×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 847 "Дар бораи амнияти нақлиётӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмӯи нақлиёт вобастаанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-амнияти нақлиётӣ - ҳолати ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ;

-таъмини амнияти нақлиётӣ - амалӣ намудани тадбирҳои аз ҷониби давлат муайяншудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ дар соҳаи маҷмӯи (комплекси) нақлиёт, ки ба хавфи содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мутобиқат мекунанд;

-амали дахолати ғайриқонунӣ - амали зиддиҳуқуқӣ (аз ҷумла, амали террористӣ), ки ба фаъолияти бехатарии маҷмӯи нақлиёт таҳдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари моддӣ ва ё боиси хавфи ба вуҷуд омадани чунин оқибатҳо гардад;

- мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ муайян кардааст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846);

- гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мансуб донистани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба гурӯҳҳои муайян бо назардошти дараҷаи хавфи содир кардани амали дахолати ғайриқонунӣ ва оқибатҳои эҳтимолии он;

-объектҳои инфрасохтори нақлиёт - маҷмӯи технологие, ки роҳи оҳан, роҳҳои обии дохилӣ, хатсайрҳои пайвасткунанда, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, гузаргоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва автобусҳо, бандарҳои махсуси моҳидорӣ ва дарёӣ, воситаҳои бандарӣ, иншоотҳои гидротехникии киштиронӣ, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, объектҳои низоми алоқа, киштиронию ҳавонавардӣ ва идораи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоҳҳо ва таҷҳизоте, ки фаъолияти маҷмӯи нақлиётро таъмин мекунанд;

-арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт -муайян намудани дараҷаи ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ;

-ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ - шахсони ҳукуқие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт муқаррар гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846);

-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибмулкони объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мебошанд ё онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд;

-воситаҳои нақлиёт - нақлиётҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, обӣ, барқӣ ва қубурӣ, ки барои ҳамлу нақл муқаррар шудаанд;

- маҷмӯи нақлиёт - объектҳо ва субъектҳои инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои нақлиёт;

-сатҳи амнияти нақлиётӣ - дараҷаи ҳимоя шудани маҷмӯи нақлиёт, ки ба дараҷаи хатари содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ мувофиқат мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ

1. Мақсади таъмини амнияти нақлиётӣ фаъолияти устувор ва бехатари маҷмӯи нақлиёт, ҳимояи манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаҳои маҷмӯи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мебошанд.

2. Вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инҳоянд:

- танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

- муайян намудани таҳдидҳо оид ба анҷом додани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ;

- арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт;

- гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт;

- таҳия ва татбиқи талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ;

- таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ;

- тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

- санҷиш ва назорат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

- таъмини иттилоотӣ, моддию техникӣ ва илмии техникии амнияти нақлиётӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти нақлиётӣ

Принсипҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инҳоянд:

- қонуният;

- риояи мувозинати манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат;

- масъулияти тарафайни шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

- ҳамгироӣ (интегратсия) бо низоми байналмилалии амният;

- ҳамкории субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва мақомоти давлатӣ.

БОБИ 2. АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ ВА ТАДБИРҲО ОИД БА ТАЪМИНИ ОН

Моддаи 5. Таъмини амнияти нақлиётӣ

1. Таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба зиммаи субъектҳои инфрасохтори нақлиёт вогузор карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

Моддаи 6. Арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ

1.Тартиби арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

2. Осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи таъмини амнияти нақлиётӣ арзёбӣ карда мешавад.

3. Натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

4. Интишори маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт манъ аст.

Моддаи 7. Гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт

1. Миқдори гурӯҳҳо ва меъёри гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт бо тартибе муқаррар карда мешаванд, ки он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

2. Объектҳои гурӯҳбандишуда ба феҳристи объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт дохил карда мешаванд, ки пешбурди он ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқарраргардида вогузор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

Моддаи 8. Сатҳи амнияти нақлиётӣ, объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёт

1. Бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ дар маҷмӯи нақлиёт сатҳҳои гуногуни амнияти нақлиётӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Номгӯи сатҳҳои амнияти нақлиётӣ ва тартиби эълон намудани онҳо дар ҳолати тағйир ёфтани дараҷаи хавфи содиршавии амали дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти маҷмӯи нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 9. Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ

Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, ки сатҳҳои амниятро дар асоси моддаи 8 Қонуни мазкур барои гурӯҳҳои гуногуни объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб мегирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти наклиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

Моддаи 10. Банақшагирӣ ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт

1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт дар асоси натиҷаи арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои наклиётро таҳия менамоянд. Нақшаҳои зикршуда маҷмӯи чораҳоро оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд. Тартиби таҳияи нақшаҳои зикршударо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

2. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиётро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

3. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби субъектҳои инфрасохтори нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

4. Интишори маълумоти нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт манъ мебошад.

