Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 867 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3 мод. 192; с. 2010, №7, мод. 543), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ӯҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба буҷети дахлдор супоридани маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк ё ба фоидаи онҳо содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян)-ро вогузор намоянд, муқаррар мекунад.".

2. Ба Қонун моддаи 3(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 3(1). Принсипҳои истеҳсолоти иҷро

Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- қонуният;

- сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;

- эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд;

- дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;

- мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ.".

3. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) ӯҳдадор менамоянд, аз ҷониби судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.".

4. Дар моддаи 10:

- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "нусхаи онро" калимаҳои "бо ҳуҷҷати иҷро" илова карда шаванд;

- дар қисмҳои 4, 5 ва 6 калимаҳои "вайронкуниҳои", "вайронкуниҳои роҳдодашуда" ва "вайронкуниҳо" мувофиқан ба калимаҳои "камбудиҳои", "камбудиҳои ҷойдошта" ва "камбудиҳо" иваз карда шаванд;

- қисми 8 хориҷ карда шавад.

5. Дар қисми 1 моддаи 12 калимаи "як" ба калимаи "ду" иваз карда шавад.

6. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 13 калимаҳои "се моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд.

7. Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 15. Барқарор намудани мӯхлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро

Ариза оид ба барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.".

8. Ба қисми 3 моддаи 17 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Иҷрочии суд метавонад ҳангоми оғози истеҳсолоти иҷро оид ба ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва ё санади судӣ мебошад, дар асоси аризаи ситонанда дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд.".

9. Қисми 3 моддаи 17(1) хориҷ карда шавад.

10. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаҳои "пешгирии амали ҳаракатҳои" ба калимаи "амали" иваз карда шаванд.

11. Моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 22. Мавқуф гузоштани амали иҷро

Иҷрочии суд метавонад ҳангоми ҳозир нашудани ситонанда амали иҷроро мавқуф гузорад. Дар бораи мавқуф гузоштан ва таъин кардани рӯзи дигари гузаронидани амали иҷро иҷрочии суд қарор қабул менамояд.".

12. Дар сархати чоруми моддаи 26 калимаҳои "рад кардани раддияи" ба калимаҳои "радкунии рад кардани" иваз карда шаванд.

13. Қисми 1 моддаи 28 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Аз рӯи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, инчунин дигар ҳолатҳое, ки ҷои истиқомати қарздор ва макони молу мулки ӯ номаълум мебошад, дар асоси аризаи иҷрочии суд ё ситонанда суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро метавонад кофтукови қарздорро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.".

14. Қисми 3 моддаи 32 хориҷ карда шавад.

15. Дар қисми 1 моддаи 35 калимаи "раддия пешниҳод намоянд" ба калимаҳои "изҳори рад намоянд" иваз карда шаванд.

16. Моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 40. Рад кардан дар истеҳсолоти иҷро

1. Иҷрочии суд, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис дар ҳолатҳои зерин наметавонанд дар истеҳсолоти иҷро иштирок намоянд ва бояд рад карда шаванд, агар;

- ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлиси судӣ иштирок намуда бошанд;

- бо тарафҳо ё намояндаи онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошанд;

- шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.

2. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ӯҳдадоранд, ки изҳори худрадкунӣ намоянд. Рад кардан бояд асоснок ва дар шакли хаттӣ то саршавии амали иҷро пешниҳод карда шавад. Дар рафти амали иҷро рад кардан иҷозат дода мешавад, агар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида баъди саршавии амали иҷро маълум гарданд.

3. Рад кардан ё худрадкунии иҷрочии суд аз ҷониби иҷрочии калони суд ва дар маҳалле, ки як иҷрочии суд амал менамояд, аз ҷониби иҷрочии суд ҳал карда шуда, дар ин хусус қарори асоснок қабул карда мешавад. Ба дигар иҷрочии суд вобаста намудани истеҳсолоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Рад кардани тарҷумон, мутахассис ва шахсони холис аз ҷониби иҷрочии суд ҳал карда мешавад. Дар ин бора иҷрочии суд қарори асоснок қабул менамояд.".

17. Моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд

Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.".

18. Ба Қонун моддаи 42(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 42(1). Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ҳангоми бе сабаби узрнок аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва ё санади судӣ мебошад, иҷрочии суд дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд.

2. Қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарздор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.".

19. Дар қисми 9 моддаи 46 калимаҳои "аз ҷумла" ба калимаи "чунонки" иваз карда шаванд.

20. Дар моддаи 53:

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Дар огоҳинома оид ба вақт, маҳал ва шакли савдо, молу мулки ба савдо баровардашаванда, тартиби бақайдгирии иштирок дар савдо, тартиби гузаронидани он, тартиби муайян намудани шахси бурдкарда дар савдо, инчунин оид ба нархи ибтидоӣ бояд маълумот дода шавад.";

- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.

21. Қисми 4 моддаи 64 хориҷ карда шавад.

22. Дар қисми 1 моддаи 98 калимаҳои "даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат" ва "панҷ ҳадди ақали музди меҳнат" мутаносибан ба калимаҳои "даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ва "чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.

23. Ба қисми 1 моддаи 98(1) сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- барои муқаррар намудани маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар ин хусус протокол тартиб диҳад;

- маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамъоварӣ намояд;".

24. Дар матни моддаи 98(3) калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

25. Дар моддаи 98(6):

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 98(6). Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ва либоси ягонаи хизматӣ ба иҷрочиёни суд";

- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Иҷрочиёни суд тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси ягонаи хизматӣ ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

3 июли соли 2012, № 867

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба вордд намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, №771

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 323