Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014
1. Муқаддима
Стратегияи сеюми идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2012-2014 бо дарназардошти тағйир ёфтани вазъияти молиявӣиқтисодии давлат, ба итмом расидани мӯҳлати Стратегияи пешинаи идоракунии қарзи давлатӣ ва бо зарурати тасҳеҳи меъёрҳои нишондиҳандаҳои асосие, ки устувории қарзро муайян месозанд, таҳия гардидааст.
Низоми идоракунии қарзи давлатӣ ифодакунандаи алоқамандии тартиботи буҷетӣ, молиявӣ, баҳисобгирӣ, ташкилӣ ва ғайраро дар бар мегирад, ки барои идоракунии самараноки қарзи давлатӣ ва паст намудани таъсири хаҷми қарз ба иқтисодиёти давлат равона гардидаанд.
Идоракунии сифатнок ва самараноки қарзи давлатӣ на танҳо маънои набудани ӯҳдадориҳои иҷронашудаи қарзиро дорад, балки зимнан як низоми ягонаи принсипҳои идоракунии қарз, таъсиси низоми шаффофи идоракуниро бо истифодаи тарғибот ва механизми аниқ дар назар дорад.
Риояи қатъии талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 рушди мӯътадил ва устуворнокии қарзии иқтисодиёти Тоҷикистонро таъмин намуд. Дар соли 2011 дар муқоиса бо соли 2010 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 0,9 воҳиди фоизӣ афзоиш ёфта, 7,4 фоизро(1) ташкил дод. Инчунин содирот низ 5,15 фоиз(2) зиёд гардид. Таносуби қарзи берунаи номиналӣ нисбати(2) Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба охири соли 2011ум 32,5 фоизро ташкил дод, ки ҳадди ниҳоии нишондиҳандаи мазкур 40 фоиз мебошад.
Дар Стратегияи мазкур ба рушди ояндаи бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ, чӣ бозори аввалиндараҷа ва чӣ бозори дуюмдараҷа, бо роҳи дароз намудани мӯҳлати пардохти векселҳои хазинадорӣ, инчунин тадриҷан зиёд намудани қарзгириҳои дохилӣ тавассути барориши қогазҳои қиматноки давлатӣ аҳамияти хоса дода шудааст.
Дар назар дошта мешавад, ки Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се сол нав карда мешавад. Вале бо дарназардошти тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ имконияти ворид намудани ислоҳот пешбинӣ карда мешавад.
2. Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014
Мақсади асосии Стратегияи мазкур, ки танзимкунандаи идоракунии қарзи давлатӣ аст, аз принсипҳои Стратегияи пешина замина гирифта, беҳдошти сифати идоракунии қарзи давлатӣ ва ба воситаи самаранок ва дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани қарзи давлатиро бо роҳи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷалбшаванда, инчунин паст кардани хароҷот барои хизматрасонии қарз дар давраи дарозмуддат дар бар мегирад.
Барои самаранок татбиқ намудани сиёсати қарзӣ чораҳои зерин андешида мешаванд:
- мукаммалгардонии низоми идоракунии қарз, ки баҳисобгирии мувофиқ ва мониторинги қарзи давлатӣ элементҳои муҳими он мебошанд;
- кафолатдиҳӣ ҷиҳати имконияти ҷалб намудани захираҳои молиявӣ мувофиқи эҳтиёҷоти молиявӣ дар давоми давраи тӯлонӣ;
- муайян ва таъмин намудани ҳадди муайяни захираҳои молиявии бозоргир барои дар ҳаҷми лозимӣ ва мӯҳлатҳои муқарраргардида сари вакт иҷро намудани ӯҳдадориҳои давлатӣ дар назди қарздиҳандагон. Андешидани чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ намудани ҳолатҳое, ки ба бозоргирии захираҳои молиявӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд;
- риоя намудани сиёсати ҷалби қарзгириҳои давлатӣ танҳо бо шартҳои имтиёзнокии баланд (қарзҳое, ки тибқи тавсияи Хазинаи байналмилалии асъор унсури грантӣ дар онҳо ҳадди ақал 35%-ро ташкил медиҳад);
- додани кафолат танҳо аз ҷониби Вазорати молия ва танҳо дар ