Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо (минбаъд - Тартиб) санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
2. Бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ ва азнавбақайдгирии мошинҳо аз тарафи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Бозрасӣ) ва мақомоти он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.
3. Иҷрои Тартиби мазкур барои ҳамаи хоҷагиҳо, корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеият ва шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар тавозуни худ тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо (минбаъд - мошинҳо) доранд, ҳатмист.
4. Бақайдгирии мошинҳо бо додани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва рақами давлатӣ, ба мақсади баланд бардоштани масъулияти соҳибони ин воситаҳо, тақвияти назорати ҳолати техникӣ, гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии солона, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми иҷрои корҳои нақлиётию боркашонӣ ва иҷозат додан барои истифодабарии онҳо анҷом дода мешавад.
5. Истифодабарии мошинҳо бе шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатӣ манъ мебошад.
6. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки мошин гирифтаанд (харидорӣ намудаанд), вазифадоранд дар муддати даҳ шабонарӯз онро ба қайд гузоранд (аз нав ба қайд гузоранд).
7. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирӣ ва ё аз нав ба қайд гирифтани мошинҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Бақайдгирии мошинҳо
8. Бақайдгирии мошинҳо вазифаи соҳибони онҳо буда, он аз ҷониби Бозрасӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- мактуб (бо мӯҳр) ё аризаи соҳиби мошин, ки дар он маълумоти асосӣ нишон дода мешавад (замимаи 1);
- ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла молиявӣ, шартномавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани гирифтан ва ё харидории ин воситаҳоро тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷати аз тарафи заводи истеҳсолкунанда додашуда (формуляр, сертификат - шиносномаи техникии заводи истеҳсолкунанда);
- фармони (бо мӯҳр) хоҷагӣ, корхона, муассиса ё ташкилот дар бораи ба тавозун гирифтани мошин (бо нишондоди шахси масъул оид ба нигоҳорию истифодабарӣ ва суроғаи нигоҳдорӣ);
- санад оид ба ҳолати техникӣ ва мувофиқат ба талаботи техникаи бехатарӣ;
- ҳуҷҷатҳои молиявӣ (расидҳо) оид ба супоридани маблағҳои боҷ, муоинаи техникии ҳатмии солона ва суғуртаи ҳатмии давлатӣ;
- барои мошинҳои нав ё пеш дар истифодабуда, ки аз хориҷа ворид карда мешаванд, инчунин пешниҳод намудани нусхаи тасдиқшудаи эъломияи гумрукӣ (шаклҳои ТД-1, ТД-3), шаҳодатномаи воридотӣ (шакли 75/27, аслаш), шиносномаи техникӣ (барои мошинҳои пештар дар истифода буда), борхат (инвойс) ва варақаи бастабандӣ талаб карда мешавад.
9. Мошинҳое, ки аз ҳисоби қисмҳои асосӣ ва агрегатҳои мошинҳои аз ҳисоб баровардашуда ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ ба таври инфиродӣ барқарор карда шудаанд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибии онҳо, пас аз гузаронидани озмоиши истеҳсолӣ ва тартиби додани санади техникӣ ба қайд гирифта мешаванд.
10. Дар ҳолатҳои то фурӯхтан дар заводи истеҳсолкунанда қарор доштани мошин, ё барои фурӯш ба ташкилоту муассиса дода шудан ё дар ихтиёри соҳибкори инфиродии дар асоси иҷозатнома ба хариду фурӯш машғулбуда будани мошинҳо, бақайдгирии ҳатмии мошинҳо гузаронида намешавад.
11. Сохти (конструксияи) мошинҳои ба қайд гирифташаванда бояд ба талаботи бехатарӣ барои ҳхаёт, саломатии одамон, ҳифзи амвол ва муҳити зист, ки бо стандартҳо, сертификатҳо ва дигар санадҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҷавобгӯ бошад.
12. Муҳандисон - нозирони техникии Бозрасӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо вазифадоранд ба соҳибони мошинҳо дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо кӯмак намуда, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро дар масъалаи анҷомдиҳии бақайдгирӣ фаҳмонда диҳанд.
