ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- нафақаи заминавӣ - нишондиҳанда барои ҳисоби нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд;";
- дар сархати шашум калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "саҳмияи суғуртавиро супоридааст" ба калимаҳои "саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааст" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаи "саҳмияҳои" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаҳои "медиҳанд ва бо суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ" ба калимаҳои "дода, бо суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
- аз қисми 2 калимаи "заминавӣ," хориҷ карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, дар матни он калимаҳои "нафақа буда," ба калимаҳои "нафақа, ки" иваз ва калимаи "давлатии" хориҷ карда шавад;
- қисми 5 қисми 4 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...