Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 606 "Дар бораи Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2017"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2017

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи муқаррароти асосии "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2012, № 605

ш. Душанбе