13. Ба Бозрасӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо, инчунин муҳандисоннозирони техникӣ ошкор ё паҳн намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дар вақти анҷомдиҳии бақайдгирӣ ба онҳо маълум гардиданд, ба ғайр аз мавридҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда, манъ мебошад.
14. Маълумот оид ба анҷомдиҳии бақайдгирӣ танҳо ба соҳибони мошинҳо дода мешавад. Маълумот оид ба анҷомдиҳии бақайдгирӣ, мошинҳои ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо, танҳо ба муассис ва мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Бозрасии давлатии автомобилӣ), дар асоси дархости хаттӣ дода мешавад.
15. Мошинҳои наве, ки бевосита аз заводи истеҳсолкунанда гирифта мешаванд, бе муоинаи техникӣ ва мошинҳои пештар дар истифода буда танҳо пас аз муоинаи техникӣ аз тарафи кормандони мақомоти Бозрасӣ ва тартиб додани санади санҷиши техникӣ ба қайд гирифта мешаванд (Замимаи 3).
16. Ба ҳар як мошин шиносномаи техникӣ (Замимаи 4), талони техникӣ (замимаи 5) ва аломати рақамии давлатӣ дода мешавад, ки ин ҳуҷҷатҳо мансубияти мошинро дар вақти истифодабарӣ тасдиқ менамоянд. Соҳибони мошинҳо маблағи арзиши шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва рақами давлатиро, ки андозаи он бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешакӣ пардохт менамоянд.
17. Пардохти боҷ ба буҷет, барои амалҳои Бозрасӣ, ки номгӯи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муқаррар гардидааст ва меъёри онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, низ аз тарафи соҳибони мошинҳо анҷом дода мешавад. Ҳисоб, пардохт ва баргардонидани маблағи пардохташудаи боҷ тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.
18. Шиносномаи техникӣ ва талони техникӣ дар дасти соҳиби мошин нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ба кор баромадани мошин талони техникӣ якҷоя бо роҳхат ба механизатор (ронанда) дода мешавад ва он бо талаби корманди мақомоти Бозрасӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ пешниҳод карда мешавад.
19. Тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии мошин бе ҳуҷҷатҳои техникӣ қатъиян манъ аст.
20. Шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии мошинҳо мувофиқи стандарти давлатӣ ба таври марказонидашуда аз тарафи Бозрасӣ тайёр карда шуда, мақомоти он дар маҳалҳо бо онҳо таъмин карда мешаванд.
21. Ҳангоми бақайдгирии мошинҳо ҳамаи маълумоти зарурӣ дар дафтари махсуси бақайдгирӣ сабт карда мешаванд (Замимаи 6).
22. Ҳангоми азнавбақайдгирии мошинҳо аз як шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеие, ки дар ҳудуди як ноҳия воқеъ мебошанд, аломати рақамии давлатӣ иваз карда намешавад. Дар ин хусус дар дафтари махсуси бақайдгири ва азқайдбарорӣ қайд дароварда мешавад.
3. Азнавбақайдгирии мошинҳо
23. Азнавбақайдгирии мошинҳо дар ҳолати иваз шудани соҳиби он, дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, санади дахлдори вазорат ё ташкилоти болоӣ (барои ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо), санади қабулу супоридан, пурра пардохт гардидани шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), шартномаи хариду фурӯш, ҳисобнома, ҳалномаи суд (дар сурати фавти соҳиби мошин), шиносномаи техникӣ сурат мегирад.
24. Дар дигар ҳолатҳо, инчунин дар вақти хариду фурӯш ва аз як тавозун ба тавозуни дигар додан аломати рақамии давлатии мошинҳо гирифта шуда, ҳангоми бақайдгирӣ дар ҷои нав аломати рақамии давлатии нав дода мешавад ва ин қайд дар дафтари махсуси бақайдгирӣ дарҷ мегардад (Замимаи 6).
25. Дар ҳама ҳолатҳое, ки суроғаи нигоҳдории мошин иваз мегардад (бо дигар шудан ё нашудани соҳибаш) дар ин бора дар дафтари махсуси бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ ва шиносномаи техникӣ тағийрот дароварда шуда, дар ҷои нави бақайдгирӣ талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии нав дода мешавад.
