Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 аз 30 июни соли 2012, № 335

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2012, №335

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

1. Мундариҷаи Барнома

Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Барнома) тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) баён гардидаанд, таҳия шудааст.

Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар чандин суннати хаттӣ то замони мо ташаккул ёфтааст. Давраи нави таърихи забони тоҷикӣ аз асрҳои VIIIIX мелодӣ оғоз ёфта ва он дар рушди меъёрҳои адабии ин забон нақши муҳим дорад. Дар оғози давраи мазкур забони тоҷикӣ (форсӣ ва ё форсии дарӣ) дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифта, аз он давра ба баъд ин забон дар ҳама сабкҳои адабӣ ташаккул пайдо кардааст. Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар дубора ба таври озод мавриди истифода қарор дода шуд. Ин забон ҳамчун забони давлатӣ дар замони Истиқлолият омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар робита бо кишварҳои ҳамзабони минтақа ва тақвияти рушди пайвандҳои муштараки фарҳангӣ бо мардумони Эрону Афғонистон ва ҷомеаи форсизабонони ҷаҳон нақши бузург дорад, ки инро дар фаъолияти Анҷумани "Пайванд" ва робитаи форсизабонони ҷаҳон ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ дар таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо тоҷикони сокини ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, ҳамчунин тоҷикони сокини кишварҳои Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико нақши муҳим дорад.

Дар иртибот ба рушди солими равандҳои ҳамгироӣ миёни миллатҳо ва кишварҳои дуру наздик ҳимояи забони тоҷикӣ ҳамчун омили пайвандгари миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ дар рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба хотири манфиатҳои миллӣ таъмин карда мешавад. Дар Барнома мақоми забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳимояи он дар хориҷи кишвар муқаррар ва муайян гардидааст.

Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон "Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст".

Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

Мувофиқи моддаи 4 Қонуни мазкур ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.

Дар Барнома барои ҳифз ва рушди забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ заминаҳои амалӣ фароҳам оварда мешавад. Яке аз заминаҳо дар ҳифзи ин забонҳо ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи онҳо аз тариқи марказҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва ҷалби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ дар нашри осори шифоҳӣ ва фарҳангномаҳои муқоисавии ин забонҳо мебошад. Ҳамчунин барои муаррифии хубтару бештари забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ бо ширкати донишмандони дохилӣ ва хориҷӣ паркҳои тобистонаи этнолингвистиро дар Бадахшон ва Яғноб метавон баргузор кард.

Барнома ҳамчунин барои ҳимоя ва рушди забонҳои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ дар таҳия ва нашри фарҳангномаҳои таълимӣ, муҳовараҳо ва маводи дигари таълимӣ мусоидат менамояд.

2. Ҳадафҳои Барнома

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ низ истифода мешавад. Ин забон дар муносибатҳои расмии шифоҳӣ ва хаттӣ, дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, дар соҳаҳои илму маориф, техника, технология, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, иттилоот ва дигар бахшҳои коммуникатсия ба кор меравад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар даврони Истиқлолият забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм қарор гирифт. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ин қонунгузорӣ дар анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ истифодаи забонҳои дигарро низ ҷоиз медонад. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ ба забони давлатӣ дар шароити кунунӣ аз иқдомоти бисёр муҳими давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.

Барнома татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забонро аз роҳи таҳия ва танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои давраҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигар дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардумоне, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад.

Меҳвари сиёсати давлат дар бораи забон дар баробари забони давлатӣ донистани на камтар аз ду забони дигар мебошад. Дар ин маврид омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар ҷумҳурӣ тавассути забони давлатӣ ва бар асоси муқоисаи вижагиҳои овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ бо забонҳое, ки мавриди омӯзиш қарор доранд, сурат мегирад. Барои омӯзиши забонҳо дар ҷумҳурӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҳама заминаҳо фароҳам оварда шавад. Дар ҷумҳурӣ ба масоили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши ин забонҳо таваҷҷӯҳи асосӣ сурат мегирад.

Истиқлолият барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоидро фароҳам овардааст. Маҳз дар ин давраи таърихи давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд.

