Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита"

Санаи амалкуни: 03.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64, аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64, аз 03.12.2012 № 713)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаҳои замимашудаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ва ҳайати Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713).

2. Шумораи кормандони штатии Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 4-воҳид ва музди меҳнати онҳо мутобиқи музди меҳнати кормандони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни татбиқи дигар шартҳои музди меҳнат муқаррар карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64, аз 03.12.2012 № 713).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷотҳои Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатри мустақили Буҷети давлатӣ пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

4.Ангора (эскиз)-и нави диплом ва нишони сарисинагии лауреатҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдаки дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

5. Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 6 июли соли 1990, рақами 153 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумита ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита", банди 2 қарори Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1992, № 227 "Дар бораи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ", қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1993, № 436 "Дар бораи баланд бардоштани андозаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаҳои замимашудаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ва ҳайати Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

2. Шумораи кормандони Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ба миқдори 4 воҳид бо фонди ҳармоҳаи пардохти музди меҳнатӣ 4320 рубл муқаррар карда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории буҷетии Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи лозима ҷудо намояд.

4. Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 6 июли соли 1990, рақами 153 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумита ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита", банди 2 қарори Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1992, № 227 "Дар бораи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ", қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1993, № 436 "Дар бораи баланд бардоштани андозаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 16 июли соли 1996, № 311

ш. Душанбе