ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод.156; №6, мод. 438; №12, мод. 835; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №801) моддаи 20(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 20(1). Ҳавасмандгардонии кормандони милитсия ва шахсони дигар
Барои комёбиҳо ва ҷасорату фидокорӣ, нишон додани корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ кормандони милитсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин барои хизмати намунавӣ, бенуқсон, пурмаҳсул ва давомнок бо медали идоравии "Барои хизмати шоён" дараҷаҳои 1, 2, 3, барои собиқаи хизматии зиёда аз 25 сол бо медали идоравии "Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ", барои нишондодҳои баланди хизматӣ ва касбӣ бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии ВКД" сарфароз гардонида мешаванд. Тавсифи медалҳои идоравӣ ва нишони сарисинагӣ, тартиби бо онҳо мукофотонидан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо милитсия ҳангоми амалӣ намудани муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ метавонанд бо медалҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шаванд.
Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, таҷрибаи корӣ ва тайёрии касбӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода мешаванд, ки тартиби додан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 842
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 6 июни соли 2012, №823
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №334