Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2012,
№ 697 тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ
1. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо замимаи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мутахассисони ваколатдори мақомоти экспертии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигари ба нақшагирифташуда ба шумор мераванд.
3. Ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дохил мешаванд:
- лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ, махсус ва ҷузъӣ, лоиҳаҳои меъмории иморатсозии маҳал;
- асосноккунии маблағгузориҳо дар сохтмон, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (меъморӣ, лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо) барои сохтмон, таҷдид, васеъкунӣ, азнавсозии техникӣ, такмил, тағйирдиҳии самти истеҳсолот, барҳамдиҳии объект ва маҷмааҳо новобаста аз шакли моликият ва идоравӣ;
- лоиҳаҳои нақшаи комплексии ҳудудии истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- лоиҳаҳои ҳудудҳои ҳифзи об ва хати наздисоҳилии объектҳои обӣ.
4. Ба дигар ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд:
- лоиҳаҳои консепсия, пешгӯӣ, барнома ва нақшаи рушди соҳавӣ, ки татбиқи онҳо ба истифодаи сарватҳои табиӣ вобаста аст ва ё метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;
- лоиҳаҳои пешбурди хоҷагиҳои шикорӣ;
- лоиҳаҳои бунёди ҷангалзор;
- лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии техникию меъёрӣ, ки дар онҳо талабот дар бахши ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба маҳсулот, раванди коркард, истеҳсолот, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, амалисозии безараргардонии онҳо ва ё хизматрасонӣ муқаррар карда шудааст;
5. Объекти экспертизаи давлатии экологӣ метавонад дигар лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳое бошанд, ки татбиқи онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонанд,.
6. Ҳангоми дохилшавии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бо замимаи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти лоиҳаи кории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дар муддати то 5 рӯз бақайдгирии он дар сохтори экспертӣ амалӣ карда шуда, таркиби ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ки бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти экспертизаи давлатии экологӣ мувофиқат кунанд, омӯхта мешавад.
7. Дар ҳолати дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани маводи экспертизашаванда ин ҳуҷҷатҳо дар муддати 5 рӯзи баъди бақайдгирӣ ба ташкилоти лоиҳакашӣ ё фармоишгар барои пурра намудан баргардонида мешаванд.
8. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз рӯи дараҷаи мураккабии ҳуҷҷати пешниҳодгардида то 30 рӯзро ташкил медиҳад. Дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда ва ё таъсири байнисарҳадӣ доштани он мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ то 90 рӯз тамдид карда мешавад.
9. Барои гузаронидани экспертизаи объектҳо ва намудҳои фаъолияти дараҷаи таъсиррасониашон баланд ва ё таъсири байнисарҳадӣ дошта аз ҷониби мақомоти экспертии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони Экспертизаи давлатии экологӣ, мутахассисони шӯъбаҳои дахлдори Кумита, олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор комиссияи экспертӣ таъсис дода мешавад.
10. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баҳо дода мешавад:
- мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо ба барнома, нақша, тарҳи комплексии ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, тарҳи ҷойгиронии самараноки худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тарҳи рушди соҳавӣ, тарҳи гармитаъминкунӣ, обтаъминкунӣ ва шабакаи корезӣ, лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми мавҷуд будани онҳо, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд;
- асосноккунӣ ва аз назари экологӣ бехатар будани татбиқи фаъолияти пешбинишуда, ҳамчунин тарзи татбиқи онҳо, чорабиниҳои пешниҳодшудаи техникӣ, муҳандисӣ ва меъморию нақшавӣ, ки истифодаи самараноки мавод, ашёи хом, захираҳои замин ва сӯзишворию энергетикиро ба назар мегирад;
- пурагии омилҳои ошкоргардида оид ба таъсир ба компонентҳои муҳити зист ва дараҷаи аз назари экологӣ хатарноки онҳо, миқёси комплексии таъсири эҳтимолии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо ба муҳити зист;
- кифоя будани чорабиниҳои пешбинишуда барои таъмини талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист, огоҳкунӣ аз эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва рафъи оқибатҳои он;
- дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист мавҷудияти розигии мақомоти салоҳиятдори ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои вилоятии он тибқи салоҳияташон оид ба объектҳое, ки дар сарҳади ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир карда мешаванд;
- мавҷудияти чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ ҳангоми татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳои ба нақшагирифташуда дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
- дараҷаи хатарнокии экологии партовҳои истеҳсолии ҳосилшаванда ва мавҷудияти чорабиниҳо оид ба безараргардонии онҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
- ба инобат гирифтани афкори ҷомеа оид ба татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, аз ҷумла лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва ё лоиҳаҳое, ки таҷдид (зичгардонӣ)-и маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои хатарноки истеҳсолӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд, ки қонунгузорӣ баҳисобгирии афкори ҷомеаро талаб менамояд;
- мутобиқати андозаи хати муҳофизатию санитарӣ ба талаботи муқарраргардида ва дар ҳолати кам кардани он тибқи талаботи қонунгузорӣ мавҷуд будани асосноккунӣ ва розигии (хулосаи) мақомоти назорати санитарӣ;
