Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 383 "Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020"

Санаи амалкуни: 27.10.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2022

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2020 № 556)

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди истеҳсолоти кишоварзии сермаҳсул ва даромаднок дар асоси истифода ва идоракунии босуботи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2022 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдик карда шавад (замимаи 1 ва 2) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2020 № 556).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи рафти иҷрои Барномаи мазкурро дар воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2012, № 383

ш. Душанбе