Банди 293 Замимаи 1 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 290 аз эътибор соқит дониста шуд
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2004 № 190, аз 21.10.2004 № 421, аз 07.09.2006 № 420, аз 03.10.2006 № 469, аз 28.12.2006 № 590, аз 28.12.2006 № 614, аз 01.08.2008 № 384, аз 30.03.2010 № 187, аз 02.10.2010 № 528, аз 30.04.2011 № 244, аз 31.05.2012 № 290, аз 29.12.2012 № 742)
Бо мақсади тезонидани ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замимагардидаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013 тасдиқ карда шавад ().
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 100 фоиз саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии боқимонда ва ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар давраи солҳои 2010-2012 дар заминаи корхонаҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд, тибқи бандҳои "а" ва "б" боби II Нақшаи стратегӣ пурра таъмин намояд ().
3. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурии объектҳое, ки мувофиқи талаботи Нақшаи стратегии мазкур хусусӣ гардонида мешаванд, пешниҳод намоянд ().
4. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 457 "Дар бораи таъсиси базаҳои технологӣ ва сертификатсияи сифати техникаи автомобилӣ дар нақлиёти автомобилӣ" ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 № 287 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 № 418 "Дар бораи тасдиқи номгӯи корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1999 № 326 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 47 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 257 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 82 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002 - 2004 хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 № 189 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 № 295 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002 - 2004";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2002 № 352 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 ноябри соли 2003 № 486
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 ноябри соли 2003, № 486
тасдиқ шудааст
Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013
Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013 тадбирҳои минбаъдаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, номгӯи корхонаҳое, ки мутобиқан хусусӣ ё реструктуризатсия мешаванд, принсипҳои амалиёти роҳбарикунанда ва мӯҳлати хусусигардонии тамоми корхонаҳои миёна ва калони давлатиро муқаррар мекунад (, аз 29.12.2012 № 742).
I. Мақсад ва вазифаҳои Нақшаи стратегӣ
Мақсади асосии Нақшаи стратегӣ давра ба давра то охири соли 2012 ғайридавлатикунонии тамоми корхонаҳои миёна ва калон, ҷиҳати вусъат додани тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташуккули муносибатҳои бозорӣ, муҳайё намудани шароит барои инкишофи мӯътадили бахши хусусӣ, таъсиси шаклҳои замонавии хоҷагидорӣ, ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани истифодабарии самараноки воситаҳои асосии корхонаҳо, кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо кор бештар таъмин кардани аҳолӣ мебошад (, аз 30.03.2010 № 187).
Мақсадҳои гузошташуда дар доираи дигаргунсозиҳои сохтории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар шаффофӣ, ошкорбаёнӣ ва рақобатнокӣ асос ёфтааст, ба амал бароварда мешаванд.
Қисми асосии таркибии Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши хусусигардонӣ - ин нигоҳдории мувозинати байни саморанокӣ, шаффофӣ ва кӯшиши лозим, ҳамчунин истифодаи ҳар кадоми он, дар пурра мегардонидани дуи дигар ташкил медиҳад.
Барои ба ин мақсад расидан дар бахши хусусигардонӣ дар давраи солҳои 2003-2013 бояд вазифаҳои асосии зерин ҳал карда шаванд (, аз 29.12.2012 № 742):
- ба итмом расонидани хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон;
- реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсуси калон бо назардошти имкониятҳои минбаъдаи хусусигардонии онҳо;
- такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ.
