Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, ҳангоми қабул дар шӯъбаҳои ғоибона ва шабона талаботи Номгӯи самтҳои таълими мазкурро ба инобат гиранд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 319
ш. Душанбе
Ниг. ба Замима