Барнома дар таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ дар ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, мусоидат хоҳад кард.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони асосии кишвар тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҳама соҳаҳои умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мавриди корбурд қарор гирифтааст. Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ба такмили меъёрҳо ва қолабҳои вожасозии фарогири бахшҳои гуногуни истилоҳот ва мафҳумҳои нави байналмилалӣ зарурат дорад. Яке аз масоили мубрами забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ ва дурнамои рушди он иқтибоси вожаҳои байналмилалӣ ба таври мустақим аз забони англисӣ ва ё тавассути забони русӣ дониста мешавад. Дар ин маврид лозим аст, то аз равиши ягонаи илмии бар пояи меъёрҳои таърихию адабии устувор бо дарназардошти вижагиҳои овоии забони тоҷикӣ истифода шавад. Вожаҳои иқтибосӣ ба вижагиҳои савтиёти забони тоҷикӣ ва қоидаҳои дастурии он ҳамоҳанг гардонида шуда, ҳангоми баргардон маънои аслӣ ва бунёдии онҳо ҳифз карда мешавад.

Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ (шохаи ғарбӣ) шомил буда, дорои суннати хаттӣ ва таърихи гузаштаи тӯлонӣ мебошад, ки ин ҳама ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар ҳазорсолаҳо иртибот ва пайванди мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як давраи таърихии забони тоҷикӣ ҳамзамон як давраи муҳими таъриху фарҳанги мардуми тоҷикро низ дар бар мегирад.

Барои расидан ба ҳадафҳои асосии Барнома лозим аст, то дар бахшҳои муҳими забоншиносӣ, ба хусус таърихи забон ва вижагиҳои забонии осори давраи аввали порсии дарӣ ё осори аҳди Сомониён дар пояи пажӯҳишҳои қаблан анҷомёфта пажӯҳишҳои дақиқи илмӣ анҷом дода шавад.

Дар бахши луғоту истилоҳоти забони меъёр аз фарҳангномаҳои классикӣ ва корбурди луғоти маъмули Хуросону Мовароуннаҳр дар асоси осори адабии ин манотиқ бояд огоҳона ва ба дурустӣ истифода шавад.

Дар иртибот ба ин бояд намунаҳои беҳтарини осори классикии ин ҳавзаҳои адабиро бо ташхиси вижагиҳои забонии онҳо дар бахши истифодаи луғоту истилоҳот мавриди омӯзишу пажӯҳиши ҷиддӣ қарор дод ва ин осорро табъу нашр кард. Ҳамчунин гулчинеро аз чунин осор дар чандин ҷилд барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд омода намуд.

Барои кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ низ вобаста ба ин давраи синну сол бояд мунтахаби намунаҳои осорро нашр кард. Осори мавриди интихоб, ки аз намунаҳои беҳтарини назму насри он давра маҳсуб мешаванд, метавонанд дар кӯдакону ҷавонон завқи забономӯзӣ ва эҳтирому ифтихор ба забони модарӣ ва фарҳанги миллиро бештару хубтар бедор намоянд. Ворисони забон ҳамон ифтихорро, ки ба Модар ва Ватан доранд, бояд ба забони модарии хеш низ дошта бошанд. Ҳамчунон ки гузаштагони мо тайи ҳазорсолаҳо ба забони худ арҷ гузоштаанд, насли имрӯзу фардои мо низ ба ин забони тавоно ва шевои миллӣ бояд арҷгузор бошад. Забони миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст.

Президенти кишвар дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2010 дар иртибот ба асолати забони меъёри мо чандин нуқтаи ҷолибро бар асоси воқеияти таърихӣ арзёбӣ ва таъкид фармудаанд, ки дарҷи он ба хотири ҳадафҳои ин Барнома бисёр муҳим мебошад:

"Шояд дар ҷаҳон халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он ба забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он даврон то ба кунун дар ҷаҳон ҳамчун забони шеъру шоирӣ маъруф гардидааст, мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмем ва дарк мекунем. Бинобар ин ҳамин забони ноби адабии классикии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз низ дар замони давлатдории навин ҳамчун асоси забони адабии мо ба сифати забони давлатӣ қарор дорад". Дар ҷойи дигари суханронии хеш Сарвари давлат ин нуқтаро чунин тақвият медиҳанд: "Дар марҳилаи кунунии рушди робитаҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ ҷомеа ба чунин забони адабии дорои меъёрҳои устувор ва таркиби луғавии дар тӯли асрҳо шаклгирифта ва пойдор ниёз дорад, ки ин забон забони шево ва тавонои гузаштаи мост".

