Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012, № 512 "Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мониторинги Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 (минбаъд - Барномаи давлатӣ) ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба низоми идоракунии сифат дар корхонаҳои ватанӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин сертификаткунонии онҳо ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардидаи вазорату идораҳо, корхонаҳо, грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои донорӣ амалӣ карда шавад.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои донорӣ бобати маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани Барномаи давлатӣ ба корхонаҳо мусоидат намуда, инчунин оид ба ҳавасмандгардонии корхонаҳое, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ низоми идоракунии сифатро ҷорӣ намудаанд, пешниҳод таҳия намоянд.

5. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатиро ба тарафҳои манфиатдор расонида, назоратро оид ба иҷрои он амалӣ намояд ва нашри номгӯи корхонаҳоеро, ки низоми идоракунии сифатро аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намудаанд, дар васоити ахбори умум мунтазам таъмин намояд.

6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи корхонаҳоро оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ҳар моҳ тавассути васоити ахбори умум тавзеҳ диҳанд.

7. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба амалишавии қарори мазкур мусоидат намоянд.

8. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро гардидани Барномаи давлатӣ охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 октябри соли 2012, № 512

ш. Душанбе