Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 885 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод.130; с.2006, №3, мод. 150; с.2008, №6, мод. 449; №10, мод.799) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 12 калимаи "ду" ба калимаи "як" иваз карда шуда, калимаҳои ", як маош (таъминоти пулӣ) ба ҳамсари ӯ" хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 16:

- дар сархати якуми қисми 2 рақам ва калимаҳои "80 музди маоши" ба рақам ва калимаҳои "8 маоши таъминоти пулии" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми қисми 2 рақами "80" ба рақами "8" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 3 рақами "40" ба рақами "6" иваз карда шавад;

- дар қисми 4 калимаи "адои" ба калимаи "иҷрои" ва дар сархатҳои якум ва дуюм рақами "12" ба рақами "5" иваз карда шаванд.

3. Сархатҳои банди якуми қисми 3 моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

- то 5 сол ба андозаи 1 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 5 то 10 сол ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 10 то 20 сол ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ;

- зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пулӣ.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012, № 885

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 880

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 384