Осори классикии мо, ки саршор аз андарзҳо ва гуфтори ҳакимона аст, метавонад наслҳои ҷавонро ба омӯзиши ин ганҷи мероси гузашта ҳидоят намояд. Ин Барнома яке аз муаррифиномаи забон ва осори миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории навини мо ба шумор меравад ва он дар шинохти асолату ғановати забони миллӣ ва арзишҳои волои он барои миллат ҳамчун раҳнамо ва дастури фаъолият қарор мегирад.

Тибқи ин Барнома нашри осори классикиро дар ҷумҳурӣ давра ба давра метавон таъмин кард. Ин осор намунаи беҳтарини забон барои ҳар як хонадони мардуми соҳибзабон хоҳад буд. Барномаи омӯзиш ва густариши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои панҷ сол тарҳрезӣ ва омода гардидааст, дар табъу нашри осор ва истифода аз воситаҳои навини электронӣ нақши муҳим дорад.

Сатҳи воқеии забондонии мардум, ба хусус забони давлатӣ ба чигунагии омӯзиши ин забон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисоти таълимӣ иртибот дорад. Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри соли 2010) дар иртибот ба омӯзиши забон чунин фармудаанд: "Барои омӯзиши фарогири забони модарӣ шеваҳо ва роҳҳои нави таълими забони модариро бояд дарёфт ва пешниҳод намуд. Мо аз таҷрибаи солҳои шӯравӣ ва даврони Истиқлолият хуб медонем, ки бо усули тадриси забони модарӣ дар омӯхтани забони адабӣ камтар муваффақ гардидаем. Пас аз ёздаҳ соли таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва панҷ соли омӯзиши забон дар мактабҳои олӣ иддае аз хатмкунандагон забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар карда наметавонанд ва бо ин забон ба таври озод навиштан ва сӯҳбат карданро ёд намегиранд. Ман иллати инро дар усул ва шеваи омӯзиши забон мебинам. Ҳол он ки дар тамоми ҷаҳон бо шеваҳои дуруст ва озмудашудаи таълим алоқамандон дар як-ду сол забонҳои хориҷиро дар сатҳи бисёр хуб меомӯзанд ва ба таври озод сӯҳбат мекунанд. Дар иртибот ба ин, бояд китобҳои дарсии забон низ таҷдиди назар карда шаванд".

Ин нукот ва дастури муҳими Сарвари давлат, ки вазъи омӯзиши забони модариро бисёр воқеъбинона бозгӯ менамояд, дар таҷдиди шеваҳои омӯзиши забон ва таҳияи дастурҳои таълимӣ ҳамчун санади роҳнамо барномарезӣ мегардад.

Дар иртибот ба ин барои беҳбуд бахшидан ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ аз ҳама усулҳои навин ва босамари таълим истифода хоҳад шуд.

Яке аз масоили муҳими дигаре, ки дар суханронии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 таъкид гардидааст, таҳияи дастурҳои таълими забон барои мактабҳои олӣ мебошад. Дар иртибот ба ин ҳадаф Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки грамматикаи меъёрии забони тоҷикиро барои мактабҳои олӣ таҳия намоянд. Ин дастури Сарвари давлат дар банди 14 Нақшаи чорабиниҳо (аз 20 октябри соли 2010) сабт шудааст.

Омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, талаффуз ва дастури омӯзиши забон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои ягонаи таълими забони модарӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар имтиҳоноти дохилшавии мактабҳои олӣ аз тахассуси фанҳои ҷомеашиносӣ бояд ҷорӣ карда шавад. Яке аз авлавиятҳои ин Барнома беҳбуд бахшидан ба таълими забони тоҷикӣ дар асоси барномаҳои нав ва таҳияи дастурҳои омӯзиши забони модарӣ мебошад.

Масъалаи мубрами дигар дар корбурди забони тоҷикӣ ин риояи ҳатмии меъёрҳои адабӣ дар радио, телевизион ва тамоми воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад. Забони радио ва телевизион ҳамчун намунаи беҳтарини сабки адабӣ ва забони гуфтории меъёр дониста мешавад. Барои муваффақ шудан ба ин ҳадаф лозим аст, то мактаби омӯзишу парвариши ровиён ва ё гӯяндагони радио ва телевизион ҷиддан ба роҳ монда шавад. Забони радио ва телевизион бояд мавриди таҳлил ва баррасии ҳамешагии мутахассисон қарор гирад ва натиҷаҳои он эълон карда шавад.

Яке аз мушкилоти нигаронкунанда ин забони воситаҳои ахбори омма, бахусус забон ва сабки рӯзномаҳои озод маҳсуб мешавад. Дар Барнома ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар иртибот ба ин масъала таваҷҷӯҳ сурат мегирад.

Дар ҳама воситаҳои ахбори омма риояи меъёрҳои забони адабӣ дар иртибот ба корбурди луғоту истилоҳоти бегона ва омиёна ҳатмӣ буда, он тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

Дар Барнома ба чигунагии забони тарҷумаҳои бадеӣ, илмӣ ва тарҷумаи филмҳо, бахусус тарҷумаи филмҳо барои кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи лозима сурат мегирад. Дар филмҳои ҳунарӣ ва осори намоишӣ бояд беҳтарин намуна ва сабки забони меъёр истифода шавад ва ин забон аз ҳама гуна унсурҳои бегона ва лаҳҷавии омиёна бояд орӣ бошад.

Яке аз ҳадафҳои Барнома аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Дар иртибот ба ин дар мактабҳо ва марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар кишварҳои дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ин мактабҳо бо дастурҳо ва воситаҳои таълим, ҳамчунин бо адабиёти бадеӣ ва воситаҳои ахбори омма ба забони тоҷикӣ таъмин карда мешаванд. Манбаи дигар ин истифода аз сайтҳои тоҷикии интернет барои ҳамватанони сокин дар кишварҳои дигар мебошад.

Омӯзиш ва густариши забони тоҷикӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон дар минтақа ва кишварҳои будубоши ҳамватанони мо маҳсуб мешавад.

Ҳадафҳои асосии Барнома иборатанд аз:

- эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ ва сарватҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ;

- тақвияти сиёсати давлатӣ дар бораи забони тоҷикӣ ҳамчун омили ҳастй ва пойдории миллат;

- таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллии мардуми тоҷик ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- болоравии нақш ва мақоми забони тоҷикӣ дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик;

- истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва миллатҳои сокини ҷумҳурӣ;

- таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар муоширати сокинони ҷумҳурӣ;

- тавсеаи нақши таърихии забони тоҷикӣ ва осори он дар ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ;

- эҳёи меъёрҳои таърихӣ ва адабии забони тоҷикӣ дар асоси осори хаттии даврони Сомониён ва қарнҳои баъдӣ;

- эҳё ва бозсозии қолабҳои суннатии адабӣ аз осори хаттӣ;

- ҳифзи забони адабӣ аз ҳама гуна унсурҳои ғайримеъёрӣ ва бегона;

- ҳимояи забони адабӣ аз ҳама гуна унсурҳои ғайриадабӣ, омиёна ва лаҳҷавӣ;

- риояи ҳатмии қоидаҳои грамматикаи меъерӣ ва е адабии забони тоҷикӣ;

- риояи меъёрҳои адабӣ ва хориҷ кардани унсурҳои бегона ва тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ аз забони меъёр;

- муаррифӣ ва таблиғи намунаҳо аз осори хаттии давраҳои таърихии забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма.

3. Вазифаҳои Барнома

Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 истифодаи забони миллиро дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсии кишвар, ҳамчунин робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷккистон бо кишварҳои дигари ҷаҳон таъмин менамояд. Ҷанбаҳои забоншиносии иҷтимоӣ дар марҳилаи кунунии робитаҳо бо кишварҳо ва тамаддунҳои дигар дар ҳоли ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо тақозо менамояд, то забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши конститутсионии худро дар иттиҳоди миллии шаҳрвандон ва ҳама халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ ва дарҷи пешрафтҳои техника ва технологияи муосир бо истифода аз имконоти луғавӣ ва вожасозии хеш дифоъ намояд. Вазифаи муҳими Барномаи мазкур ҳифз ва ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз забонҳои дорои суннати хаттии чандҳазорсола ва осори ғании давраҳои таърихӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бо дарназардошти таърихи гузашта ва нақши кунунии забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои зер вазифаҳои он ба таври дақиқ дарҷ мегардад:

1. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳлили вазъи кунунии забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ;

- нақши забони давлатӣ дар иттиҳоди миллатҳои сокини ҷумҳурӣ;

- омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон аз ҷумлаи намояндагони забонҳои дигар;

- муайян кардани усулҳои асосии сиёсати давлатӣ дар бораи забони тоҷикӣ, ки барои ташаккул ва рушди ин забон ҳамчун забони миллӣ ва забони давлатии кишвар шароит фароҳам меоварад;

- истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар дар иртибот ба амалӣ кардани сиёсат дар бораи забон;

- истифода аз суннат ва таҷрибаи таърихии рушди забони гоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ;

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди истифода дар соҳаи забон;

- таҳияи низоми ҳуқуқие, ки фаъолияти босамар ва рушди забони тоҷикӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавриди истифодаи забони тоҷикӣ дар соҳаи иттилоот, табъу нашр, воситаҳои ахбори омма, дар иртибототи расмӣ, муқаррарот дар мавриди риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ, ҳамчунин масъулият барои риоя накардани меъёрҳо дар маводи чопӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма, радио, телевизион, реклама, дастуру воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва ҳама гуна маводи иттилоотиро таъмин мекунад;

- иқдомот барои таҳияи фондҳои илмию техникӣ ва манбаъҳои дигари иттилоотӣ (фарҳангҳо, дастурҳои иттилоотӣ) ба забони тоҷикӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои дигари тахассусӣ;

- баррасӣ ва таҳқиқи пайвастаи вазъи забони тоҷикӣ дар иртибот ба корбурди он дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии кишвар.

2. Забони тоҷикӣ - забони миллии мардуми тоҷик, бунед ва суннати адабиву таърихии он:

- ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ дар ҳама сабкҳои меъёрии адабӣ;

- бархӯрди солим ба суннатҳои таърихиву меъёрии забони адабӣ;

- назорати доимӣ дар риояи навиштаҳои тоҷикии барчаспҳои маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд;

- таҳия ва нашри фарҳанги истилоҳоти илмӣ аз осори классикии форсӣ-тоҷикӣ;

- эҳтиром гузоштан ба арзишҳои забонӣ ҳамчун арзиши фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллӣ;

- боло бурдани фарҳанги ҷомеа дар иртибот ба арзишҳои забони миллӣ;

- ташкили барномаҳои тахассусии забон дар радио ва телевизион, нашри мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма дар иртибот ба масоили забони тоҷикӣ;

- таҳия ва нашри фарҳангҳои дузабона, сезабона ва тафсирӣ;

- таҳия ва нашри фарҳангҳои тахассусии истилоҳот;

- таҳия ва нашри муҳовараҳо ба забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар;

- анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ дар иртибот ба савтиёт, вожасозӣ, грамматика ва луғоту истилоҳоти забони тоҷикӣ;

- ба роҳ мондани таҳқиқот доир ба масоили меъёри забони адабӣ, асосҳои назария ва амалияи забон;

- таҳияи грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ;

- таҳияи таърихи забони тоҷикӣ (давраҳои бостон, миёна ва нав);

- анҷом додани силсилаи пажӯҳишҳои тахассусӣ дар иртибот ба забони илм ва истилоҳоти илмӣ;

- истифодаи суннати таърихии забони тоҷикӣ (форсӣ) дар мақоми забони илм;

- таҳияи силсилаи барномаҳо ва таҳқиқот дар иртибот ба масоили иҷтимоиёти забон;

- таҳқиқи давраҳои таърихии забони тоҷикӣ, тарҷумаи пажӯҳишҳои ховаршиносӣ дар иртибот ба таърихи забон аз забонҳои аврупоӣ ба забони тоҷикӣ;

- омӯзиши вижагиҳои забони осори давраи аввал (замони Сомониён);

- омӯзиши забони осори классикии давраҳои баъдӣ;

- нашри осори давраҳои гуногуни таърихии забони тоҷикӣ;

- гирдоварӣ ва таҳияи луғати лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ;

- гирдоварии феҳристи манобеи илмӣ дар робита ба забони тоҷикӣ ва таърихи таҳқиқи он дар забоншиносии ватанӣ ва хориҷӣ;

- таъсиси системаи иттилоотӣ аз соҳаҳои гуногуни забоншиносии тоҷик;

- ба роҳ мондани назорати ҷиддӣ дар интихоби мавзӯъҳои илмӣ аз забоншиносӣ;

- тарбияи мутахассисони забоншинос бо давраҳои магистратура, коромӯзӣ, аспирантура ва докторантура;

- робита бо марказҳои илмии забоншиносии ҷаҳон дар масоили таърихи забони тоҷикӣ;

- таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои ҳамзабон;

- робитаҳо бо марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои Россия, Аврупо ва Амрико.

