Низомномаи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2012, № 565

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 октябри соли 2012,

№565 тасдиқ шудааст

Низомномаи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Фонд) ин маҷмӯи захираҳо ва воситаҳо (моддӣ ва ғайримоддӣ), аз ҷумла молиявӣ, пулӣ, ки ҷиҳати амалигардонии чорабиниҳои оид ба ташкил, фаъолият ва рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд ва истифода мегарданд, мебошад.

2. Фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташкил карда мешавад:

- ҳамаи даромадҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳо ба субъектҳо ва барои фаъолияти онҳо, тибқи Номгӯи хизматрасониҳое, ки дар Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ гардидаанд, ба истиснои маблағҳои мақсадноки ҷудогардида ҷиҳати рушд ва таъмини фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- коғазҳои қиматнок, воситаҳои пулӣ ва дигар воситаҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, грантҳо ва дигар намуд маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, созмонҳои молиявӣ ва иқтисодии байналмилалӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳои хориҷӣ воридшаванда;

- дигар захираҳо ва воситаҳо (моддӣ ва ғайримоддӣ), инчунин воридот, даромадҳо ва манбаъҳои маблағгузорие, ки тибқи қонунгузорӣ манъ карда нашудаанд;

- воситаҳои ғайра, аз ҷумла, маблағҳои мақсадноки ҷудогардида, грантҳо ва дигар сармоягузориҳо.

3. Воситаҳои пулии Фонд барои маблағгузории корҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- ташкил ва таъмин намудани фаъолияти инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодии ташкилёбанда ва амалкунанда;

- корҳои баҳодиҳии таъсири объектҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгиршаванда ва ҷойгиршуда ба муҳити зист, гузаронидани озмоишҳои экологӣ ва корҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;

- амалисозии барномаҳои иқтисодӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- пешниҳоди грантҳо, субсидияҳо, инчунин қарзҳо ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- дигар чорабиниҳое, ки аз тарафи Шӯрои Фонд муайян мешаванд ва барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва чорабиниҳои ташкилии минтақаҳои озоди иқтисодии ташкилёбанда ва амалкунанда равона мегарданд.

4. Маблағҳои дар соли ҳисоботи истифоданашудаи Фонд барои ташаккули Фонд дар соли оянда равона карда мешаванд.

5. Роҳбарии Фондро Шӯрои Фонд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва таъин карда мешавад, амалӣ менамояд.

6. Ваколатҳои Шӯро аз рӯзи таъин намудани ҳайати роҳбарияти Шӯрои Фонд эътибор пайдо мекунанд.

7. Шӯрои Фонд маблағҳои Фонд ва дигар корҳоро идора менамояд, аз ҷумла:

-пешниҳодҳои воридшавандаро баррасӣ намуда, дар асоси таҳлилҳои гузаронида соҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро муайян менамояд;

-оид ба иштироки саҳмӣ дар сармоягузории лоиҳаҳо қарор қабул менамояд;

-пешниҳодҳоро вобаста ба ҷалби сарчашмаҳои иловагии таъминоти Фонд баррасӣ ва тасдиқ менамояд;

- экспертизаи самаранокии истифодаи маблағҳои Фондро ташкил менамояд ва оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ ва ё бозхондани маблағ қарор қабул мекунад;

- назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои Фондро таъмин менамояд;

- натиҷаҳои тафтиш ва санҷиши хароҷоти маблағҳои Фондро баррасӣ менамояд ва дар мавриди зарурат қарорҳои дахлдор қабул менамояд;

-ҳисоботҳои солона ва семоҳаи истифодаи маблағҳои Фондро баррасӣ ва тасдиқ менамояд.

8. Қарор доир ба ҷудо намудани маблағ бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои Фонд қабул ва бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар асоси протокол Раиси Шӯро фармоиши дахлдор ба имзо мерасонад.

9. Хароҷоти маблағҳои Фонд бо фармоиши Раиси Фонд аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои ташкил, идора ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ) амалӣ карда мешавад.

10. Баҳисобгирии воридот ва хароҷоти маблағҳои Фонд ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунил минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор карда мешавад.

11. Маблағҳои Фонд дар ҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдошта мешаванд.

12. Бо фармоиши Шӯрои нозирон барои пешбурди ҳисобу китоби муҳосиботию молиявӣ, инчунин пешбурди коргузорию ҳисоботдиҳии Фонд, киро намудани кормандон ё ба кормандони мақоми давлатии ваколатдор оид ба идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки ба ин корҳо ҷалб шудаанд, додани маблағи иловагӣ аз ҳисоби воситаҳои Фонд иҷозат дода мешавад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 октябри соли 2012,

№ 565 тасдиқ шудааст

Ҳайати Шӯрои Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонраиси Шӯрои Фонд

муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонмуовини раиси Шӯрои Фонд

Сардори раёсати маъмуригардонӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонкотиби масъули Шӯрои Фонд

Ҳайати Шӯро:

муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муовини Раиси вилояти Суғд

муовини Раиси вилояти Хатлон

муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"

Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"

Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"

Приложение 1

Утвержден

 постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 8 октября 2012 года, № 565

Положение Республиканского Фонда развития свободных экономических зон Республики Таджикистан

1. Республиканский Фонд развития свободных экономических зон Республики Таджикистан (далее-Фонд) представляет собой совокупность ресурсов и средств (материальных и нематериальных), в том числе финансовых, денежных, образуемых и используемых для реализации мероприятий по созданию, функционированию и развитию инфраструктуры свободных экономических зон в Республике Таджикистан.

