ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 432) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 35:
- дар сархати якум калимаҳои "ё таъини" ба калимаҳои "ва фаъолияти" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи "Ҳукумат" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои "Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ва "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ва "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷӯм калимаҳои "Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ба калимаҳои "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 50 калимаҳои "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ба калимаҳои "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 июли соли 2012, № 851
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 18 апрели соли 2012, №733
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ"ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №340
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИКВИДАЦИИ КРЕДИТНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О ликвидации кредитных организаций" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011г., №6, ст.432) следующие изменения:
1. В части 1 статьи 35:
- в абзаце первом слова "или назначение" заменить словами "и деятельности";
- в абзаце третьем слово "Правительством" заменить словами "Правительством Республики Таджикистан";
- в абзаце четвертом слова "Фонда гарантирования вкладов физических лиц" и "О гарантии вкладов физических лиц" соответственно заменить словами "Фонда страхования сбережений физических лиц" и "О страховании сбережений физических лиц";
- в абзаце пятом слова "Фонда гарантирования вкладов физических лиц" заменить словами "Фонда страхования сбережений физических лиц".
2. В части 3 статьи 50 слова "О гарантии вкладов физических лиц" заменить словами "О страховании сбережений физических лиц".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
3 июля 2012 года, № 851
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "о внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитные организаций".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г.Душанбе, 18 апреля 2012 года, №733
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 14 июня 2012 года, №340