Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 911 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с. 2005, №3, мод.120; с. 2006, №7, мод.343; с. 2007, №6, мод.433; с. 2008, №1,қ.2, мод. 14; №6, мод. 457; №10, мод. 816; с. 2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 821) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд;".

2. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи "фармони" ба калимаҳои "санади дахлдори" иваз карда шавад.

3. Моддаи 10(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 10(1).Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:

- мӯҳлати амали иҷозатнома;

- шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;

- муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;

- ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;

- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

3. Рад карда шудани дархости довталаби иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо санади дахлдори мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад.".

4. Дар моддаи 14:

- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Мақоми иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома, инчунин оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ба фаъолият шурӯъ накардани иҷозатномадор ва аз ҷониби иҷозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ бекор кунад.".

- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Қарори боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи муқаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.";

- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.

5. Ба моддаи 14(1) баъд аз калимаҳои "ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома" калимаҳои ", қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ" илова карда шаванд.

6. Дар моддаи 17:

- ба сархати ҳаждаҳум баъд аз калимаҳои "таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда" калимаҳои "(ба истиснои сохтмони манзили шахсӣ барои эҳтиёҷоти шахсии худ)" илова карда шаванд;

- сархати сию якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

28 декабри соли 2012, № 911

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, № 928

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 440

ЗАКОН

РЕПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИЦЕНЗИРОВАНИИ ОТДЕЛЬНЫХ ВИДОВ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О лицензировании отдельных видов деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст.348;2005 г., №3, ст.120; 2006 г., №7, ст.343; 2007 г., №6, ст.433; 2008 г., №1, ч. 2, ст. 14; №6, ст.457; №10, ст.816; 2009 г., №3, ст.78; №5, ст.326; №9-10, ст. 544; 2010 г.,№12, ч.1, ст.821) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 5 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- в случаях, предусмотренных настоящим Законом, приостанавливать и аннулировить действие лицензии на деятельность по использованию недр;".

2. В части 1 статьи 10 слово "приказом" заменить словами "соответствующим актом".

3. Дополнить статьёй 10 (1) следующего содержания:

"Статья 10 (1). Решение о предоставлении или об отказе в предоставлении лицензии со стороны Правительства Республики Таджикистан

1. Решение о предоставлении лицензии на деятельность, которая предоставляется Правительством Республики Таджикистан в качестве органа, выдающего лицензии согласно положениям настоящего Закона и Положению об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, оформляется распоряжением Правительства Республики Таджикистан.

2. В распоряжении Правительства Республики Таджикистан о предоставлении лицензии отражается:

- срок действия лицензии;

- условия и требования лицензирования;

- срок представления лицензии для подписания;

- определение уполномоченного должностного лица для подписания лицензии от имени Правительства Республики Таджикистан;

- обязательство по подписанию инвестиционного соглашения с уполномоченным органом;

- иные случаи, предусмотренные нормативными правовыми актами.

3. Отклонение заявки лицензии претендента на деятельность по использованию недр Правительством Республики Таджикистан согласно положениям настоящего Закона и Положению об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности оформляется соответствующим актом исполнительного лицензирующего органа".

4. В статье 14:

- часть 4 изложить в следующей редакции:

"4. Лицензирующий орган может аннулировать лицензию в случае неуплаты лицензиатом в течение пятнадцати дней лицензионного сбора за предоставление лицензии, а также по использованию недр в случаях, если лицензиат в установленные сроки не приступил к деятельности и не подписал инвестиционное соглашение с уполномоченным государственным органом.".

- дополнить частью 6 следующего содержания:

"6. Решение о приостановлении или аннулировании лицензии на деятельность по использованию недр в соответствии с положениями настоящей статьи и Положением об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности принимается Правительством Республики Таджикистан.";

- части 6 и 7 соответственно, считать частями 7 и 8.

5. Статью 14 (1) после слов "истечении срока действия лицензии" дополнить словами ", принятия решения Правительством Республики Таджикистан об аннулировании лицензии на деятельность по использованию недр".

6. В статье 17:

- абзац восемнадцатый после слов "ремонту и восстановлению действующих объектов" дополнить словами "(за исключением строительства индивидуального жилья для личных потребностей)";

- дополнить абзацем тридцать первым следующего содержания:

"- деятельность по обращению с радиоактивными отходами;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 28 декабря 2012 года, № 911

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     Ш.Зухуров

г. Душанбе,1 октября 2012 года, №928

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     М.Убайдуллоев

г.Душанбе, от 13 декабря 2012 года, № 440