Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" августи соли 2012, №384
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ
рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017
1. Муқаддима
Барнома бо мақсади ривоҷ бахшидан ба илми биотехнологияи чорво, дар ин замина нигоҳ доштани хазинаи ирсии (нутфа, ҷанин) намуд ва зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, инчунин ҳайвонҳои нодир, истифодабарии самараноки он дар соҳаи чорводорӣ ва зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Истифодабарии дастовардҳои илми биотехнологияи чорво, пеш аз ҳама барои ҳифз, нигоҳдорӣ ва такмил додани намуд ва зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, ки бо равандҳои технологии пешрафтаи муосир асос ёфтааст, бе истифодаи усулҳои ҳозиразамони биотехнологӣ пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ, амалигардонии дастовардҳои ҷаҳонии селексия ва ирсиятшиносӣ, дар маҷмӯъ рушди минбаъдаи чорводорӣ дар кишвар ғайриимкон аст. Бо ин мақсад Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво таъсис дода шуда, айни замон фаъолият дорад.
2. Фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира ва рушди он
1. Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво, ки минбаъд "Маркази биотехнологӣ" номида мешавад, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, №515 "Дар бораи таъсис додани Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво" таъсис дода шудааст.
2. Мақсади асосии фаъолияти Маркази биотехнологӣ, нигоҳ доштан ва пурзӯр намудани фонди миллии ирсии ҳайвоноти кишоварзӣ бо роҳи мукаммал гардонидан ва ҷорӣ намудани дастовардҳои биотехнологияи муосир дар амалияи чорводории ҷумҳурӣ мебошад. Маркази биотехнологӣ асосҳои назариявию илмиро дар соҳаи биотехнологияи чорво кор карда баромада, дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои онро таъмин менамояд.
3. Дар давраи солҳои 2004-2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази биотехнологӣ маблағҳои зерин ҷудо гардиданд: соли 2004 -150 ҳазор сомонӣ, соли 2005-300 ҳазор сомонӣ, соли 2006200 ҳазор сомонӣ, соли 2007 - 200 ҳазор сомонӣ, соли 2008 - 200 ҳазор сомонӣ, соли 2009-150 ҳазор сомонӣ, соли 2010 - 200 ҳазор сомонӣ.
4. Бо истифодаи маблағҳои зикргардида, бинои озмоишгоҳи биотехнология, биноҳои нигоҳдории чорвои зотӣ ва чорвои таҷрибавӣ (виварий), бинои маъмурии Маркази биотехнологӣ, иншооти фермаи чорводорӣ барои 200 сар чорво пурра таъмир ва ба кор омода гардидаанд.
5. Инчунин маблагҳои ҷудогардида барои харидорӣ намудани чорвои хушзот (ҳамагӣ 313 сар гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ ва тоҷикӣ, 96 сар чорвои калони зоти сиёҳало ва типи швитсузебумонанд), таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, техникаи кишоварзӣ (трактори тасмачарх ва шинадор, комбайни алафдаравии КИР-1,5), таъмири техника, маводи кимёвию байторӣ сарф шудаанд. Озмоишгоҳи Маркази биотехнологӣ барои оғози фаъолияти асосии худ, яъне бунёди бонки нутфа ва ҷанини чорво омода гардидааст. Дар ин давра аз тарафи олимон беш аз 1000 воя нутфаи чорвои калони шохдор ва 210 воя нутфаи қӯшқорҳои зоти тоҷикӣ ва ҳисорӣ ях кунонида шуданд.
6. Мутаассифона, то ҳол дар Маркази биотехнологӣ проблемаҳои зиёд ҷой доранд, ки барои пешбурди фаъолияти он садди роҳ гардида истодаанд. Масалан, ба Маркази биотехнологӣ ҷӯдо намудани заминҳои обӣ вобаста ба саршумори чорво то ҳол ҳалли худро наёфтааст, чунончӣ дар асоси сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (Силсилаи А № 0123841 аз 10 апрели соли 2006), ба Маркази биотехнологӣ ҳамагӣ 758,01 гектар замин вобаста гардида буд, аз ҷумла: замини корами обӣ 173,46 га; ниҳолҳои бисёрсола 37,84 га: чарогоҳ 464,79 га; зери обу роҳ 32,18 га; ғайрикишоварзӣ 49,74 га мебошад. Вале ҳоло Маркази биотехнологӣ ҳамагӣ 55,0 га замини корам, аз ҷумла 9,0 га обӣ ва 464,79 га чарогоҳи мавсимӣ дорад. Дар баробари ин, қисми асосии техникаҳои кишоварзӣ аз солҳои 1980-ум боқӣ монда, корношоям гардидаанд.
7. Мавриди зикр аст, ки маблағҳои ҷудогардида асосан барои бунёди инфрасохтори Маркази биотехнологӣ (корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ, хариди чорвои зотӣ) сарф шуданд, ки дар натича озмоишгоҳи он бо таҷҳизоти замонавии илмию техникии соҳа ва мутахассисони баландихтисос таъмин нагардидааст.
8. Аз ин лиҳоз, барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият, яъне бунёди бонки нутфа ва ҷанини чорво дар асоси технологияи замонавӣ, минбаъд дар заминаи он таъсис додани Маркази илмию истеҳсолӣ оид ба бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи биотехнологияи чорво, бордоркунии сунъӣ ва интиқоли ҷанини чорво, ҷорӣ намудани дастовардҳои илми биотехнология дар амалияи чорводорӣ, Маркази биотехнологияи чорво ба дастгирии давлатӣ эхтиёҷ дорад.
