ТАРТИБИ ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ
1. Тартиби мазкур қоидаҳои тартиби дар замони осоишта, дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданиро муайян менамояд.
2. Ба иншоотҳои мудофиаи гражданӣ паноҳгоҳҳо, паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ, анборҳои махсусгардонидашуда барои нигоҳдории амволи мудофиаи гражданӣ, нуқтаҳои санитарию шустушӯӣ, стансияи безараргардонии сару либос ва нақлиёт, инчунин дигар иншоотҳои барои таъмини гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ пешбинигардида дохил мешаванд.
3. Паноҳгохҳо барои ҳифзи инҳо ташкил карда мешаванд:
- кормандони бастҳои зиёди кории дар минтақаҳои эҳтимолии вайроншавии сахт ҷойгирбуда ва дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг фаъолияти худро идомадиҳанда, инчунин кормандоне, ки дар бастҳои навбатдорӣ ва сарҳадии ташкилот кор карда, фаъолияти ҳаётии шаҳрҳои ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ тааллуқдошта ва ташкилотҳои ба дараҷаҳои махсусан муҳими мудофиаи гражданӣ мансуббударо таъмин менамоянд;
- беморони бистарии интиқолнашавандаи муассисаҳои тандурустии дар минтақаҳои эҳтимолии вайроншавии сахт ҷойгирбуда, инчунин кормандони тиббии ба онҳо хизматрасонанда;
- аҳолии қобили меҳнати шаҳрҳои ба гурӯҳи махсуси мудофиаи гражданӣ тааллуқдошта.
4. Паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ барои ҳифзи:
- кормандони ташкилотҳои берун аз ҳудуди минтақаи эҳтимолии вайроншавии сахт ҷойгирбуда ва дар давраҳои сафарбарӣ ва замони ҷанг фаъолияти худро идомадиҳанда;
- аҳолии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишини ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуббуда, инчунин аҳолии аз шаҳрҳо эвакуатсияшудаи мансуб ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ, минтақаҳои эҳтимолии вайроншавии сахт, ташкилотҳои ба дараҷаи махсусан муҳими мудофиаи гражданӣ тааллуқдошта ва минтақаҳои эҳтимолии зериобмонии садамавӣ ташкил карда мешаванд.
5. Анборҳои махсусгардонидашуда барои нигоҳдории воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, асбобҳои иктишофи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, назорати дозиметрӣ ва дигар воситаҳои мудофиаи гражданӣ ташкил карда мешаванд.
6. Нуқтаҳои санитарию шустушӯӣ, истгоҳҳои (стансияҳои) безараргардонии сару либос ва нақлиёт ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ барои таъмини ҳифзи тиббӣ ва таъминоти аввалиндараҷаи ҳаётии аҳолӣ, коркарди санитарии одамон ва ҳайвонот, коркарди махсуси сару либос ва воситаҳои нақлиёт ташкил карда мешаванд.
7. Бунёди иншоотҳои мудофиаи гражданӣ дар замони осоишта мутобиқи нақшаи аз тарафи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳиягардида, дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
8. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаботи умумиро ба иншоотҳои мудофиаи гражданӣ барои ташкилотҳои тобеи онҳо муайян менамоянд;
- ташкили мудофиаи гражданиро ба роҳ мемонанд;
- дар доираи салоҳияти худ таклифу пешниҳодҳоро оид ба сохтмони иншоотҳои мудофиаи гражданӣ манзур намуда, талаботи онҳоро ба маълумоти ташкилотҳои зикршуда мерасонанд ва иҷрои онҳоро назорат менамоянд;
- назоратро аз болои сохтмони иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ ҷиҳати истифодабарӣ нигоҳ доштани онҳоро ба роҳ мемонанд;
- баҳисобгирии иншоотҳои мавҷуда ва ташкилшавандаи мудофиаи гражданиро ба ҷо меоранд.
9. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудудҳои дахлдор:
- фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳои) мудофиаи гражданиро дар ҳудуди худ ташкил медиҳанд;
- талаботи умумиро ба иншоотҳои мудофиаи гражданӣ муайян менамоянд;
- дар замони осоишта иншоотҳои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифода нигоҳ медоранд;
- баҳисобгирии иншоотҳои мавҷуда ва иншоотҳои мудофиаи гражданиро ба ҷо меоранд.
10. Ташкилотҳо:
- дар замони осоишта дар мувофиқа бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иншоотҳои мудофиаи гражданиро ташкил менамоянд;
- амнияти иншоотҳои мудофиаи гражданиро таъмин намуда, ҷиҳати дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифода нигоҳ доштани онҳо чораҳо меандешанд.
11. Ташкили иншоотҳои мудофиаи гражданӣ дар давраҳои сафарбарӣ ва замони ҷанг мутобиқи супоришҳои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ки дар нақшаҳои сафарбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо пешбинӣ гардидаанд, ба амал бароварда мешавад.
12. Ташкили иншоотҳои мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби мутобиқгардонии биноҳои мавҷуда, таъмиршуда ва азнавсохташуда, ки мувофиқи мансубияти худ метавонанд ҳамчун иншоотҳои мудофиаи гражданӣ истифода шаванд, инчунин сохтмони ин иншоотҳо ба амал бароварда мешавад. Ба сифати иншоотҳои мудофиаи гражданӣ инчунин иншоотҳои барои таъмини ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидоштаро низ истифода бурдан мумкин аст.
13. Дар замони осоишта иншоотҳои мудофиаи гражданиро бо тартиби муқарраргардида ба манфиати иқтисодиёт ва хизматрасонии аҳолӣ, инчунин бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз омилҳои зараррасон, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ба амал омадаанд, бо нигоҳ доштани имкониятҳои дар мӯҳлати муқарраргардида ба ҳолати омодагӣ овардани онҳо мувофиқи таъинот истифода бурдан мумкин аст.
14. Таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо дар қисмати риояи талаботи "Меъёрҳои лоиҳакашии иншоотҳои муҳандисию техникӣ" дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо оид ба таҳияи қисмати чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданӣ дар асоси меъёрҳою қоидаҳои сохтмонӣ ва қоидаҳои аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ мегардад.
15. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ташкили иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодабарӣ нигоҳ доштани онҳо қабул менамояд;
- дар гузаронидани таҷдид ва аз нав муҷаҳҳазгардонии техникии иншоотҳои мудофиаи гражданӣ иштирок менамояд;
- мувофиқакунонии лоиҳаҳои намунавӣ ва махсуси иншоотҳои мудофиаи гражданиро ба роҳ мемонад:
- баҳисобгирии иншоотҳои мавҷуда ва сохташавандаи мудофиаи гражданиро ба роҳ мемонад:
- дар тартиб додани қисмати чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда иштирок менамояд;
- аз рӯи ташкили иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодабарӣ нигоҳ доштани онҳо роҳбарии методӣ ва назоратро амалӣ мегардонад.
16. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, масъалаҳои марбут ба лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои мудофиаи гражданиро бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд.