Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2012, № 766
тасдиқ шудааст
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999
Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999 (минбаъд - Созишнома), ки минбаъд Ҷонибҳо номида мешаванд,
бо мақсади аниқ намудани муқаррароти Созишнома
ба мувофиқаи зерин омаданд:
Моддаи 1
Ба Созишнома тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Дар банди 1 моддаи 4 калимаҳои "Кумитаи байнидавлатӣ оид ба рушди илмию технологӣ (минбаъд - КБ РИТ)" ба калимаҳои "Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ (минбаъд - ШБ ИТИ)" ва калимаҳои "Кумитаи байнидавлатии иқтисодии Шӯрои иқтисодӣ (минбаъд - КБИ ШИ)" ба калимаҳои "Шӯрои иқтисодии ИДМ" иваз карда шаванд.
2. Дар банди 2 моддаи 4 аббревиатураи "КБИ" ба калимаи "Шӯрои иқтисодии ИДМ" иваз карда шавад.
3. Дар банди 3 моддаи 4 аббревиатураи "КБ РИТ" ба аббревиатураи "ШБ ИТИ" иваз карда шавад.
4. Аз моддаи 9 калимаҳои "ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 11 Созишнома эътибор пайдо мекунад" хориҷ карда шавад.
Моддаи 2
Протоколи мазкур пас аз 30 рӯзи санаи аз ҷониби маҳфуздоранда қабул намудани огоҳномаи сеюм дар хусуси аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Барои Тарафҳое, ки расмиёти дохилидавлатиро дертар иҷро намудаанд, Протоколи мазкур пас аз 30 рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда қабул намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ эътибор пайдо мекунад.
Дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 дар як нусхаи асл ба забони русӣ ба имзо расидааст. Нусхаи аслӣ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳфуз буда, он ба ҳар кишвари Протоколи мазкурро имзонамуда нусхаи тасдиқшудаи онро ирсол менамояд.
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Озарбойҷон
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Арманистон
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Беларус
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Молдова |
Аз тарафи Ҳукумати
Федератсияи Россия
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз тарафи Ҳукумати
Туркманистон
Аз тарафи Ҳукумати
Ҷумҳурии ӯзбекистон
Аз тарафи
Ҳукумати Украина |
Тавзеҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999
Ҷумҳурии Озарбойҷон аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ ба шумор намеравад.
Муовини аввали Сарвазири
Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов
Изҳороти Ҷумҳурии Арманистон
нисбат ба банди 4 моддаи 1 лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999
Ҷумҳурии Арманистон ба чунин мавқеъ омадаст, ки Протоколҳои минбаъда бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои ИДМ аз 13 январи соли 1999 барои Ҷумҳурии Арманистон танҳо пас аз иҷро намудани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардани онҳо тибқи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Арманистон эътибор пайдо хоҳанд кард.
Сарвазири
Ҷумҳурии Арманистон Тигран Саркисян