3. Зарурати қабули Барнома
9. Омили асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ такмил додани усулҳои афзоишдиҳӣ ва наслгирӣ барои мукаммал сохтан ва бештар ба даст овардани чорвои дорои хосиятҳои хуби маҳсулнокӣ мебошад. Ин пеш аз ҳама дар асоси селексияи мақсаднок парвариш ва истифода бурдани буққаҳо, қӯшқорҳо ва таккаҳои сермаҳсул, вусъат додани кори марказҳо ва стансияҳои бордоркунии сунъӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи биотехнологӣ, интиқоли (трансплантатсияи) ҷанини чорво муяссар мегардад.
10. Барои дар амал ҷорӣ намудани ин тадбирҳо тадқиқоти илмиро ҷиҳати батанзимдарории қобилияти наслдиҳии чорво, парваришу интихоби чорвои пурқиммат, муқаррар намудани усулҳои самарабахши биологӣ, идоракунии эндокринии ҷараёни наслгирӣ, такмили масъалаҳои криоконсервии маводи зотӣ (дар зери таъсири ҳарорати паст ба мӯҳлатҳои дурудароз ях кунонидани нутфа ва ҷанини чорво), истифодаи онҳо ва ғайра вусъат додан зарур мебошад.
11. Офаридани зотҳои сермаҳсул ва ояндадори чорвои зотӣ тавассути аз худ намудан ва пурра истифода бурдани афзалиятҳои биотехнология - инженерияи ирсӣ аҳамияти бузург дорад. Дар ин самт омӯхтан ва ҷорӣ намудани усули бармаҳал муайянкунӣ ва ба ҷинсҳои наринаву модина ҷудо кардани хромосомаҳои нутфаи чорво, гирифтани чорвои монозиготӣ дар назар дошта шудааст.
12. Яке аз усулҳои самарабахши афзоиши чорвои сермаҳсул - кӯчонидани ҷанин ва васеъ гардонидани доираи корҳои таҳкиқотӣ доир ба муҳандисии ирсӣ (инженерияи генӣ) ва биотехнологӣ мебошад. Тавассути дар амал ҷорӣ намудани усули ҷанинкӯчонӣ дар давоми як сол аз як сар модагови сермаҳсул, ба ҷои як сар то 15- 30 сар ва аз он ҳам зиёдтар наслҳои хушзот гирифтан мумкин аст.
13. Бинобар ин ҷорӣ намудан ва такмил додани усули кӯчонида шинонидани ҷанин дар шароити минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки хусусияти иқлимаш гуногун аст, аз худ кардани на танҳо тақсимкунии ҷанин, балки тарзи тезонидан ва аз ҷиҳати генҳо якхела кардани насл (клоникунонӣ) -ро, ки ба гирифтани садҳо ва ҳазорҳо (ба ҷои 4-5) ҷанин аз як модагови сермаҳсул мусоидат менамояд, пешбинӣ намудан зарур аст. Аз ин рӯ, зарурати таъсис додани Бонки ҷумҳуриявии ҷанинҳои яхкунонидашуда ба миён омадааст.
4. Амалигардонии Барнома
14. Таъмини иҷрои Барнома ва фаъолияти Маркази биотехнологӣ ба ҳалли масъалаҳои зерин вобастаанд:
- харидорӣ намудани чорвои хушзот ва нодири ватании (гов, гӯсфанд, буз ва ғайра) дорои иқтидори баланди ирсии маҳсулнокӣ аз заводҳои зотпарвар, хоҷагиҳои зотпарвар, мамнунгоҳҳо, инчунин аз хориҷи кишвар;
- парвариши ҷавонаҳои сермаҳсули зотҳои гов, гӯсфанд ва буз, ки барои мустаҳкам намудани фонди миллии ирсии чорводорӣ ва офаридани ҷинсу зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамоянд;
- харидорӣ намудани таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, маводи биологӣ, зотӣ, техникаи кишоварзӣ ва озмоишгоҳӣ бо мақсади таъмини фаъолияти Марказ;
- самаранок истифода бурдани замин ва дигар захираҳои моддию техникӣ барои ба вуҷуд овардани ҷавҳари зотии подаҳо ва рамаҳо;
- баланд бардоштани самаранокии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани дастовардҳои биотехнологӣ барои пешрафти соҳа;
- бо мақсади дурнамо бунёд ва захира намудани бонки нутфа ва ҷанинҳои яхкунонидашудаи чорвои хушзот;
- фурӯши нутфа ва ҷанини чорво ба стансияҳои вилоятӣ, байниноҳиявии бордоркунии сунъии чорво, инчунин ба заводҳои зотпарвар, хоҷагиҳои зотпарвар, фермаҳои зотпарвар ва хоҷагиҳои фермерию шахсии чорводорӣ;
- тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи биотехнологияи чорво, бозомӯзии онҳо дар дохили чумҳурӣ ва хориҷи он;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба рушди чорводорӣ дар ҷумҳурӣ, дастурамалҳои илман асоснок оид ба истифодаи захираҳои ирсии чорво, ташкил намудани робитаҳо бо мамлакатҳои хориҷӣ ва Марказҳои байналмилалии илмӣ оид ба мубодилаи маводи ирсии чорво;
- дастгирии иттилоотӣ, ёрии методӣ ба мутахассисон, фермерон бо мақсади дар амалияи чорводорӣ ҷорӣ намудани асосҳои биотехнологӣ, инчунин гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар, нашри адабиёти таълимию методӣ.
5. Маблағгузории Барнома
15. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
6. Талаботи соҳаи биотехнология аз буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2013-2017
7. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017
Ниг. ба замима