Моддаи 11. Маҳдудиятҳо ҳангоми қабул кардан ба коре, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманд мебошад

1. Ба мансабе, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманд аст, шахсони зерин қабул карда намешаванд:

-онҳое, ки доғи судӣ доранд;

-онҳое, ки дар қайди муассисаҳои мақомоти давлатии тандурустӣ бо сабаби бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ ё нашъамандӣ мебошанд;

-онҳое, ки ваколатҳояшон дар вазифаи давлатӣ пеш аз мӯҳлат қатъ гардидааст ё аз хизмати давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти прокуратура ё мақомоти судӣ бо асосҳое озод карда шудаанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани кирдори бадномкунандаи шарафи хизматчии давлатӣ, дағалона ё пайдарпай риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва нобоварӣ нисбат ба ӯ алоқаманд буда, баъди пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳо ё озод шудан аз хизмати давлатӣ камтар аз се сол гузашта бошад;

- онҳое, ки дар асоси натиҷаи тафтиши мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронидашуда хулосаи мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар бораи норавоии фаъолияти чунин шахсон дар объектҳои барои ҳаёт ё саломатии инсон, инчунин барои муҳити зист хатари зиёддошта вуҷуд дошта бошад.

2. Номгӯи кору ихтисос ва мансабҳое, ки бевосита бо таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи амнияти нақлиётӣ

1. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти наклиётӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва алоқа низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиётӣ таъсис дода мешавад, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Низоми иттилоотии мазкур инчунин аз маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон иборат мебошад. Чунин маҳзанҳо дар ҳолати иҷрои навъҳои зерини ҳамлу нақл тартиб дода мешаванд:

-ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ ва байналмилалӣ;

-ҳамлу нақли дохилии дур ва байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан;

-ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти обӣ ва автомобилӣ;

-ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, нақлиёти дохилии обӣ ва автомобилӣ аз рӯи хатсайри алоҳида, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

3. Маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи сохторҳои зерин тартиб дода мешавад:

-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон;

-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

-давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти нақлиётӣ.

4. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо) маълумоти зерин ба маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ирсол карда мешавад:

- насаб, ном ва номи падар;

- сана ва ҷои таваллуд;

- намуд ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар асоси он ҳуҷҷати мусофират (чипта) харида шудааст;

- нуқтаи ба роҳ баромадан, нуқтаи таъиншуда, намуди хатсайри ҳаракат (бе истгоҳи гузариш, транзитӣ);

- санаи мусофират.

5. Тартиби ташкил кардан ва пешбурди маҳзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон, ҳамчунин пешниҳод намудани маълумоти дар он дарҷгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Субъекти инфрасохтори нақлиёт ё интиқолдиҳандаи давлати хориҷие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад, ҳамлу нақли байналмилалии мусофиронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва ё ҳудуди онро тибқи дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, маълумоти ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо)-ро ба маҳзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ирсол менамояд.

7. Риояи тартиби ирсоли маълумоти дар ҳамин модда пешбинишударо ба маҳзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи нақлиёт, ки вазифаи танзим ва назоратро дар соҳаи нақлиёт ба зимма доранд, назорат мекунанд.

8. Интишори маълумот оид ба захираҳои иттилоотии низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиётӣ манъ аст.

Моддаи 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ

1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд, ки:

- бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётӣ маълумотро дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ дастрас намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846);

- ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ доир ба таъмини амнияти нақлиётӣ таклифҳо пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846).

2. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон ӯҳдадоранд, ки:

- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ фавран дар бораи таҳдидҳои содир кардан ва содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт маълумот диҳанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846);

- дастурҳо ва қарорҳои шахсони масъули ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётиро дар бораи рафъи риоя нашудани талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ мувофиқи моддаи 9 Қонуни мазкур иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846);

-дар ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ, ҳамчунин рафъи оқибати онҳо, муқаррар намудани сабабу заминаҳои содир шудани онҳо мусоидат намоянд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 3 июли соли 2012, № 847

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. Зуҳуров

ш.Душанбе, 4 апрели соли 2012, № 721

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 339

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ТРАНСПОРТНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ

(в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846)

Настоящий Закон регулирует правовые, организационные, экономические и иные отношения, связанные с обеспечением транспортной безопасности и устойчивой деятельности транспортного комплекса.

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- транспортная безопасность - состояние защищенности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств от актов незаконного вмешательства;

- обеспечение транспортной безопасности - реализация определяемой государством системы правовых, экономических, организационных мер в сфере транспортного комплекса, соответствующих угрозам совершения актов незаконного вмешательства;

- акт незаконного вмешательства - противоправное действие (в том числе террористический акт), угрожающее безопасной деятельности транспортного комплекса, повлекшее за собой причинение вреда жизни и здоровью людей, материального ущерба либо создавшее угрозу наступления таких последствий;

- уполномоченные государственные органы - в области обеспечения транспортной безопасности - исполнительные органы государственной власти, определяемые Правительством Республики Таджикистан осуществлять функции по оказанию государственных услуг в области обеспечения транспортной безопасности (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846);

- категорирование объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств - отнесение объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств к определенным категориям с учетом степени угрозы совершения акта незаконного вмешательства и его возможных последствий;

- объекты транспортной инфраструктуры - технологический комплекс, включающий в себя железнодорожные и внутренние водные пути, контактные маршруты, автомобильные дороги, тоннели, мосты, эстакады, железнодорожные и автобусные станции, специализированные рыболовные и речные порты, портовые средства, судоходные гидротехнические сооружения, аэродромы, аэропорты, объекты систем связи, водной и воздушной навигации и управления движением транспортных средств, а также иные, обеспечивающие функционирование транспортного комплекса здания, сооружения, устройства и оборудование;

- оценка уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств - определение степени защищенности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств от угроз совершения актов незаконного вмешательства;

- специализированные организации в области обеспечения транспортной безопасности - юридические лица, установленные уполномоченными государственными органами в области обеспечения транспортной безопасности в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан, для проведения оценки уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств;

- субъекты транспортной инфраструктуры - физические и юридические лица, являющиеся собственниками объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств или использующие их в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- транспортные средства - воздушный, железнодорожный, автомобильный, водный, электрический и трубопроводный транспорты, предназначенные для перевозочного процесса;

- транспортный комплекс - объекты и субъекты транспортной инфраструктуры, транспортные средства;

- степень транспортной безопасности - степень защищенности транспортного комплекса, соответствующая степени угрозы совершения акта незаконного вмешательства.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о транспортной безопасности

Законодательство Республики Таджикистан о транспортной безопасности основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 3. Цели и задачи обеспечения транспортной безопасности

1. Целью обеспечения транспортной безопасности является устойчивое и безопасное функционирование транспортного комплекса, защита интересов личности, общества и государства в сфере транспортного комплекса от актов незаконного вмешательства.

2. Задачами обеспечения транспортной безопасности являются:

- нормативное правовое регулирование в области обеспечения транспортной безопасности;

- определение угроз совершения актов незаконного вмешательства;

- оценка уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств;

- категорирование объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств;

- разработка и реализация требований по обеспечению транспортной безопасности;

- разработка и реализация мер по обеспечению транспортной безопасности;

- подготовка специалистов в области обеспечения транспортной безопасности;

- осуществление контроля и надзора в области обеспечения транспортной безопасности;

- информационное, материально-техническое и научно-техническое обеспечение транспортной безопасности.

Статья 4. Принципы обеспечения транспортной безопасности

 Принципами обеспечения транспортной безопасности являются:

-законность;

-соблюдение баланса интересов личности, общества и государства;

-взаимная ответственность личности, общества и государства в области обеспечения транспортной безопасности;

-интеграция в международные системы безопасности;

-взаимодействие субъектов транспортной инфраструктуры и государственных органов.

