Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 773

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 773

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 773

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда маҷмӯи маълумотҳоро дар бораи арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолии минтақа ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро дар бар гирифта, низоми муҳофизат ва тартиби истифодабарии онҳоро ба роҳ мемонад.

2. Тартиби мазкур мутобиқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" таҳия гардида, тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян менамояд.

3. Маълумотҳое, ки дар Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нигоҳ дошта мешавад, барои қабули қарорҳои идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зист асос мебошад ва ҳангоми таҳияи нақшаҳои дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, нақшаи заминсозӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию шаҳрсозӣ, гузаронидани экспертизаи экологии давлатӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо бояд истифода шавад.

4. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси маълумотҳои доимӣ пешниҳодшаванда аз сохторҳои зертобеи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти илмӣ бо мақсади таҳияи нақшаи дурнамои идоракунӣ, барномаҳои рушди соҳа, ташаккули шабакаи экологӣ, банақшагирии истифодабарии оқилонаи заминҳо ва ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда бо дарназардошти нигоҳдорӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтҳои табиии нодир пеш бурда мешавад.

5. Мақомот ва шахсони мансабдоре, ки Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро амалӣ мегардонанд, вазифадоранд, ки дурустии маълумотҳои ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда ва ба шахсони ҳуқуқии манфиатдор дастрас намудани ин маълумотҳоро таъмии намоянд.

2. Мақсад ва тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии маҳсус муҳофизатшаванда

6. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ҷорӣ карда мешавад:

- арзёбии ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои дар онҳо баамалоянда;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Pecпублики Таджикистан

от 29 декабря 2012 года, № 773

Утвержден

постановлением Правительства

Pecпублики Таджикистан

от 29 декабря 2012 года, № 773

Порядок ведения Государественного кадастра особо охраняемых природных территорий в Республике Таджикистан

1. Общие положения

1. Государственный кадастр особо охраняемых природных территорий содержит систему сведений об оценке состояния природного фонда, определения перспектив развития и обеспечения их охраны, проведения научных исследований, государственного контроля сохранения генофонда и соблюдения соответствующего режима, а также учета этих территорий при планировании социально-экономического развития и размещения производительных, сил в регионе и других ценностях особо охраняемых природных территорий и налаживает режим охраны и порядок его использования.

2. Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьей 10 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" и определяет порядок ведения Государственного кадастра особо охраняемых природных территорий.

3. Сведения, содержащиеся и Государственном кадастре особо охраняемых природных территорий, служа) основанием для принятия управленческих, хозяйственных решений и иных нормативных правовых актов, в области природопользования и охраны окружающей среды и подлежат обязательному использованию при разработке планов экономической) и социального развития Республики Таджикистан. ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов и районов, схем землеустройства, градостроительной и проектной документации. проведении государственной экологической экспертизы и решении других вопросов.

4. Государственный кадастр особо охраняемых природных территорий ведется государственным уполномоченным притом в области особо охраняемых природных территорий па основании сведений, постоянно представляемых структурными подразделениями из областей, городов и районов, местными исполнительнымн органами государственной власти, научными органами с целью разработки перспективного плана управления, программ развития отрасли, формирования экологической сети и планирования рационального использования земель и размещения производительных сил peгионов с учетом сохранения и защиты биологического разнообразия уникальных природных ландшафтов.

5. Органы и должностные лица, осуществляющие веление Государственной) кадастра особо охраняемых природных территорий. обязаны обеспечить достоверност ь сведений, включаемых в кадастровую документацию, а также представление этих сведений заинтересованным юридическим лицам.

2. Цель и порядок ведения Государственного кадастра особо охраняемых природных территорий

6. Государственный кадастр особо охраняемых природных территории и Республике Таджикистан проводится в целях-;

- оценки состояния особо охраняемых природных территорий и происходящих в них изменений;

...