3. Маълумотҳое, ки дар Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нигоҳ дошта мешавад, барои қабули қарорҳои идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зист асос мебошад ва ҳангоми таҳияи нақшаҳои дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, нақшаи заминсозӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию шаҳрсозӣ, гузаронидани экспертизаи экологии давлатӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо бояд истифода шавад.
4. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси маълумотҳои доимӣ пешниҳодшаванда аз сохторҳои зертобеи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти илмӣ бо мақсади таҳияи нақшаи дурнамои идоракунӣ, барномаҳои рушди соҳа, ташаккули шабакаи экологӣ, банақшагирии истифодабарии оқилонаи заминҳо ва ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда бо дарназардошти нигоҳдорӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтҳои табиии нодир пеш бурда мешавад.
5. Мақомот ва шахсони мансабдоре, ки Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро амалӣ мегардонанд, вазифадоранд, ки дурустии маълумотҳои ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда ва ба шахсони ҳуқуқии манфиатдор дастрас намудани ин маълумотҳоро таъмии намоянд.
2. Мақсад ва тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии маҳсус муҳофизатшаванда
6. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ҷорӣ карда мешавад:
- арзёбии ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои дар онҳо баамалоянда;
- баланд бардоштани самарабахшии идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷиқистон тавассути амалисозии чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии онҳо равона карда шудааст;
- назорати давлатии истифодабарии ин ҳудудҳо ва риояи низоми муқарраргардидаи муҳофизати махсус дар онҳо.
7. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз таъсис додани китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ ва парвандаҳои кадастрии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда иборат мебошад.
8. Дар китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ маълумотҳо оид ба ҳама ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшананда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, бо нишон додани маълумотҳо оид ба мақом, гурӯҳ, намуди низоми муҳофизат ва самтҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷамъ оварда мешавад.
9. Ва ҳар як ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, ки ба китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад, рақами кадастрӣ дода мешавад. Айнан ҳамин рақами кадастрӣ дар парвандаи кадастрии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дарҷ мешавад.
10. Парвандаи кадастрӣ барои ҳар як ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда алоҳида тартиб дода мешавад, ки ба он маълумотҳои зерин ворид карда мешаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қарори раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия дар бораи ташкил намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;
- шиносномаи ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба расмият дароварда шудааст;
- асосноккунии техникию иқтисодӣ ва илмию табиӣ оид ба ташкил ё васеъ намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;
- хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва илмию табиӣ оид ба ташкил ё васеъ намудани масоҳати ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;
- маълумотҳо дар бораи дарҷ намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда дар кадастрҳои захираҳои табиии давлатӣ (замин, об, ҷангал, олами ҳайвонот, конҳо ва иншоотҳои канданиҳои фоиданок), ки бо дархости мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад;
- рӯйхати иншоотҳои давлатии фонди мамнӯъгоҳ, ки дар ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир аст.
11. Маълумотҳое, ки дар Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гирд оварда шудаанд, дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нигоҳ дошта мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида ба ташкилотҳои манфиатдор пешниҳод карда мешавад.
12. Маълумоти Кадартри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чӣ дар шакли чопӣ ва чӣ дар шакли электронӣ бо истифодаи системаи электронии ҷамъоварӣ, коркардкунӣ ва нигоҳдорӣ пеш бурда мешавад.
13. Коркард ва тартиби ворид намудани маълумотҳо ба Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз он ҷумла барасмиятдарории парвандаҳои кадастриро тибқи тартиби муқарраргардида мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба роҳ мемонад.
14. Доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ, ки дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар давраи ҳисоботи амалӣ мешавад ва лоиҳаҳое, ки дар давраи таҳияи Кадастри давлатӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият доранд, маълумотҳо оварда мешавад.
15. Сохторҳои зертобеи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳар сол то 20 январи соли ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳоро барои ворид намудан ба Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар шакли электронӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамоянд.
3. Муқаррароти хотимавӣ
16. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар доираи маблағҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
17. Бо дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дастрас намудани маълумотҳои Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда оид ба худудҳои дархостшаванда бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.