ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 308; с. 2005, №12, мод. 637) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
3. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "муомилаи", "муомилоти", "МУОМИЛАИ" ва "МУОМИЛОТИ" мувофиқан ба калимаҳои "гардиши", "ГАРДИШИ" иваз карда шаванд.
4. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.
5. Дар моддаи 1:
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- гардиши ҳуҷҷати электронӣ - системаи тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ бо истифодаи воситаҳои электронии коммуникатсияи омма;";
- дар сархати ҳаштум калимаи "субъекти" ба калимаҳои "субъекте, ки" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "иттилоотӣ" калимаи "мебошад" илова карда шавад.
6. Дар моддаи 4:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...