Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 919 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1, мод.305; с.2010, №1, мод.14) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Номи моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ".

3. Дар номи моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 9 калимаи "оиди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад.

4. Дар қисми 1 моддаи 5:

- дар сархати чорум калимаҳои "ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои панҷум ва шашум калимаи "оиди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаи "волидайн" ба калимаҳои "падару модар" иваз карда шавад;

- дар сархати чордаҳум калимаҳои "ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ" ба калимаҳои ", шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 6:

- дар сархати якуми қисми 2 калимаи "оиди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад;

- дар қисмҳои 4 ва 7 калимаи "меъёрию" ба калимаи "меъёрии" иваз карда шавад;

- дар қисмҳои 6 ва 13 калимаҳои "яке аз волидайн" ва "волидайн" ба калимаҳои "падар ё модар" ва "падар ва модар" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 7, сархати якуми қисми 2 моддаи 10, сархати ҳафтуми қисми 1 ва сархати якуми қисми 2 моддаи 12 калимаи "меъёрию" ба калимаи "меъёрии" иваз карда шавад.

7. Дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 12 калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

28 декабри соли 2012, № 919

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. Зуҳуров

ш.Душанбе, 10 октябри соли 2012, № 937

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 431