3. Забони тоҷикӣ ҳамчун бунёди фарҳанги бадеӣ ва маънавии мардуми тоҷик:

- анҷом додани таҳқиқот дар иртибот ба забони осори бадеӣ, адабиёти шифоҳӣ ва фарҳанги маънавии миллӣ;

- татбиқи технологияи иттилоотии муосир дар робита ба улуми иҷтимоӣ;

- таҳияи захираи бонки иттилоотӣ дар иртибот ба фарҳанги миллӣ;

- нашри компакт-дискҳои гуногун, аз ҷумла бо сабти намунаҳои беҳтарин аз осори гузашта ва муосир;

- баргузор кардани нишастҳои илмиву омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар мавриди арзиши осори миллии хаттӣ ва шифоҳӣ;

- омода кардани мутахассисон дар бахши забон ва осори давраи классикӣ;

- тарбияи мутахассисон дар бахши фарҳангшиносӣ.

4. Забони тоҷикӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ:

- таҳияи барномаҳои таълими забони тоҷикӣ дар кӯдакистонҳо;

- таҳияи барномаи ягонаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- такмили барнома, нақшаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ аз забони тоҷикӣ барои факултетҳои филологияи тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ;

- таҳияи дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- арзёбии сатҳи омӯхтан ва донистани забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони ғайр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- таҳияи барномаҳои таҳқиқотии дорои авлавияти илмӣ дар иртибот ба таълими забони тоҷикӣ;

- таҳқиқи масоили мубрами забони тоҷикӣ ва таърихи он аз роҳи дифои рисолаҳои давраи магистратура, аспирантура, докторантура ва мавзӯъҳои таҳқиқоти бахши забоншиносии кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсиси низоми ягонаи таълими забони тоҷикӣ;

- таҳияи барномаҳо ва дастурҳои забони тоҷикӣ дар асоси равиши нави омӯзиши забон;

- таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот дар иртибот ба забони тоҷикӣ;

- ташкили низоми ягонаи таълими мутахассисони забони тоҷикӣ;

- таҳия ва тасдиқи барномаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилот ба забонҳои дигар;

- таъсиси кабинетҳои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- назорати ҷиддӣ дар чигунагии сатҳи омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳои ғайритоҷикӣ:

- таъсиси маркази ҳамоҳангсозӣ доир ба омӯзиш ва бозомӯзии устодони забони тоҷикӣ;

- ба роҳ мондани давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои техникии ҷумҳурӣ;

- таҳияи барномаҳо ва дастурҳои таълимӣ барои илмҳои техникӣ.

5. Забони тоҷикӣ дар коргузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо:

- таҳияи дастурамалҳо оид ба коргузорӣ;

- стандартсозии ҳуҷҷатҳои идорӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои соҳавии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба забони давлатӣ;

- таҳияи бланкҳо, муҳру тамғаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ.

6. Забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма:

- корбурди забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма ва риояи ҳатмии меъёрҳои он;

- танзими равандҳои ғайримеъёрии иқтибос дар забони адабӣ;

- тавассути воситаҳои ахбори омма боло бурдани масъулияти шаҳрвандон дар донистани забони адабӣ ва риояи меъёрҳои он;

- тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба забони тоҷикӣ;

- таблиғи арзишҳои забони миллӣ тавассути барномаҳои телевизион ва радио ба кишварҳои ҳамзабон ва тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ;

- боло бурдани сатҳи огоҳии хабарнигорон ва кормандони воситаҳои ахбори омма дар иртибот ба донистани забони тоҷикии меъёр;

- баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва давраҳои омӯзиши забони давлатӣ;

- таъмини кормандони воситаҳои ахбори омма бо маводи вобаста ба рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлат дар бораи забон;

- дастрасӣ ба манобеи илмӣ дар иртибот ба воситаҳои ахбори омма;

- таъсиси барномаҳо аз тариқи телевизион ва радио дар иртибот ба масоили мубрами забони тоҷикии меъёр;

- баррасии масоили вазъи забони тоҷикӣ ва дурнамои рушди он дар воситаҳои ахбори омма;

- омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма;

- таъсиси давраҳои омӯзиши забони тоҷикии меъёр барои ровиёни телевизион ва радио;

- омӯзиш ва риояи ҳатмии қоидаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма, ровиёни телевизион ва радио.

