ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 131; с. 2007, №5, мод. 368) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми якуми моддаи 11 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"таъмини махфияти маводи ба экспертизаи экологӣ пешниҳодшаванда;".
2. Қисми чоруми моддаи 22 хориҷ карда шавад.
3. Ба боби IV моддаи 24(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 24(1). Ҳифзи махфияти иттилооти дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
Бо мақсади ҳифзи иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, дорандаи он ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ҳифзи иттилооти махфӣ, инчунин тартиби ба шахсони сеюм ошкор кардани он тадбирҳо андешад.
Махфияти иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дорандаи он дар сурате муқаррар менамояд, ки иттилооти мазкур:
истифодааш маҳдуд ва маълум ба умум нест;
дорои арзиши тиҷоратӣ мебошад.
Низоми махфияти иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ муқаррар карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 873
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, № 800
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 348