- мавҷуд будани маълумот оид ба натиҷаи арзёбии дараҷаи ифлосшавии хок, обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ аз маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба бартарафкунии ин ифлосиҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба таҷдид ва (ё) барҳам додани объектҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ (аз ҷумла ҳама намудҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ);
- мутобиқати қарори лоиҳавӣ ба регламенти шаҳрсозӣ барои ҳудуди интихобшуда (зичии иморатҳо, кабудизоркунӣ, аз ҷумла мавҷудияти боғхои сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, зиччии фонди аҳолӣ, таъминоти объектҳо ба ҷои нигоҳдории автомобилҳо);
- асосноккунии дар лоиҳа воридкунии объектҳои алоҳида (таваққуфгоҳ барои нигоҳдории техникаҳо, дегхонаи буғӣ, анборҳо, биноҳои маъмурӣ-маишӣ ва дигар биноҳо), ҳамчунин асоснокии андозаи бино ва иншоотҳои ёрирасони ба таркиби лоиҳа варидшаванда, оид ба объектҳои таъиноти ҳифзи муҳити зист, ки маблағгузориашон аз фонди ҳифзи табиат (партовгоҳҳои партовҳои маишӣ ва (ё) партовҳои истеҳсолӣ, иншооти обтозакунии шаҳрӣ, иншооти обгирӣ ва ғайраҳо) амалӣ карда мешавад;
- мутобиқати объект ба истифодаи мақсадноки замин, мавҷудияти онҳо дар номгӯи объектҳои барои дар минтақаи функсионалии баррасишаванда ҷойгиршаванда тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла санадҳои техникии меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, барои шаҳри Душанбе тибқи регламенти нақшаи генералӣ;
- мавҷудияти объектҳо барои ҷойгиронии муваққатии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;
- мавҷудияти системаи корезии боришот бо иншооти тозакунӣ барои объектҳои истеҳсолӣ;
- истифодаи об аз манбаъҳои объектҳои обии рӯизаминӣ, обҳои боришотӣ ва оби барф;
- мавҷудияти чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об (истифодаи системаи баргардандаи обтаъминкунӣ);
- мавҷудияти система ва иншооти обтозакунии босамари корезӣ, хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ;
- ҷой надоштани равонакунии обҳои партов бо истифода аз релефи маҳал;
- дар лоиҳа мавҷуд будани чорабиниҳое, ки пешгирии таъсири номатлубро ба объектҳои олами ҳайвонот ва (ё) муҳити зисти онҳо таъмин менамояд (сохтмони иншоот барои гузаштани ҳайвоноти ваҳшӣ ба воситаи шабакаи нақлиётӣ, дарғот ва дигар монеъаҳо дар роҳи муҳоҷирати онҳо, зоопарваришгоҳҳо ва дигар объектҳо барои парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайраҳо);
- мавҷудияти чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера;
- мавҷудияти чорабиниҳое, ки тибқи тавсияҳои асосноккунии гидроэкологии ҷойгиронии объект иҷро гардидааст;
- мавҷудияти чорабиниҳо оид ба муомилот бо партовҳое, ки такроран истифода мешаванд.
11. Аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мутахассиси масъули салоҳиятдор лоиҳаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад, бо назардошти:
- хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ (дар сурати мавҷуд будани он);
- маводи мувофиқашудаи ҳисоботи тарафи фарогир оид ба арзёбии объектҳое, ки метавонанд таъсири байнисарҳадӣ ба муҳити зист дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чунин арзёбӣ талаб карда мешавад;
- пешниҳодҳои хаттии омода намудаи экспертҳои ғайриштатӣ (барои объектҳои дараҷаи таъсирашон баланд ва таъсири байнисарҳадӣ дошта).
12. Мундариҷаи хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ инҳоро бояд дарбар гирад:
- оид ба мувофиқати фаъолияти пешбинишуда ба талаботи экологӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудаанд;
- оид ба имконпазирии таъсири пешбинишуда ба муҳити зист;
- оид ба имконпазирии татбиқи объекти экспертиза.
13. Хулосаи манфии экспертизаи давлатии экологӣ метавонад ду намуди натиҷа дошта бошад:
- оид ба зарурияти такмили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз рӯи мулоҳиза ва пешниҳодҳое, ки дар хулосаи экспертизаи экологӣ қайд гардидаанд;
- оид ба имконнопазирии татбиқи объекти экспертиза бо назардошти таъмин нашудани талаботи бехатарии экологии фаъолияти ба нақшагирифташаванда.
14. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизаҳои махсуси эксперти экспертизаи давлатии экологӣ замима карда мешавад (дар сурати мавҷуд будани мулоҳизаҳои махсус).
15. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳангоми баргардонидани маводи экспертизашаванда тибқи банди 7 боби 1 Тартиби мазкур ҳамаи аъзоёни комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ тасдиқ менамояд.
16. Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран ва ё иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми маблағи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши низоми иҷозатдиҳӣ муайян менамояд.
17. Додани хулосаи экспертизаи экологӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"амалӣ карда мешавад.
18. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фиристода мешавад.
19. Фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ӯҳдадор аст, ки нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳали татбиқи лоиҳа дастрас намояд.
2. Талабот ба таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва тартиби пешниҳоди онҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ
20. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ дар намуди қоғазӣ ва электронӣ (аз рӯи мавҷудияти имконияти техникӣ) пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда дар экспертизаи давлатии экологӣ нигоҳ дошта мешаванд.
21. Шартҳои техникӣ ва экологӣ оид ба лоиҳакашӣ бояд тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар бахши сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба расмият дароварда шавад. Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ барои лоиҳакашӣ тибқи мӯҳлатҳои меъёрии барои лоиҳакашӣ муқарраршуда муайян карда мешавад. Мӯҳлати амали шартҳои экологӣ барои лоиҳакашӣ аз ду сол зиёд нест.
22. Шартҳои техникӣ ва экологӣ барои лоиҳакашӣ, ки мӯҳлати амалашон ба охир расидааст, ба экспертизаи давлатии экологӣ қабул карда намешаванд.