ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ
Бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти мақомоти идоракунии давлатӣ, фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- аз 1 сентябри соли 2012 шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатиро мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 ихтисор намоянд;
- аз 1 сентябри соли 2012 шумораи воҳидҳои кории кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба истиснои мақомоти дар сархати якуми банди мазкур зикргардида, инчунин муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ) то 10 фоиз ихтисор намоянд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- маблағҳои аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ сарфашавандаро барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти дахлдор равона намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, карорҳои дахлдори худро бо Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
11 июли соли 2012, № 1301
Ниг. ба Замимаи 1-2