2. Фонд образуется за счет следующих источников:

-всех доходов свободных экономических зон за предоставление услуг по обслуживанию субъектов и их деятельности, согласно Перечня услуг, утвержденного Положением о свободных экономических зонах, за исключением целевых средств, выделяемых на развитие и содержание свободных экономических зон;

- ценных бумаг, денежных и других материальных и нематериальных средств, грантов и других видов средств, поступающих от физических и юридических лиц. международных экономических и финансовых институтов, иностранных организации и предприятии:

- иных ресурсов и средств (материальных и нематериальных), а также поступлений, доходов и источников финансирования, не запрещенных законодательством;

- прочих средств, в том числе, выделяемых целевых средств, грантов и иных инвестиций.

3. Средства Фонда используются на финансирование:

- создания и обеспечения деятельности инфраструктуры создаваемых и действующих свободных экономических зон;

- работ по оценке воздействия на окружающую среду планируемых к размещению и существующих на территории свободных экономических зон производственных и других объектов, проведение экологической экспертизы и работ до охране окружающей среды;

-реализации экономических программ и материально-технического обеспечения деятельности свободных экономических зон;

- предоставления грантов, субсидий, а также кредитов субъектам свободных экономических зон;

- других мероприятий, определяемых Советом Фонда и направляемых на укрепление материально-технической базы и организационных мероприятий создаваемых и действующих свободных экономических зон.

4. Средства Фонда, не использованные в отчетном году, направляются для формирования Фонда на следующий год.

5. Руководство Фондом осуществляет Совет Фонда, утверждаемый и назначаемый Правительством Республики Таджикистан.

6. Полномочия Совета вступают в силу с даты назначения состава Совета Фонда.

7. Совет Фонда распоряжается средствами Фонда, в том числе: -рассматривает поступающие предложения и на основании проведенного анализа определяет наиболее перспективные сферы инвестирования средств; -принимает решение о долевом участии в инвестировании проектов;

-рассматривает и утверждает предложения по привлечению дополнительных источников пополнения Фонда;

- организовывает экспертизу эффективности использования средств Фонда и принимает решение о продолжении или прекращении финансирования либо изъятия средств;

-обеспечивает контроль за целевым использованием средств Фонда;

- рассматривает результаты ревизий и проверок расходования средств Фонда и в случае необходимости принимает соответствующие решения;

- рассматривает и утверждает годовой и квартальные отчеты об использовании средств Фонда.

8. Решение о выделении средств принимается двумя третями голосов членов Совета Фонда и оформляется протоколом. На основании протокола Председатель Совета Фонда издает соответствующее распоряжение.

9. По распоряжению Председателя Совета Фонда расходование средств Фонда производится уполномоченным государственным органом по вопросам создания, управления и функционирования свободными экономическими зонами (далее - уполномоченный государственный орган по управлению свободными экономически зонами) в Республике Таджикистан.

10. Учет поступлений и расходования средств Фонда возлагается на уполномоченный государственный орган по управлению свободными экономическими зонами.

11. Средства Фонда находится на специальном счете уполномоченного государственного органа по управлению свободными экономическими зонами, открытом в Национальном банке Таджикистана.

12. По распоряжению Наблюдательного совета для ведения учета и отчетности финансовой и бухгалтерской документации, а также ведения делопроизводства и отчетности Фонда разрешается наем сотрудников или производство денежных доплат сотрудникам уполномоченного государственного органа по управлению свободными экономическими зонами, привлеченным к этим работам из средств Фонда.

Приложение 2

Утвержден

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 8 октября 2012 года, №565

Состав Совета Республиканского фонда развития свободных экономических зон в Республике Таджикистан

Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан- председатель Совета Фонда

Заместитель Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан - заместитель председателя Совета Фонда

Начальник управления администрирования и развития свободных экономических зон Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан -ответственный секретарь Совета Фонда

Члены Совета:

заместитель Министра финансов Республики Таджикистан

заместитель Министра юстиции Республики Таджикистан

заместитель Министра энергетики и промышленности Республики Таджикистан

заместитель Председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан

заместитель Председателя Согдийской области

заместитель Председателя Хатлонской области

заместитель Председателя Горно-Бадахшанской автономной области

Руководитель администрации свободной экономической зоны "Сугд"

Руководитель администрации свободной экономической зоны "Панч"

Руководитель администрации свободной экономической зоны "Дангара"

Руководитель администрации свободной экономической зоны "Ишкошим"