Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 833 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181, №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1, №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604, №12, мод. 829) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 12 қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ӯ бо тартиби муқарраргардида сертификат дода мешавад.".

2. Сархати якуми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамояд;".

3. Ба қисми якуми моддаи 39 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад;".

4. Дар моддаи 46:

- ба сархати якум пас аз калимаи "мансубанд," калимаҳои "инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда," илова карда шаванд;

- сархати дуюм хориҷ карда шавад;

- аз сархати чорум калимаҳои "ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи апеллятсионӣ" хориҷ карда шаванд.

5. Дар қисми дуюми моддаи 48:

- дар сархати сеюм калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шуда, пас аз калимаи "қарорҳои" калимаҳои "судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаҳои "кассатсионӣ" ва "судҳои иқтисодӣ," мувофиқан ба калимаҳои "назоратӣ" ва "судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон," иваз карда шаванд.

6. Дар сархати чоруми моддаи 50 калимаи "коллегияҳои" ба калимаи "коллегияи" иваз карда шавад.

7. Моддаи 57 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 57. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ ташкил карда мешавад, ки онро Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Ҳангоми ҳозир набудани ӯ, бо амри Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини дигар ё яке аз судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллегияи судӣ раисӣ мекунад.

Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд, таҷрибаи судиро меомӯзад ва ҷамъбаст мекунад, доир ба такмил додани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таклифҳо таҳия месозад, омори судиро таҳлил мекунад, инчунин ваколатҳои дигареро, ки дастури Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ менамояд.".

8. Ба қисми дуюми моддаи 59 сархатҳои ҳаштум ва нӯҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад;".

9. Дар қисми дуюми моддаи 60 калимаҳои "ба коллегияҳои" ва "менамоянд" мувофиқан ба калимаҳои "метавонанд ба коллегияи" ва "намоянд" иваз карда шаванд.

10. Ба сархати дуюми моддаи 68 ва сархати сеюми қисми якуми моддаи 82 пеш аз калимаҳои "парвандаҳоро" ва "парвандаҳои" калимаҳои "тибқи тартиби муқарраргардида" илова карда шаванд.

11. Сархати якуми қисми якуми моддаи 76 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамоянд;".

12. Дар моддаи 88:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"дар маҷлисҳои судӣ раисӣ мекунад;";

- сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамояд;

судяҳоеро, ки парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд, муайян менамояд;".

13. Аз сархати якуми қисми якуми моддаи 92 калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ," хориҷ карда шаванд.

14. Сархати сеюми қисми якуми моддаи 93 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;".

15. Моддаи 93(1) хориҷ карда шавад.

16. Ба моддаи 97 сархатҳои даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳо тасдиқ менамояд;

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судя муқаррар мекунад.".

17. Дар қисми дуюми моддаи 134 калимаҳои "чун қоида," хориҷ карда шуда, калимаҳои "таҳсилоти миёнаи ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти миёнаи ҳуқуқшиносӣ ва ё таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ" иваз карда шаванд.

18. Ба моддаи 135 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе охири ҳар сол дар бораи фаъолияти солонаи худ мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакл ва тартиби муқарраргардида ахборот пешниҳод менамоянд.".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 833

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 25 апрели соли 2012, №740

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар боаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 320