Вазифаҳои зерини стратегӣ давра ба давра, мувофиқи мӯҳлатҳои дар Ҷадвали 1 муқарраршуда ҳал карда мешаванд:
+----------+------+--------------------------------------------------ҷ
| Давраҳо | Солҳо| Вазифаҳо |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи I | 2003 |1. Такмили санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ ва қабули |
| | | санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ. |
| | |2. Муҳайё намудани шароитҳо барои таъмини шаффофӣ |
| | | ва ошкорбаёнӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки бояд соли |
| | | 2004 хусусӣ гардонида шаванд. |

|Давраи II | 2004 |1. Ба итмом(1) расонидани хусусигардонии 110 |
| | | корхонаҳои миёна ва калон. |
| | |2. Омода намудани лоиҳаҳои реструктуризатсияи |
| | | субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои |
| | | махсусан калон. |

| | | 2005 хусусӣ гардонида шаванд. |

|Давраи III| 2005 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 138 корхо- |
| | | наҳои миёна ва калон. |
| | |2. Таҳияи реструктуризатсияи лоиҳаи субъектҳои |
| | | монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан |
| | | калон. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки соли 2006 |
| | | хусусӣ гардонида мешаванд. |

|Давраи IV | 2006 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 144 корхонаи|
| | | миёна ва калон. |
| | |2. Таҳияи лоиҳаҳои инфиродӣ оид ба субъектҳои |

| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки соли 2012 |
| | | хусусӣ гардонида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ |
| | | аз 01.08.2008 № 384, аз 30.03.2010 № 187) |

|Давраи V | 2012 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 67 корхонаи |
| |(қарор| миёна ва калон. |
| |аз |2. Реструктуризатсияи субъектҳои монополияҳои |
| |01.08.| табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон. |
| |2008 | |
| |№384),| |
| |аз 30.| |
| |03.10.| |
| |№ 187)| |

________________________________
(1) Хусусигардонӣ баъди ба таври расмӣ супоридани ҳуқуқи моликӣ дар ҳолати пурра пардохт гардидани маблағи амволи хусусигардонидашуда, ба итмомрасида ба ҳисоб меравад.
Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон (замимаҳои 1, 2, 3), ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Нақшаи стратегӣ мутобиқан хусусӣ ё реструктуризатсия мешаванд, ҷузъи ҷудонашавандаи он ба шумор меравад.
Тамоми корхонаҳои миёна ва калоне, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо карда шудааст:
а) корхонаҳои миёна ва калоне, ки дар савдои музоядавӣ бо усули англисӣ мутобиқи номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 1) хусусӣ гардонида мешаванд;
б) корхонаҳои миёна ва калон, ки дар тендерҳои инвеститсионӣ дар асоси номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 2) хусусӣ гардонида мешаванд.
Ҳангоми шавқманд будани сармоягузорон, мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идоракунии амволи давлатӣ ваколатдоршуда, метавонад хусусигардонии корхонаҳоро ҳар сол, ба мӯҳлати дигар, на он солҳое, ки дар Замимаҳои 1 ва 2 нишон дода шудаанд, гузаронад. Аммо шумораи корхонаҳое, ки дар тӯли ҳар сол хусусӣ гардонида мешаванд, аз миқдори дар Ҷадвали 1 нишон додашуда, набояд кам бошад.
в) илова ба корхонаҳои дар Замимаҳои 1 ва 2 овардашуда, дигар корхонаҳои давлатие, ки дар солҳои 2003-2013 ба ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода табдил дода мешаванд, мувофиқи қоидаҳои дар қисмҳои II ва III муқарраршудаи ин Нақшаи стратегӣ хусусӣ гардонида мешаванд (, аз 30.03.2010 № 187, аз 29.12.2012 № 742).
г) корхонаҳои ба субъекти монополияҳои табиӣ мансуббуда ва корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд
II. Тартиби хусусигардониии корхонаҳое, ки дар замимаҳои ва 2 Нақшаи стратегӣ нишон дода шудаанд:
а) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2010-2012 таъсис дода шудаанд, дар музояда бо усули англисӣ бо нархи ибтидоӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фурӯш гузошта мешаванд;
б) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомии дар давраи солҳои 2010-2012 таъсисдодашуда, ки дар музояда бо усули англисӣ ба фурӯш нарафтаанд, дар мӯҳлати 35 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаштани ин музояда ба тендери инвеститсионӣ ба андозаи 50 фоиз аз нархи ибтидоии бо усули англисӣ ба савдо баровардашуда ба фурӯш гузошта мешаванд;
в) нисбати корхонаҳое, ки дар тендери инвеститсионӣ ба фурӯш нарафтаанд, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаронидани тендери инвеститсионӣ мутобиқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи расмиёти муфлисшавиро оғоз менамояд;
г) ҳангоми аз тарафи суд рад гардидани аризаи муфлисшавии корхона, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ аз санаи қабули қарори суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи барҳамдиҳии корхонаро баррасӣ менамояд;
д) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар музояда фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда амалӣ мегардад;
е) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар тендерҳои инвеститсионӣ фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои тендерӣ, пас аз ду сол амалӣ мегардад;
ё) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатиро дар музоядаҳо ва тендерҳо тасдиқ менамояд. Ҳангоми зарурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба ворид намудани илова ва тағйирот ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, ба мақомоти қонунгузорӣ ирсол менамояд.
Ваколати қабули қарор барои дар музояда ва тендерҳои инвеститсионӣ ба фурӯш гузоштани корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад ().
III. Корхонаҳое, ки ба субъекти монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон (Замимаи 3) мансубанд
Барои корхонаҳое, ки ба субъектҳои монополияи табиӣ мансуббуда корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд (Замимаи 3), то охири соли 2005 нақшаҳои лоиҳаҳои инфиродӣ бо назардошти реструктуризатсия (супоридан ба консессия, барои идораи беруна, азнавташкилдиҳӣ) ё хусусигардонии онҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ таҳия карда мешаванд.
IV. Иҷрокунанда ва манбаҳои маблағгузории вобаста ба амал баровардани Нақшаи стратегӣ
1. Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ иҷрокунандаи бевоситаи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013 мебошад (, аз 29.12.2012 № 742).
2. Бо ин мақсад то 1 январи соли 2004 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатиро дар таҳрири нав бо назардошти сохторҳои дар маҳалҳо буда, шумораи зарурии кормандони Дастгоҳи марказӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар Нақшаи стратегӣ гузошташуда тасдиқ мекунад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷетӣ ва ё дигар сарчашмаҳоро мутобиқи қонунгузории амалкунанда барои мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ баҳри таъмини иҷрои Нақшаи стратегӣ пешбинӣ менамояд.
4. Маблағгузории иловагии ҷараёни иҷрои Нақшаи стратегӣ ҳам аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшавандаи институтҳои байналмилалии молиявӣ (грант ва ёрии техникӣ) амалӣ мегардад.
V. Асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои дастгирии Нақшаи стратегӣ
Бо мақсади саривақт ва босифат таъмин намудани иҷрои Нақшаи стратегӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ, бо иштироки экспертҳои байналмилалӣ ва бо ҷалби ёрии техникӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои таҳия намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ҷараёни хусусигардонӣ ва муносибатҳои амволиро ба танзим медароранд, таъсис медиҳад.
Ҳамаи тағйиротҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла санадҳои меъёрию ҳуқуқии наве, ки барои иҷрои Нақшаи стратегӣ заруранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2004 қабул мекунад, ва онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин Стратегия ба ҳисоб мераванд.
VI. Шаффофӣ ва ошкорбаёнӣ
Ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки таъмини шаффофӣ ва ошкорбаёниро дар гузаронидани раванди хусусигардонӣ мутобиқи ҳамин Нақшаи стратегӣ, амалӣ гардонад.
Дар сурати мавҷуд будани кӯмаки техникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофӣ ва ошкорбаёнӣ ҷараёни хусусигардонӣ ва барои ташкили маъракаи рекламавии зарурӣ дар асоси озмун ширкатро интихоб менамояд, ки дар ин соҳа махсус гардонидашудаи ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ кӯмак мерасонад.
Ниг. ба Замимаҳои 1 - 3
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012
Бо мақсади тезонидани ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замимагардидаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 тасдиқ карда шавад ().
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 100 фоиз саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии боқимонда ва ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар давраи солҳои 2010-2012 дар заминаи корхонаҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд, тибқи бандҳои "а" ва "б" боби II Нақшаи стратегӣ пурра таъмин намояд ().
3. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурии объектҳое, ки мувофиқи талаботи Нақшаи стратегии мазкур хусусӣ гардонида мешаванд, пешниҳод намоянд ().
4. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 457 "Дар бораи таъсиси базаҳои технологӣ ва сертификатсияи сифати техникаи автомобилӣ дар нақлиёти автомобилӣ" ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 № 287 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 № 418 "Дар бораи тасдиқи номгӯи корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1999 № 326 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 47 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 257 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 82 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002 - 2004 хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 № 189 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 № 295 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002 - 2004";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2002 № 352 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 ноябри соли 2003 № 486
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 ноябри соли 2003, № 486
тасдиқ шудааст
Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012
Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 тадбирҳои минбаъдаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, номгӯи корхонаҳое, ки мутобиқан хусусӣ ё реструктуризатсия мешаванд, принсипҳои амалиёти роҳбарикунанда ва мӯҳлати хусусигардонии тамоми корхонаҳои миёна ва калони давлатиро муқаррар мекунад ().
I. Мақсад ва вазифаҳои Нақшаи стратегӣ
Мақсади асосии Нақшаи стратегӣ давра ба давра то охири соли 2012 ғайридавлатикунонии тамоми корхонаҳои миёна ва калон, ҷиҳати вусъат додани тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташуккули муносибатҳои бозорӣ, муҳайё намудани шароит барои инкишофи мӯътадили бахши хусусӣ, таъсиси шаклҳои замонавии хоҷагидорӣ, ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани истифодабарии самараноки воситаҳои асосии корхонаҳо, кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо кор бештар таъмин кардани аҳолӣ мебошад (, аз 30.03.2010 № 187).
Мақсадҳои гузошташуда дар доираи дигаргунсозиҳои сохтории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар шаффофӣ, ошкорбаёнӣ ва рақобатнокӣ асос ёфтааст, ба амал бароварда мешаванд.
Қисми асосии таркибии Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши хусусигардонӣ - ин нигоҳдории мувозинати байни саморанокӣ, шаффофӣ ва кӯшиши лозим, ҳамчунин истифодаи ҳар кадоми он, дар пурра мегардонидани дуи дигар ташкил медиҳад.
Барои ба ин мақсад расидан дар бахши хусусигардонӣ дар давраи солҳои 2003-2012 бояд вазифаҳои асосии зерин ҳал карда шаванд ():
- ба итмом расонидани хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон;
- реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсуси калон бо назардошти имкониятҳои минбаъдаи хусусигардонии онҳо;
- такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ.
Вазифаҳои зерини стратегӣ давра ба давра, мувофиқи мӯҳлатҳои дар Ҷадвали 1 муқарраршуда ҳал карда мешаванд:
+----------+------+--------------------------------------------------ҷ
| Давраҳо | Солҳо| Вазифаҳо |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи I | 2003 |1. Такмили санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ ва қабули |
| | | санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ. |
| | |2. Муҳайё намудани шароитҳо барои таъмини шаффофӣ |
| | | ва ошкорбаёнӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки бояд соли |
| | | 2004 хусусӣ гардонида шаванд. |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи II | 2004 |1. Ба итмом(1) расонидани хусусигардонии 110 |
| | | корхонаҳои миёна ва калон. |
| | |2. Омода намудани лоиҳаҳои реструктуризатсияи |
| | | субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои |
| | | махсусан калон. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки бояд соли |
| | | 2005 хусусӣ гардонида шаванд. |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи III| 2005 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 138 корхо- |
| | | наҳои миёна ва калон. |
| | |2. Таҳияи реструктуризатсияи лоиҳаи субъектҳои |
| | | монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан |
| | | калон. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки соли 2006 |
| | | хусусӣ гардонида мешаванд. |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи IV | 2006 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 144 корхонаи|
| | | миёна ва калон. |
| | |2. Таҳияи лоиҳаҳои инфиродӣ оид ба субъектҳои |
| | | монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан |
| | | калон. |
| | |3. Таҳлил ва омодасозии корхонаҳое, ки соли 2012 |
| | | хусусӣ гардонида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ |
| | | аз 01.08.2008 № 384, аз 30.03.2010 № 187) |
+----------+------+--------------------------------------------------+
|Давраи V | 2012 |1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 67 корхонаи |
| |(қарор| миёна ва калон. |
| |аз |2. Реструктуризатсияи субъектҳои монополияҳои |
| |01.08.| табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон. |
| |2008 | |
| |№384),| |
| |аз 30.| |
| |03.10.| |
| |№ 187)| |
+----------+------+--------------------------------------------------+
________________________________
(1) Хусусигардонӣ баъди ба таври расмӣ супоридани ҳуқуқи моликӣ дар ҳолати пурра пардохт гардидани маблағи амволи хусусигардонидашуда, ба итмомрасида ба ҳисоб меравад.
Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон (замимаҳои 1, 2, 3), ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Нақшаи стратегӣ мутобиқан хусусӣ ё реструктуризатсия мешаванд, ҷузъи ҷудонашавандаи он ба шумор меравад.
Тамоми корхонаҳои миёна ва калоне, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо карда шудааст:
а) корхонаҳои миёна ва калоне, ки дар савдои музоядавӣ бо усули англисӣ мутобиқи номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 1) хусусӣ гардонида мешаванд;
б) корхонаҳои миёна ва калон, ки дар тендерҳои инвеститсионӣ дар асоси номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 2) хусусӣ гардонида мешаванд.
Ҳангоми шавқманд будани сармоягузорон, мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идоракунии амволи давлатӣ ваколатдоршуда, метавонад хусусигардонии корхонаҳоро ҳар сол, ба мӯҳлати дигар, на он солҳое, ки дар Замимаҳои 1 ва 2 нишон дода шудаанд, гузаронад. Аммо шумораи корхонаҳое, ки дар тӯли ҳар сол хусусӣ гардонида мешаванд, аз миқдори дар Ҷадвали 1 нишон додашуда, набояд кам бошад.
в) илова ба корхонаҳои дар Замимаҳои 1 ва 2 овардашуда, дигар корхонаҳои давлатие, ки дар солҳои 2003-2012 ба ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода табдил дода мешаванд, мувофиқи қоидаҳои дар қисмҳои II ва III муқарраршудаи ин Нақшаи стратегӣ хусусӣ гардонида мешаванд (, аз 30.03.2010 № 187).
г) корхонаҳои ба субъекти монополияҳои табиӣ мансуббуда ва корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд
II. Тартиби хусусигардониии корхонаҳое, ки дар замимаҳои ва 2 Нақшаи стратегӣ нишон дода шудаанд:
а) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2010-2012 таъсис дода шудаанд, дар музояда бо усули англисӣ бо нархи ибтидоӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фурӯш гузошта мешаванд;
б) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомии дар давраи солҳои 2010-2012 таъсисдодашуда, ки дар музояда бо усули англисӣ ба фурӯш нарафтаанд, дар мӯҳлати 35 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаштани ин музояда ба тендери инвеститсионӣ ба андозаи 50 фоиз аз нархи ибтидоии бо усули англисӣ ба савдо баровардашуда ба фурӯш гузошта мешаванд;
в) нисбати корхонаҳое, ки дар тендери инвеститсионӣ ба фурӯш нарафтаанд, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаронидани тендери инвеститсионӣ мутобиқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи расмиёти муфлисшавиро оғоз менамояд;
г) ҳангоми аз тарафи суд рад гардидани аризаи муфлисшавии корхона, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ аз санаи қабули қарори суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи барҳамдиҳии корхонаро баррасӣ менамояд;
д) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар музояда фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда амалӣ мегардад;
е) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар тендерҳои инвеститсионӣ фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои тендерӣ, пас аз ду сол амалӣ мегардад;
ё) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатиро дар музоядаҳо ва тендерҳо тасдиқ менамояд. Ҳангоми зарурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба ворид намудани илова ва тағйирот ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, ба мақомоти қонунгузорӣ ирсол менамояд.
Ваколати қабули қарор барои дар музояда ва тендерҳои инвеститсионӣ ба фурӯш гузоштани корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад().
III. Корхонаҳое, ки ба субъекти монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон (Замимаи 3) мансубанд
Барои корхонаҳое, ки ба субъектҳои монополияи табиӣ мансуббуда корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд (Замимаи 3), то охири соли 2005 нақшаҳои лоиҳаҳои инфиродӣ бо назардошти реструктуризатсия (супоридан ба консессия, барои идораи беруна, азнавташкилдиҳӣ) ё хусусигардонии онҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ таҳия карда мешаванд.
IV. Иҷрокунанда ва манбаҳои маблағгузории вобаста ба амал баровардани Нақшаи стратегӣ
1. Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ иҷрокунандаи бевоситаи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 мебошад ().