Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 842 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод.156; №6, мод. 438; №12, мод. 835; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №801) моддаи 20(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 20(1). Ҳавасмандгардонии кормандони милитсия ва шахсони дигар

Барои комёбиҳо ва ҷасорату фидокорӣ, нишон додани корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ кормандони милитсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин барои хизмати намунавӣ, бенуқсон, пурмаҳсул ва давомнок бо медали идоравии "Барои хизмати шоён" дараҷаҳои 1, 2, 3, барои собиқаи хизматии зиёда аз 25 сол бо медали идоравии "Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ", барои нишондодҳои баланди хизматӣ ва касбӣ бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии ВКД" сарфароз гардонида мешаванд. Тавсифи медалҳои идоравӣ ва нишони сарисинагӣ, тартиби бо онҳо мукофотонидан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо милитсия ҳангоми амалӣ намудани муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ метавонанд бо медалҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шаванд.

Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, таҷрибаи корӣ ва тайёрии касбӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода мешаванд, ки тартиби додан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 842

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 6 июни соли 2012, №823

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №334

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"

Статья 1. Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820; 2011 г., №3, ст. 156; №6, ст. 438; №12, ст. 835; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, №801) дополнить статьей 20 (1) следующего содержания:

"Статья 20(1). Поощрение сотрудников милиции и других лиц

За успехи, храбрость и самоотверженность, подвиги, совершённые в борьбе с преступностью сотрудники милиции в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственных наградах Республики Таджикистан", награждаются государственными наградами.

Сотрудники милиции и военнослужащие Внутренних войск за образцовую, безупречную, плодотворную и продолжительную службу также награждаются ведомственной медалью "Барои хизмати шоён" 1,2,3 степени, за стаж службы более 25 лет ведомственной медалью "Собикадори макомоти корхои дохили", за высокие служебные и профессиональные показатели - нагрудным знаком "Корманди фахрии ВКД". Описание ведомственных медалей и нагрудного знака, порядок награждения ими и поощрения устанавливается министром внутренних дел Республики Таджикистан.

Сотрудники других правоохранительных органов, государственных органов, общественных объединений, предприятий, организаций и граждане за сотрудничество с милицией, при осуществлении охраны общественного порядка и борьбы с преступностью также могут быть награждены медалями Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

Лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел Республики Таджикистан путём проверки и оценки выполнения должностных обязанностей, по уровню знаний, навыков, опыту работы и профессиональной подготовки присваиваются профессиональные категории по специальности, порядок присвоения и поощрения которых устанавливается министром внутренних дел Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г. Душанбе

 3 июля 2012 года, № 842

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

В соответствии со статьей 36 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                               Ш.Зухуров

г. Душанбе,

 6 июня 2012 года, №823

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 

14 июня 2012 года, №334