4. Аз қайд баровардани мошинҳо
26. Азқайдбарории мошинҳо дар асоси мактуб (бо мӯҳр) ва ё аризаи соҳиби он (замимаи 2) дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҳангоми хариду фурӯш, иваз шудани соҳиби мошин;
- ҳангоми бебозгашт аз тавозун ба тавозун гузаронидан;
- ҳангоми иваз шудани суроғаи нигоҳдорӣ ё маҳалли истиқомати соҳиби мошин;
- баъди аз ҳисоб баровардан, бо пешниҳоди санаду қарорҳои азҳисоббарорӣ, (барои ташкилоту хоҷагиҳои давлатӣ), инчунин қарори дахлдори мақомоти давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
27. Аз қайд баровардани мошинҳо дар асоси мактуб (бо мӯҳр тасдиқшуда), фармон ва ваколатномаи муассисаю ташкилот ва хоҷагиҳо, барои мошинҳои дар моликияти шахсӣ қарордошта бошад, дар асоси ариза ва нусхаи шиносномаи шаҳравандӣ, бо пешниҳод намудани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатӣ анҷом дода мешавад.
28. Дар вақти азқайдбарорӣ талони техникӣ ва аломати рақамии давлатӣ гирифта шуда, ба шиносномаи техникӣ ва дафтари махсуси бақайдгирӣ ва азқайдбарории мошинҳо қайд дароварда мешавад.
29. Ба ҷои нави бақайдгирӣ мошин бе аломати рақамии давлатӣ, бо рақами муваққатии "Транзит"-ӣ ба мӯҳлати 10 рӯз интиқол дода мешавад.
30. Мошине, ки аз ҳисоб бароварда мешавад, дар асоси мактуб ё аризаи соҳиби он бо гирифтани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии он аз ҷониби мақомоти Бозрасӣ аз қайд бароварда мешавад.
31. Асос барои азҳисоббарории мошинҳо ба муассисаву ташкилотҳо ва хоҷагиҳои давлатӣ қарори дахлдори мақомоти давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
32. Дар ҳолати муваққатан аз як ноҳия ба дигар ноҳия (барои иҷрои корҳои мавсимӣ ё ба иҷора додан) гузаронидани мошин, зиёда аз 2 моҳ дар ҷои нав ба кайди муваққатӣ гирифта мешавад.
5. Додани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва аломатҳои рақамии давлатӣ бар ивази рақамҳои фарсудашуда ё гумшуда
33. Шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии фарсудашудаи мошин дар асоси мактуб ё аризаи соҳиби он бо пешниҳоди шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии фарсудашуда иваз карда мешаванд.
34. Дар сурати иваз намудани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатии фарсудашуда танҳо маблағи арзиши онҳо ва маблағи хизматрасониҳо оид ба тағйиротдарорӣ пардохт карда мешавад.
35. Дар вақти додани шиносномаҳои техникӣ, талонҳои техникӣ ва аломати рақамии давлатии нав ба дафтари бақайдгирии мошинҳо тағйироти дахлдор дароварда мешавад.
36. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломатҳои рақамии давлатии мошин, додани ҳуҷҷату аломатҳои рақамии давлатии нав дар асоси мактуб ё аризаи соҳиби он, бо қайди на камтар аз ду шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) Бозрасии давлатии автомобилӣ ва ё мақомоти Бозрасӣ дар маҳалҳо, бобати дар онҳо мавҷуд набудани ҳуҷҷату аломатҳои рақамии давлатии гумшуда сурат мегирад.
37. Дар ин ҳолат низ ба дафтари бақайдгирии мошинҳо тағйирот дароварда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида маблағи арзиши хуҷҷатҳову аломатҳои рақамии давлатии гумшуда ва маблағи даровардани тағйироти даровардашуда пардохт мешавад.
