Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 628 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо" таъсис дода шавад.

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"-ро таҳия ва тасдиқ намуда, маблағгузории онро аз соли 2013 дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ намояд.

3. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2012, № 628

ш. Душанбе