Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31 " майи соли 2012, №264
тасдиқ шудааст
Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026
№ 93)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо (минбаъд - Тартиб) санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
2. Бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ ва азнавбақайдгирии мошинҳо аз тарафи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Бозрасӣ) ва мақомоти он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.
3. Иҷрои Тартиби мазкур барои ҳамаи хоҷагиҳо, корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеият ва шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар тавозуни худ тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо (минбаъд - мошинҳо) доранд, ҳатмист.
4. Бақайдгирии мошинҳо бо додани шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва рақами давлатӣ, ба мақсади баланд бардоштани масъулияти соҳибони ин воситаҳо, тақвияти назорати ҳолати техникӣ, гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии солона, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми иҷрои корҳои нақлиётию боркашонӣ ва иҷозат додан барои истифодабарии онҳо анҷом дода мешавад.
5. Истифодабарии мошинҳо бе шиносномаи техникӣ, талони техникӣ ва аломати рақамии давлатӣ манъ мебошад.
6. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки мошин гирифтаанд (харидорӣ намудаанд), вазифадоранд дар муддати даҳ шабонарӯз онро ба қайд гузоранд (аз нав ба қайд гузоранд).
7. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирӣ ва ё аз нав ба қайд гирифтани мошинҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
...