6. Насби аломати рақамии давлатӣ ба мошинҳо
38. Аломатҳои рақамии давлатии мошинҳо часпонида мешаванд:
- дар ҷои махсуси барои часпонидани аломати рақамии давлатӣ пешбинигардидаи тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард;
- дар тракторҳо ва дигар мошинҳои худгарде, ки барои механизатор кабина дошта, ҷойи махсуси часпонидани аломати рақамии давлатӣ надоранд, аз қафои тарафи чапи болоӣ кабина, дар зери чароғаки фонусии болои кабина;
- дар ядакҳои тракторӣ дар ҷойҳои махсуси барои часпонидани аломати рақамии давлатӣ пешбинигардида ва дар сурати набудани ҷойи махсус дар тарафи чапи қафои ядак, дар зери девора.
39. Дар ҳама ҳолат аломати рақамии давлатии мошинҳо бояд мустаҳкам часпонида шуда, бо чароғаки фонусӣ, алалхусус дар мавриди иҷрои корҳои нақлиётии шабона ва кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ равшан карда шавад.
7. Тартиби тайёр намудан, баҳисобгирӣ ва нигохдории ҳуҷҷатҳои техникӣ ва аломатҳои рақамии давлатӣ
40. Аломатҳои рақамии давлатии мошинҳо тибқи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 10. 20-95 "Аломатҳои бақайдгирии давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт. Намуд ва андозаҳои асосӣ. Талаботи техникӣ" тайёр карда мешаванд.
41. Аломатҳои рақамии давлатии мошинҳо мувофиқи рамзҳои минтақавӣ (01- шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 02вилояти Суғд, 03- вилояти Хатлон, 04- ВМКБ), дар корхона ё сехҳои махсусгардонидашудаи тайёркунии аломатҳои рақамии давлатӣ бо фармоиши Бозрасӣ тайёр карда мешаванд.
42. Бозрасӣ мақомоти маҳаллии худро тибқи талабот ва рамзҳои минтақавӣ бо аломатҳои рақамии давлатӣ таъмин менамояд.
43. Шиносномаҳои техникӣ ва талонҳои техникии бақайдгирии мошинҳо мувофиқи намунаҳои аз тарафи Бозрасӣ муқарраршуда, бо фармоиши Бозрасӣ дар матбааҳои барои иҷрои чунин кор иҷозатнома дошта тайёр шуда, тибқи дархосту талабот ба мақомоти он дар маҳалҳо дастрас карда мешаванд.
44. Баҳисобгирии талабот, воридот ва сарфи шиносномаҳои техникӣ, талонҳои техникӣ ва аломатҳои рақамии давлатӣ аз тарафи мақомоти Бозрасӣ дар маҳалҳо, амалӣ гардида, бо ҳисоботи семоҳаи молиявӣ ба Бозрасӣ пешниҳод карда мешаванд.
45. Ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо бақайдгирӣ ва ё азқайдбарории мошинҳо бо додани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатӣ анҷом ёфтааст, дар ҷузвдон ва дафтарҳои алоҳида тагдӯзӣ шуда, дар муддати 5 (панҷ) сол дар мақомоти Бозрасӣ нигоҳ дошта мешаванд ва пас аз анҷоми ин мӯҳлат бо тартиб додани санади махсус нобуд карда мешаванд. Мӯҳлати нигоҳдории дафтарҳои бақайдгирӣ ва аз қайдбарории мошинҳо - 25 (бисту панҷ) сол пас аз пур карданашон мебошад.
46. Ҷавобгарӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии дурусти шиносномаҳои техникӣ, талонҳои техникӣ ва аломатҳои рақамии давлатии додашуда ба зиммаи соҳибони мошинҳо гузошта мешавад.
47. Ҳама масъалаҳои баҳснок, ки байни соҳибони мошинҳо ва мақомоти Бозрасӣ дар маҳалҳо ба вуҷуд меояд, аз тарафи Бозрасӣ баррасӣ мешавад. Дар сурати норозигии яке аз тарафҳо масъалаи баҳснок бо тартиби муқаррарнамуда бо роҳи судӣ ҳал мешавад.