ГЛАВА 2. ТРАНСПОРТНАЯ БЕЗОПАСНОСТЬ И МЕРЫ ПО ЕЁ ОБЕСПЕЧЕНИЮ

Статья 5. Обеспечение транспортной безопасности

1. Обеспечение транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств возлагается на субъекты транспортной инфраструктуры, если законодательством Республики Таджикистан не предусмотрено иное.

2. Государственный контроль в области обеспечения транспортной безопасности осуществляется  уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

Статья 6. Оценка уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств от актов незаконного вмешательства

1. Порядок проведения оценки уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств устанавливается уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности, по согласованию с государственными органами национальной безопасности и внутренних дел Республики Таджикистан (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

2. Оценка уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств проводится специализированными организациями в области обеспечения транспортной безопасности, государственными органами национальной безопасности и внутренних дел с учетом требований по обеспечению транспортной безопасности.

3. Результаты проведенной оценки уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств утверждаются уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

4. Распространение сведений о результатах проведенной оценки уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств, запрещается.

Статья 7. Категорирование объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств

1. Количество категорий и критерии категорирования объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств устанавливаются в порядке, определяемом уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности, по согласованию с государственными органами национальной безопасности, органами внутренних дел и уполномоченными государственными органами в сфере экономического развития (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

2. Категорированные объекты включаются в реестр объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств, ведение которого возложено на уполномоченные государственные органы в области обеспечения транспортной безопасности в установленном порядке (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

Статья 8. Уровень безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств

1. В целях принятия мер по обеспечению транспортной безопасности устанавливаются различные уровни безопасности в транспортном комплексе.

2. Перечень уровней безопасности и порядок их объявления при изменении степени угрозы совершения акта незаконного вмешательства в деятельность транспортного комплекса устанавливаются Правительством Республики Таджикистан.

Статья 9. Требования по обеспечению транспортной безопасности

 Требования по обеспечению транспортной безопасности, учитывающие уровни безопасности, предусмотренные статьей 8 настоящего Закона для различных категорий объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств, устанавливаются Правительством Республики Таджикистан по представлению уполномоченного государственного органа в области обеспечения транспортной безопасности, по согласованию с государственными органами национальной безопасности, органами внутренних дел и уполномоченными государственными органоми в сфере экономического развития (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

Статья 10. Планирование и реализация мер по обеспечению транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств

1. На основании результатов проведенной оценки уязвимости объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств субъекты транспортной инфраструктуры разрабатывают планы обеспечения транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств. Указанные планы предусматривают систему мер по обеспечению транспортной безопасности. Порядок разработки указанных планов устанавливается уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности, по согласованию с органами национальной безопасности и органами внутренних дел Республики Таджикистан (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

2. Планы обеспечения транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств утверждаются уполномоченными государственными органоми в области обеспечения транспортной безопасности (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

3. Реализация планов обеспечения транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств осуществляется субъектами транспортной инфраструктуры в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

4. Распространение сведений, содержащихся в планах обеспечения транспортной безопасности объектов транспортной инфраструктуры и транспортных средств, запрещается.

Статья 11. Ограничения при приеме на работу, непосредственно связанную с обеспечением транспортной безопасности

1. На должность, непосредственно связанную с обеспечением транспортной безопасности, не принимаются лица:

- имеющие судимость;

- состоящие на учете в учреждениях государственных органов здравоохранения в связи с психическим заболеванием, алкоголизмом или наркоманией;

- досрочно прекратившие полномочия по государственной должности или уволенные с государственной службы, в том числе из правоохранительных органов, органов прокуратуры или судебных органов, по основаниям, которые в соответствии с законодательством Республики Таджикистан связаны с совершением проступка, порочащего честь государственного служащего, грубым или систематическим нарушением трудовой дисциплины, утратой доверия к нему, если после подобного досрочного прекращения полномочий или такого увольнения прошло менее чем три года;

- в отношении которых по результатам проверки, проведенной в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об органах национальной безопасности Республики Таджикистан", имеется заключение государственных органов национальной безопасности о невозможности допуска этих лиц к осуществлению деятельности в объектах, представляющих повышенную опасность для жизни или здоровья человека, а также для окружающей среды.

2. Перечень работ, профессий и должностей, непосредственно связанных с обеспечением транспортной безопасности, устанавливается Правительством Республики Таджикистан.

Статья 12. Информационное обеспечение в области транспортной безопасности

1. В целях осуществления мер по обеспечению транспортной безопасности, уполномоченным государственным органом в сфере информационных технологий и связи создается единая государственная информационная система обеспечения транспортной безопасности, являющаяся собственностью Республики Таджикистан.

2. Данная информационная система состоит также из автоматизированных централизованных баз персональных данных о пассажирах. Такие базы формируются при осуществлении следующих видов перевозок:

-внутренние и международные воздушные перевозки;

-внутренние перевозки в дальнем следовании и при международном сообщении железнодорожным транспортом;

-международные перевозки внутренним водным и автомобильным транспортом;

-перевозки железнодорожным, внутренним водным и автомобильным транспортом по отдельным маршрутам, определенным Правительством Республики Таджикистан по представлению уполномоченных государственных органов в области обеспечения транспортной безопасности, по согласованию с государственными органами национальной безопасности и органами внутренних дел (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

3. Автоматизированные централизованные базы персональных данных о пассажирах формируются на основании информации, предоставленной следующими структурами:

-субъектами транспортной инфраструктуры и перевозчиками;

-исполнительными органами государственной власти;

-иностранными государствами и организациями в рамках сотрудничества по вопросам транспортной безопасности.

4. При оформлении проездных документов (билетов), передаче з автоматизированные централизованные базы персональных данных о пассажирах подлежат следующие данные:

-фамилия, имя, отчество;

-дата и место рождения;

-вид и номер документа, удостоверяющего личность, по которому приобретается проездной документ (билет);

-пункт отправления, пункт назначения, вид маршрута следования (беспересадочный, транзитный);

 -дата поездки.

5. Порядок формирования и ведения автоматизированных централизованных баз персональных данных о пассажирах, а также предоставления содержащихся в них данных устанавливается Правительством Республики Таджикистан.

6. Субъект транспортной инфраструктуры или перевозчик иностранного государства, являющийся собственником транспортного средства, которое осуществляет международные перевозки пассажиров в Республику Таджикистан, из Республики Таджикистан и (или) через территорию Республики Таджикистан, либо использующее его на иных основаниях, определенных законодательством Республики Таджикистан, обеспечивает передачу данных, содержащихся в проездных документах (билетах), в автоматизированные централизованные базы персональных данных о пассажирах в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Законом.

7. Контроль соблюдения порядка передачи сведений, предусмотренных настоящей статьей, в автоматизированные централизованные базы персональных данных о пассажирах осуществляется уполномоченным государственным органом в сфере транспорта, осуществляющим функции регулирования и контроля в сфере транспорта.

8. Распространение сведений об информационных ресурсах единой государственной информационной системы обеспечения транспортной безопасности запрещается.

Статья 13. Права и обязанности субъектов транспортной инфраструктуры и перевозчиков транспортных средств в области обеспечения транспортной безопасности

1. Субъекты транспортной инфраструктуры и перевозчики имеют право:

- получать в установленном порядке от уполномоченного государственного органа в области обеспечения транспортной безопасности информацию по вопросам обеспечения транспортной безопасности;

- вносить в уполномоченные государственные органы в области обеспечения транспортной безопасности, государственные органы национальной безопасности и внутренних дел предложения по обеспечению транспортной безопасности (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846).

2. Субъекты транспортной инфраструктуры и перевозчики обязаны:

- незамедлительно информировать об угрозах совершения и о совершении актов незаконного вмешательства на объектах транспортной инфраструктуры и транспортных средствах согласно установленному порядку уполномоченного государственного органа в области обеспечения транспортной безопасности;

-выполнять предписания и постановления ответственных должностных лиц уполномоченных государственных органов в области обеспечения транспортной безопасности об устранении нарушений требований по обеспечению транспортной безопасности в соответствии со статьей 9 настоящего Закона (в редакции Закон РТ от 23.12.2021г.№1846);

- оказывать содействие в выявлении, предупреждении и пресечении актов незаконного вмешательства, а также в ликвидации их последствий, установлении причин их совершения.

ГЛАВА 3. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 14. Ответственность за несоблюдение настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 15. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 июля 2012 года, № 847

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О транспортной безопасности"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О транспортной безопасности".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                               Ш.Зухуров

г. Душанбе, 4 апреля 2012 года, №721

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О транспортной безопасности"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О транспортной безопасности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О транспортной безопасности".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                              М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 14 июня 2012 года, №339