Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 872 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10; мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, №4, қ.1, мод.179; мод. 188; с.2007, №6, мод. 434; мод. 437) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 3:

- сархатҳои якум, сеюм ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми якуми моддаи 4:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- сархатҳои дуюм ва чорум хориҷ карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар ном ва матни қисми якум ва дуюми моддаи 5 калимаҳои "дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ" ба калимаҳои "дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми якуми моддаи 6:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- дар сархати панҷум калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаи "стандартҳо" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шавад.

6. Ҷумлаи якуми қисми чоруми моддаи 9 хориҷ карда шавад.

7. Дар моддаи 10 калимаҳои "шартҳои техникии" ба калимаҳои "регламентҳои техникии" иваз карда шаванд.

8. Моддаи 11 хориҷ карда шавад.

9. Дар моддаи 13:

- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад.";

- аз қисми чорум калимҳои ", муайян кардани саҳмия (квота), декларация кардан" хориҷ карда шаванд.

10. Дар қисми якуми моддаи 14:

- сархатҳои сеюм ва нӯҳум хориҷ карда шаванд;

- дар сархати ҳафтум пас аз калимаи "талаботи" калимаи "ҳатмии" илова карда шавад;

- дар сархати ҳаштум аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

3 июли соли 2012, № 872

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, № 795

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 346

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ РЕГУЛИРОВАНИИ ПРОИЗВОДСТВА И ОБОРОТА ЭТИЛОВОГО СПИРТА И АЛКОГОЛЬНОЙ ПРОДУКЦИИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №10, ст. 147; 1998 г., №10, ст. 74; 2002 г., №4, ч.1, ст. 179; ст. 188; 2007 г., №6, ст. 434; ст. 437) следующие изменения и дополнения:

1. В части первой статьи 3: - исключить абзацы первый, третий и седьмой;

- в абзаце пятом слова "технические условия" заменить словами "технические регламенты";

2. В части первой статьи 4:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

" лицензирование деятельности по производству и обороту этилового спирта в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;";

- исключить абзацы второй и четвертый;

- в абзаце пятом слова "технических условие" заменить словами "технических регламентов";

3. Исключить из названия, первой и второй частей статьи 5 слова "и спиртосодержащей".

4. В части первой статьи 6:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

" лицензирование деятельности по производству и оборота алкогольной продукции в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;";

- в абзаце пятом слова "технических условий" заменить словами "технических регламентов".

5. В части третьей статьи 7 слово "стандартов" заменить словами "технических регламентов".

6. Исключить первое предложение из части четвертой статьи 9.

7. В статье 10 слова "техническими условиями" заменить словами "техническими регламентами".

8. Статью 11 исключить.

9. В статье 13:

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Государственный контроль за производством и оборотом этилового спирта и алкогольной продукции включает в себя контроль за выдачей лицензий на производство и оборот этилового спирта и алкогольной продукции, сертификацию оборудования для производства этилового спирта и алкогольной продукции, контроль за соблюдением обязательных требований на алкогольную продукцию, сырье для её производства, качеством этилового спирта и алкогольной продукции";

- из части четвертой исключить слова "декларированием" и "квотированием".

10. В первой части статьи 14:

- абзацы третий и девятый исключить;

- абзац седьмой после слова "соответствующей" дополнить словом "обязательным";

- в абзаце восьмом знак точки с запятой ";" заменить знаком точки.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе

3 июля 2012 года, № 872

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменении и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                      Ш. Зухуров

г. Душанбе, 23 мая 2012 года, № 795

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                М.Убайдуллоев

г. Душанбе,

 14 июня 2012 года, №346