Ниг. ба Замимаи 1 - 6
Порядок
регистрации и учёта тракторов, комбайнов, самоходных сельскохозяйственных, мелиоративных, дорожно- строительных машин, тракторных прицепов и полуприцепов
1. Общие положения
1. Порядок регистрации и учёта тракторов, комбайнов, самоходных сельскохозяйственных, мелиоративных, дорожно строительных машин, тракторных прицепов и полуприцепов (в дальнейшем - Порядок), является нормативным правовым актом, порядок проведения регистрации и учёта тракторов, комбайнов, самоходных сельскохозяйственных, мелиоративных, дорожно строительных машин, тракторных прицепов и полуприцепов регулирующим на всей территории Республики Таджикистан
2. Проведение регистрации, снятие с учета и перерегистрация машин осуществляется Государственной инспекцией по техническому надзору сельскохозяйственной техники Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан ( в дальнейшем Инспекции) и её органами на местах.
3. Исполнение настоящего Порядка обязательна для всех хозяйств, предприятий, объединений, учреждений и организаций, независимо от организационно-правовых форм, подчиненности и форм собственности, а также граждан Республики Таджикистан, лиц без гражданства, иностранных юридических и физических лиц, имеющих на своём балансе тракторов, комбайнов, самоходных сельскохозяйственных, мелиоративных, дорожно-строительных машин, тракторных прицепов и полуприцепов (в дальнейшем- машин).
4. Регистрация машин осуществляется выдачей технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака, с целью повышения ответственности владельцев этих средств, усиления надзора за техническим состоянием, проведения обязательного годового технического осмотра, соблюдения правил дорожного движения при выполнении транспортных работ и перевозке грузов, а также выдаче разрешении на их эксплуатацию.
5. Эксплуатация машин без технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака запрещена.
6. Все юридические лица и граждане Республики Таджикистан, а также иностранные граждане и лица без гражданства, получившие
машины (купившие машины), обязаны в течении десяти суток их регистрировать (перерегистрировать).
7. Юридические и физические лица за несоблюдения установленного порядка регистрации или перерегистрации машин, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
2. Регистрация машин
8. Регистрация машин является обязанностью их владельцев, и осуществляется Государственной инспекцией по техническому надзору сельскохозяйственной техники Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан и её органами на местах по представлении следующих документов:
- письмо (с печатью) или заявление владельца машины с указанием основных данных
(приложение 1);
- документов, в том числе финансовых, договорных и других. подтверждающих законность получения или приобретения машин;
- документа выдаваемого заводом -изготовителем (формуляр, сертификат -технический паспорт завода-изготовителя);
- приказа (с печатью) хозяйства, предприятия, учреждения или организации о принятии на баланс машины (с указанием ответственного лица за хранением и эксплуатацией, адреса стоянки хранения);
- акта технического состояния и соответствия требованиям техники безопасности;
- финансовых документов (квитанции) об уплате денежных средств сборов, обязательного годового технического осмотра и обязательного государственного страхования;
- для новых и бывших в употреблении машин, ввозимых из-за рубежа, также требуется предъявление заверенной копии таможенной декларации (форма ТД-1 или ТД-3), подлинник удостоверения ввоза (форма №75/27), технический паспорт (для машин б/у), накладная (инвойс) и упаковочный лист.
9. Машины, восстановленные индивидуально из базовых узлов и агрегатов списанных машин и других запасных частей, регистрируются на основании подтверждающих документов после проведения производственного испытания с составлением технического акта.
10. В случаях нахождения машин до реализации у завода изготовителя или передаче для реализации предприятиям и организациям или нахождения у индивидуального предпринимателя, занимающегося на основании лицензии куплей продажей машин, обязательная регистрация машин не осуществляется.
11. Конструкция регистрируемых машин должна отвечать требованиям безопасности жизнедеятельности, здоровья людей, охраны имущества и окружающей среды, установленных стандартами,
сертификатами и другими действующими в Республике Таджикистан нормативными правовыми актами.
12. Технические инженеры-инспекторы Инспекции и её органами на местах обязаны оказать помощь владельцам машин в реализации их прав и законных интересов, и разъяснить их права и обязанности в вопросах осуществления регистрации.
