Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 912 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои "ва динӣ" ба калимаҳои ", инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба моддаи 4 қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"10. Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

3. Дар моддаи 6:

- ба номи модда пас аз калимаҳои "Боҷи давлатӣ" калимаҳои "ва пардохт" илова карда шаванд;

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2. Барои нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоби мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт карда мешавад.".

4. Дар моддаи 11:

- ба қисми 1 банди 9) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"9) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда.";

- дар банди 8) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- дар қисмҳои 5 ва 6 рақами "5)" ба рақами "6)" иваз карда шавад.

5. Дар қисми 3 моддаи 25 калима ва рақами "банди 1)" ба калимаҳо ва рақамҳои "бандҳои 1), 3), 5), 6) ва 7)" ва калимаҳои "соҳибкории худ" ба калимаи "соҳибкорӣ" иваз карда шаванд.

6. Ба банди 4) қисми 4 моддаи 27 пас аз калимаҳои "мӯҳрҳо (тамғаҳо)" калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз - санади санҷиши хотимавӣ" илова карда шаванд.

7. Дар қисми 1 моддаи 34:

- ба банди 1) пас аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 7) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7) Агар андозсупоранда ва (ё) шахси масъули андозсупоранда ҳамчун муассис ва (ё) роҳбари дигар шахси ҳуқуқие бошад, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст.";

- дар банди 6) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

28 декабри соли 2012, № 912

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлисл Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Ш.Зуҳуров

 ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2012, № 988

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқукӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012 №443

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАНА

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ ЮРИДИЧЕСКИХ ЛИЦ И ИНДИВИДУАЛЬНЫХ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЕЙ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №5, ст.316; 2010 г., №12, ч.1, ст.828) следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 1 слова "общественных и" заменить словами "общественных объединений, а также общественных (некоммерческих и негосударственных) организаций иностранных государств, учётная регистрация их филиалов, представительств и".

2. Статью 4 дополнить частью 10 следующего содержания:

"10. Правила проведения государственной регистрации юридических лиц, индивидуальных предпринимателей, филиалов и представительств иностранных юридических лиц определяются Правительством Республики Таджикистан.".

3. В статье 6:

- название статьи после слов "Государственная пошлина" дополнить словами "и плата";

- текст статьи считать частью 1 и статью дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Для содержания Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей и предоставления выписки из настоящего Реестра или выдачи справки об отсутствии сведений в отношении каждого субъекта - в размере двух показателей для расчетов осуществляется денежная выплата в счёт органа, осуществляющего государственную регистрацию.".

4. В статье 11:

- часть 1 дополнить пунктом 9) следующего содержания:

"9) копия документа, подтверждающего местонахождение (адрес) создаваемого юридического лица.";

- в пункте 8) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- в частях 5 и 6 цифру "5)" заменить цифрой "6)".

5. В части 3 статьи 25 слово и цифру "пунктом 1)" заменить словами и цифрами "пунктами 1), 3), 5), 6) и 7)" и слова "своей предпринимательской" заменить словом "предпринимательской".

6. Пункт 4) части 4 статьи 27 после слов "банковских счетов" дополнить словами ", а также в случаях, предусмотренных налоговым законодательством - акт конечной проверки".

7. В части 1 статьи 34:

- пункт 1 после слов "настоящим Законом" дополнить словами "и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан";

- дополнить пунктом 7) следующего содержания:

"7) Если налогоплательщик и (или) ответственное лицо налогоплательщика является учредителем и (или) руководителем другого юридического лица, которое находится в списке безответственных налогоплательщиков.";

- в пункте 6) знак точки заменить знаком точки с запятой ";".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 декабря 2012 года, № 912

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    Ш.Зухуров

г. Душанбе, 28 ноября 2012 года, № 988

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                         М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 13 декабря 2012 года, №443