Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2012, № 227 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143

Бо мақсади такмили сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "500" ва "150" мувофиқан ба рақамҳои "530" ва "180" иваз карда шаванд.

2. Ба сохтори Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 тасдиқ карда шудааст, банди 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"15. Взводи посбоникунанда".

3. Дар соли 2007 маблағгузории 15 воҳиди взводи посбоникунандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иловагӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 15 воҳиди боқимонда аз ҳисоби маблағҳои ба Агентии мазкур ҷудошуда анҷом дода шуда, дар солҳои минбаъда маблағҳо барои ин мақсад дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

6 апрели соли 2007 № 227

ш. Душанбе