Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ"
Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ" таъсис дода шавад.
2. Молу мулки Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии "Захираҳои меҳнатӣ" тибқи қарори Конфронси 8 ҷумҳуриявии он аз 22 июли соли 2012 ба моликияти ҷумҳуриявӣ қабул намуда, ба тавозуни Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ" гузаронида шавад.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ" дар доираи маблағҳо ва воҳидҳои кории барои Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии "Захираҳои меҳнатӣ" пешбинишуда амалӣ карда шавад.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ" - ро ҳал намояд.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
6. Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст калимаҳои "Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии "Захираҳои меҳнатӣ" хориҷ карда шуда, сархати нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 декабри соли 2012, № 716
ш. Душанбе