Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 856 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод. 48) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 6 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Аз рӯи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти ҳатмии дахлдор ба ӯ барои тамдид кардани мӯҳлати амали патент мӯҳлати шашмоҳаи иловагӣ пас аз анҷоми мӯҳлати амали патент дода мешавад.".

2. Дар қисми якуми моддаи 29 калимаҳои "банди чоруми" ба калимаҳои "сархати сеюми" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 856

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, № 785

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №343

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОМЫШЛЕННЫХ ОБРАЗЦАХ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О промышленных образцах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст.48) следующие изменение и дополнение:

1. Статью 6 дополнить частью пятой следующего содержания:

"По ходатайству патентообладателя для продления срока действия патента предоставляется дополнительный шестимесячный срок после истечения срока действия патента при условии уплаты соответствующего обязательного платежа.".

2. В части первой статьи 29 слово "четвертом" заменить словом "третьем".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 июля 2012 года, № 856

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О промышленных образцах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О промышленных образцах".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    Ш. Зухуров

г. Душанбе,23 мая 2012 года, №785

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О промышленных образцах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О промышленных образцах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О промышленных образцах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    М.Убайдуллоев

г. Душанбе,14 июня 2012 года, №343