Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 766 "Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба созмондиҳии низоми абонементи байникитобхонавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 январи соли 1999, ки дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷиқистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Протоколи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 766

ш. Душанбе