Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012, № 1301
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012, №1301 "Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ:
- аз 1 сентябри соли 2012 ихтисори шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатиро мувофиқи замимаи 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012, №1301 таъмин намоянд;
- аз 1 сентябри соли 2012 дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ барҳам дода, ихтисори шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ ва муовини раисро мувофиқи замимаи 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012, №1301 таъмин намоянд;
- аз 1 сентябри соли 2012 шумораи воҳидҳои кории дигар кормандони ташкилоту муассисаҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ), мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 ихтисор намоянд.
2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд;
- дар мӯҳлати як моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба сохтор ва шумораи воҳидҳои корӣ тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намоянд;
- маблағҳои аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ сарфашавандаро барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти дахлдор равона намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" лоиҳаи санади дахлдорро таҳия ва пешниҳод намоянд.
4. Аз Нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират" тасдиқ карда шудааст, калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ" хориҷ карда шуда, ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори мазкур тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ".
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, №665 "Дар бораи таъсис додани шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 19 июли соли 2012, № 369
ш. Душанбе
Ниг. ба Замимаи 1 - 2