ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ"
Моддаи 1. Сархатҳои дуюм, шашум ва ҳафтуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 169) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ишораҳои ҷуғрофӣ - аломатест, ки молро ҳамчун аз каламрави кишвар ё минтақа ва ё маҳал дар ин қаламрав баромада ҳаммонанд мекунад, ки дар он сифат, шӯҳрат ва тавсифҳои дигари мол то андозае бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Мафҳуми ишораи ҷуғрофӣ мафҳумҳои номи ҷои пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад;
- номи ҷои пайдоиши мол - номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хусусиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табиии барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо мувофиқ, муайян карда мешавад. Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад;
- ишораи пайдоиши мол - аломатест, ки бевосита ва ё бавосита ба ҷои пайдоиши ҳақиқӣ ва ё истеҳсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдоиши мол мумкин аст дар шакли номи объекти ҷуғрофӣ ва ё тасвир пешниҳод карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 июли соли 2012, № 855
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, №787
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 344