Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 384 "Дар бораи Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди минбаъдаи илми биотехнология, таҳкими фонди миллии ирсии чорво ва истифодаи самараноки он дар соҳаи чорводорӣ ва зотпарварии ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини маблағгузории "Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017" аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва сарчашмаҳои худӣ чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади рушди биотехнологияи чорво оид ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола то 1 феврал оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда ва татбиқи Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2012, № 384

ш. Душанбе