Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 854 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи байторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 833) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- табъиз (дискриминатсия) - муқаррар намудани ҳуқуқи пасттар барои ягон давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он нисбат ба давлати дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он;".

2. Дар моддаи 4:

- ба сархати якум пеш аз калимаи "пешбурди" калимаҳои "тасдиқ ва" илова карда шаванд;

- дар сархати шашум калимаҳои "маҳсулоти моҳигӣ ва тухм" ба калимаҳои "маҳсулоти моҳигӣ, тухм ва маҳсулоти занбӯри асал" иваз карда шаванд;

- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҳифзи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот аз қаламрави давлатҳои дигар ё минтақаҳои карантинӣ;";

- сархати сенздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- баъд аз гузаштани санҷиши муайян ва бақайдгирии давлатӣ додани иҷозат барои воридоти маҳсулоте, ки дорои нумӯяҳои биологӣ, антибиотикҳо, маводи гормонии барои суръатбахшӣ ба нумӯ ва афзоиши маҳсулнокии ҳайвонот истифодашаванда буда, радиатсияи баланд дорад ва аз ҷиҳати ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудааст;".

3. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6 калимаи "сироятии" ба калимаи "сироятӣ" иваз карда шавад.

4. Ба сархати нӯҳуми қисми 2 моддаи 13 баъд аз калимаи "назорати" калимаи "шароити" илова карда шавад.

5. Дар моддаи 16:

- ба қисми 3 баъд аз калимаҳои "ҳудуди маъмурии дахлдор" калимаҳои "бо дарназардошти вазъи эпизоотии маҳал" илова карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаҳои "ва шиносномаи" ба калимаҳои "ё шиносномаи" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 17:

- ба қисми 2 баъд аз калимаҳои "ворид карда шудааст," калимаҳои "интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он" илова карда шаванд;

- дар қисми 10 калимаҳои "ва шиносномаи" ба калимаҳои "ё шиносномаи" иваз карда шаванд.

7. Дар ном ва қисми 5 моддаи 25 калимаҳои "мошинҳо" ва "мошин" ба калимаи "нақлиёт" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 26:

- ба ном ва қисми 1 баъд аз калимаҳои "тухми моҳӣ" калимаҳои ", ашёи хоми аз ҳайвонот гирифташуда ва маҳсулоти занбӯри асал" илова карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаҳои "маҳсулоти моҳигӣ ва тухм" ба калимаҳои "маҳсулоти моҳигӣ, тухм ва маҳсулоти занбӯри асал" иваз карда шаванд.

9. Ба қисми 1 моддаи 27 баъд аз калимаи "байторӣ" калимаҳои "ва беҳдоштӣ" илова карда шаванд.

10. Дар қисми 3 моддаи 28 баъд аз калимаҳои "ворид карда шудааст," калимаҳои "интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он" илова карда шуда, калимаҳои "ё беҳдошти" ба калимаҳои "ва беҳдошти" иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 29:

- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Инчунин аз микрочипҳо ва аломатгузорӣ дар гӯш истифода
кардан мумкин аст.";

- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4. Тибқи талаботи байналмилалӣ барои ҳайвоноти бемаҳсул аз рӯзи зоидашавиашон дар давоми си рӯз шиносномаи инфиродии алоҳидаи байторӣ тартиб дода мешавад, ки он бояд то рӯзи фавташон (забҳашон) нигоҳ дошта шуда, сипас аз рӯи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супорида шавад.".

12. Дар моддаи 33 калимаҳои "сертификатсия кунонида шавад" ба калимаҳои "ба он сертификати мутобиқати маҳсулот дода шавад" иваз карда шаванд.

13. Ба қисми 2 моддаи 35 баъд аз калимаҳои "нишондодҳои эпизоотӣ" калимаҳои "ва бемориҳои дар рӯйхати Бюрои Байналмилалии Эпизоотӣ дохилбуда" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 854

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул карданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 31 майи соли 2012, № 808

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №349