Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2012, № 285
Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
§1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Қоидаҳо) ташкил ва пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Феҳрист)-ро муайян намуда, маҷмӯи маълумот оид ба ҳучҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, аз нав ба расмият даровардашуда, боздошташуда, азнавбарқароршуда ва бекор кардашударо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда (минбаъд - мақоми иҷозатдиҳанда) амалӣ гардонида шудаанд, дар бар мегирад.
2. Феҳрист аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда ташкил карда шуда, дар шакли чопӣ ва шакли электронӣ пеш бурда мешавад.
3. Ҳангоми номутобиқати маълумоти шакли чопӣ ба маълумоти шакли электронӣ, бартарият ба маълумоти шакли чопии Феҳрист дода мешавад.
4. Вазифаҳои асосии пешбурди Феҳрист:
- ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои ба соҳибкорӣ машғул мешаванд;
- риоя намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва Қоидаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
- пешбурди тартиби ягонаи коргузорӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- ошкорсозӣ, пешгирӣ ва решакан намудани саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми пешбурди Феҳрист, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои соҳибкорон, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар мерасонанд, инчунин муайян намудани сабаб ва ҳолати ба вуҷуд омадани ҳуқуқвайронкуниҳо.
...