13. Инспекции и её органам на местах, а также техническим инженерам-инспекторам запрещается раскрывать или обнародовать сведения и документы, ставшие им известными при проведении работ по регистрации, кроме случаев, предусмотренных законодательством.
14. Сведения о проведении регистрации выдается только владельцам машин. Сведения о проведении работ по регистрации машин, регистрированных машинах и их владельцах представляется только учредителю и уполномоченным государственным органам, в том числе Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан (в дальнейшем Государственной автомобильной инспекции) на основании письменного запроса.
15. Новые машины, полученные непосредственно с заводовизготовителей, регистрируются органами Инспекции без проведения технического осмотра, а регистрация машин бывших в употреблении производится только после проведения технического осмотра и составления акта осмотра (приложение 3).
16. Каждой машине выдается технический паспорт (приложение 4), технический талон (приложение 5) и государственный номерной знак, и эти документы подтверждают принадлежность машины в период эксплуатации. Владельцы машин производят предоплату стоимости технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака, величина которых по согласованию с Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан утверждается Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан.
17. Уплата сборов в бюджет, за регистрационные действия Инспекции, перечень которых установлен Законом Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" и норма определена Правительством Республики Таджикистан, также производится владельцами машин. Исчисление, уплаты и возврат уплаченных сборов осуществляется в соответствии с установленном порядком.
18. Технический паспорт и технический талон находятся на хранении у владельца машины. Во время выхода машины на работу технический талон с путевым листом выдается механизатору (водителю), и предъявляется по требованию работником органом Инспекции и Государственной автомобильной инспекции.
19. В соответствии с законодательством Республики Таджикистан эксплуатация машин без технической документации категорически запрещена.
20. Техническим паспорт, технический талон и государственный номерной знак в соответствии с государственным стандартом изготавливаются централизованно Инспекции, и сё органами на местах обеспечиваются ими.
21. Во время регистрации машин все необходимые данные записываются в специальную книгу регистрации (приложение 6).
22. Во время перерегистрации машин с одного юридического или физического лица на другого юридического или физического лица, расположенных в пределах одного района, государственный номерной знак не меняется. Об этом делается запись в специальной книге регистрации и снятии с учета.
3. Перерегистрация машин
23. Перерегистрация машин в случае изменения её владельца производится на основании представленных документов: соответствующего акта министерства или вышестоящей организации (для предприятий, организаций и хозяйств), акта приема передачи, полной уплаты договора о финансовой аренде (лизинге), договора купли-продажи, справки-счета, решения суда (в случае смерти владельца), технического паспорта.
24. В других случаях, а также при купли-продаже и передаче с баланса на баланс государственный номерной знак изымается, при регистрации на новом месте выдается новый государственный номерной знак и производится запись в специальной книге регистрации (приложение 6).
25. Во всех случаях, когда происходит изменение адреса места стоянки машины (при изменении или не изменении владельца), об этом делается запись в специальной книге регистрации и снятии с учета, а также вносится изменение в технический паспорт, а на новом месте регистрации выдаются новые технический талон и государственный номерной знак.
4. Снятие машин с учета
26. Снятие машин с учета производится на основании письма с печатью) или заявления (приложение 2) владельца в следующих случаях:
- при купли-продаже, изменении владельца машины;
- при безвозмездной передаче с баланса на баланс;
- при изменении адреса места стоянки или места жительства владельца машины;
- после списания, по представлению актов и решений о списании (для государственных предприятий и хозяйств), а также постановлений органов Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом.
27. Снятие машин с учета производится на основании письма (с печатью), приказа и доверенности предприятий, организаций и хозяйств, а для машин находящихся в частной собственности,- на основании заявления и копии гражданского паспорта, с представлением технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака.
28. При снятии с учета изымаются технический талон и государственный номерной знак, а в техническом паспорте и специальной книге регистрации и снятии с учета производится соответствующая запись.
29. На новое место регистрации машина перемещается без государственного номерного знака, срок на 10 дней с временным "Транзит"ным номером.
30. Машина, подлежащая списанию, снимается с учета на основании письма или заявления её владельца, с изъятием технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака органами Инспекции.
