Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 840 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚИСМИ СЕЮМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 123), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 2 моддаи 1133 хориҷ карда шуда, қисмҳои 3, 4 ва 5 мутаносибан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд.

2. Моддаи 1137 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1137. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

1. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ бо тарзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бо назардошти моҳияти ҳуқуқи вайроншуда ва оқибатҳои вайронкунии ин ҳуқуқ ҳифз карда мешавад.

2. Тарзҳои ҳифзи пешбининамудаи Кодекси мазкур бо талаби соҳибҳуқуқ, ташкилоти идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои молумулкӣ, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дигар шахсон низ татбиқ карда мешаванд.

3. Гуноҳ надоштани вайронкунанда ӯро аз ӯҳдадории қатъ намудани вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ озод намекунад ва нисбати ӯ чораҳое, ки барои ҳифзи чунин ҳуқуқҳо равона шудаанд, татбиқ мегарданд. Интишори қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд, низ новобаста аз гуноҳи вайронкунанда ва аз ҳисоби ӯ амалӣ карда мешавад.".

3. Ба Кодекс моддаи 1137(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1137(1). Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

1. Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии муаллиф ҳифзи онҳо бо тарзҳои эътирофи ҳуқуқ, барқарор намудани вазъе, ки то вайронкунии ҳуқуқ ҷой дошт, пешгирии амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё ба вайронкунии он таҳдид менамоянд, ҷуброни зарари маънавӣ ва нашри қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда амалӣ карда мешавад.

2. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории муаллиф мувофиқи қоидаҳои моддаи 174 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шахсон низ метавонанд тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиро татбиқ намоянд.

4. Ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф бо тарзҳои зерин ҳифз карда мешаванд:

- эътирофи ҳуқуқ;

- пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё ба вайрон кардани он таҳдид менамоянд;

- рӯёнидани товони зарар;

- мусодираи маводу таҷҳизоте, ки бо истифодаи онҳо вайронкунӣ содир гардидааст ва объектҳои моддие, ки дар натиҷаи ҳамин вайронкунӣ ба даст омадаанд;

- интишори қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда;

- тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибҳуқуқ метавонад ба ҷои рӯёнидани товони зарар пардохти ҷуброни пулиро барои ҳуқуқи вайроншудаи мазкур талаб намояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз ҷониби суд вобаста ба хусусияти вайронкунӣ ва дигар ҳолатҳо муайян карда мешавад.

6. Дар ҳолатҳое, ки истеҳсол, паҳн кардан ё истифодаи дигар, инчунин ворид намудан, интиқол ё фиристодан, ё нигоҳ доштани ҳомили моддӣ, ки дар он натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ таҷассум ёфтааст, боиси вайрон гардидани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мегарданд, чунин ҳомили моддӣ қалбакӣ дониста шуда, бо қарори суд аз муомилот гирифта шуда, бидуни ҷуброн нест карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

7. Таҷҳизот, дигар дастгоҳҳо ва маводе, ки асосан барои вайрон кардани ҳуқуқҳои истисноӣ истифода ё таъин шудаанд, бо қарори суд аз муомилот гирифта шуда, аз ҳисоби вайронкунанда нест карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани онҳо ба фоидаи давлат пешбинӣ нашуда бошад.

8. Бо мақсади таъмини далелҳо аз рӯи парвандаҳо оид ба вайронкунии ҳуқуқҳои истисноӣ ба ҳомили моддӣ, таҷҳизот, дигар дастгоҳҳо ва маводе, ки тавассути онҳо эҳтимолияти вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ пешниҳод шудааст, мумкин аст чораҳои таъминкунии муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳабс гирифтани ин объектҳо, татбиқ карда шаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 840

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе,

31 майи соли 2012, № 812

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 333