7. Забони тоҷикӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ:

Ҳифзи забони тоҷикӣ ва дурнамои рушди он дар хориҷи ҷумҳурӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бо истифода аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар ҳифзи забонҳои миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ва ба таълим фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон кӯмаку мусоидат менамояд. Аз тариқи Барномаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ ин иқдомот амалӣ карда мешавад:

- бо дастурҳои таълимӣ таъмин кардани мактабҳои тоҷикӣ;

- аз роҳи ҳамкорӣ омода кардани муаллимони забони тоҷикӣ аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ;

- аз тариқи сафоратҳои Тоҷикистон аз роҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ дастрас кардани китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, навори филмҳо ва дигар маводи видиоӣ ба забони тоҷикӣ;

- таъсиси марказҳои омӯзишии забони тоҷикӣ барои тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд;

- таҳияи барномаи махсуси омӯзиши забони тоҷикӣ барои тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ;

- таъсиси квотаҳо барои тоҷикони хориҷи кишвар дар факултетҳои филологияи тоҷики муассисаҳои таҳсолоти олии ҷумҳурӣ;

- ташкили экспедитсияҳои лаҳҷашиносӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи он;

- пахши барномаҳо аз вазъи забони тоҷикӣ дар кишварҳои дигар;

- баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои хориҷии зисти тоҷикон.

4. Механизмҳои татбиқи Барнома

Механизми асосии татбиқи Барнома аз инҳо иборат аст:

- такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии забони тоҷикӣ;

- маблағгузорӣ аз буҷет;

- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ;

- ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

5. Натиҷаҳои ниҳоии Барнома

1. Консепсияи ҳимояи давлатии забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ки дар ин Барнома дарҷ гардидааст, ҷавобгӯи манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Татбиқи ҳадафҳо ва тадбирҳои Барнома тибқи нақша ба эҳёи рушди иҷтимоиву маънавӣ, фаъол гардидани равандҳои ҳамбастагӣ ва иттиҳоди байни миллатҳову халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ, рушди забони давлатӣ, адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ба вуҷуд овардани илми ватанӣ ба забони миллӣ, рушди маориф, дар маҷмӯъ худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд.

3. Рушди забони тоҷикӣ ва корбурди он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар ташаккули маънавиёти миллӣ ва давлатдории миллӣ нақши муҳим дорад. Натиҷаҳои ниҳоии Барномаро дар ин самтҳо метавон амалӣ кард:

- эҳё ва рушди арзишҳои миллии забонӣ, маънавӣ ва илмию фарҳангӣ;

- таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳадафмандонаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мероси фарҳангии миллати тоҷик ва дигар мардумони сокини ҷумҳурӣ;

- таъмини рушди устувори забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ, такмили мақоми иҷтимоии забони давлатӣ дар муоширати сокинони ҷумҳурӣ;

- боло бурдани нақши забони давлатӣ дар робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дарёфти шеваҳо ва роҳҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот;

- таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва илмию фарҳангӣ дар иртибот ба таблиғи забони тоҷикӣ ва осори давраҳои таърихии он дар воситаҳои ахбори омма;

- кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии шахс дар муҳити дузабонӣ;

- фароҳам овардани шароит барои татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- истифодаи фарогири забони давлатӣ дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ;

- таъмини шароити мусоид барои истифодаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ;

- таҳкими мақоми забони давлатӣ дар манотиқи зисти ақаллиятҳои миллӣ, боло бурдани саводи аҳолӣ дар иртибот ба донистани забони давлатӣ дар байни сокинони синну соли гуногун;

- нашри дастурҳои мухтасари забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ;

- таҳияи дастурҳои меъёрии омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- таҳия ва нашри фарҳангҳои дузабона, сезабона, тафсирӣ, фарҳангҳои мухтасар;

- нашри муҳовараҳо барои омӯзандагони забони тоҷикӣ ва забонҳои аврупоӣ;

- нашри муҳовараҳо аз забони давлатӣ барои хориҷиён.

6. Назорати иҷрои Барнома

Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30 " июни соли 2012,

тасдиқ шудааст

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016

Ниг. ба Замима