31. Для государственных предприятий, организаций и хозяйств основанием для списания машин считается постановление Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом и её органах на местах.
32. В случае временного перемещения машины с одного района в другой район (выполнения сезонных работ или передачи в аренду), на новом месте в течении более двух месяцев ставится на временный учет.
5. Выдача технических документов и государственных номерных знаков взамен изношенных или утерянных
33. Изношенные технические паспорта, технические талоны и государственные номерные знаки подлежат замене на основании письма или заявления их владельцев, с представлением изношенных технических паспортов, технических талонов и государственных номерных знаков.
34. В случае замены изношенного технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака производится только оплата их стоимости и стоимость услуг по внесению изменений.
35. При выдаче новых технических паспортов, технических талонов и государственных номерных знаков вносятся соответствующие изменения в специальной книге регистрации машин.
36. В случае утери технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака, выдача новых производится на основании письма или заявления владельца, с отметкой в ней не менее двух районных (городских) органов Государственной автомобильной инспекции или районных органов Инспекции об отсутствии утерянных документов и государственных номерных знаков у них.
37. В этом случае также вносится изменение в книге регистрации машин, и взимается стоимость внесенных изменений и утерянных
документов и государственных номерных знаков, в соответствии с установленным порядком.
6. Крепление государственного номерного знака на машинах
38. Государственные номерные знаки машин крепятся:
- на тракторах и других самоходных машинах в местах, специально предназначенных для крепления государственного номерного знака;
- на тракторах и других самоходных машинах, имеющих кабину для механизатора, но не имеющих специального места для крепления, государственный номерной знак крепится в левой стороне под верхним габаритным фонарем задней части кабины;
- на тракторных прицепах, на специально предназначенном для крепления государственного номерного знака месте, а в случае отсутствия такого места, на левой нижней части заднего борта.
39. Во всех случаях государственные номерные знаки машин должны крепится прочно и освещаться габаритным фонарем, особенно при выполнении транспортных работ ночью и перевозке сельхозпродукции.
7. Порядок изготовления, учета и хранения технической документации и государственных номерных знаков
40. Государственные номерные знаки машин изготавливаются в соответствии с стандартом Республики Таджикистан СТ Т 10. 20-95 "Государственные регистрационные знаки для транспортных средств. Тип и основные размеры. Технические требования".
41. Государственные номерные знаки машин изготавливаются соответственно региональным кодам (01- город Душанбе и районы республиканского подчинения, 02- Согдийская область, 03- Хатлонская область, 04 - районы ГБАО) по заказу Государственной инспекцией по техническому надзору сельскохозяйственной техники Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан на специализированных предприятиях или цехах по изготовлению государственных номерных знаков.
42. Инспекции в соответствии с потребностью и региональным кодам обеспечивает государственными номерными знаками свои органы на местах.
43. Регистрационные технические паспорта и технические талоны машин изготавливаются типографиями, имеющими лицензию для выполнения таких работ в соответствии с образцами, установленными Инспекцией по заказу и согласно их заявкам и потребностям обеспечивает органами на местах.
44. Учет потребностей, поступлений и расходов технических паспортов, технических талонов и государственных номерных знаков
осуществляется областными, региональными и районными органами Инспекции, которые с квартальными финансовыми отчетами представляют в вышестоящие органы Инспекции.
45. Документы на основе которых проведена регистрация машин с выдачей технического паспорта, технического талона и государственного номерного знака или снятие машин с учета, подшивают в отдельные дела и книги, и хранятся в органах Инспекции в течении 5 (пять) лет, после истечении этого срока уничтожаются с составлением специального акта. Срок хранения книг по регистрации и снятию с учета машин - 25 (двадцать пять) лет после их заполнения.
46. Ответственность за сохранность и правильное использование выданных технических паспортов, технических талонов и государственных номерных знаков возлагается на владельцев машин.
47. Все спорные вопросы, возникающие между владельцами машин и местными органами Инспекции, рассматриваются вышестоящим органом данной Инспекции. В случае несогласия одной из сторон спорный вопрос решается в порядке, установленном судебными органами.
См. Приложения 1-6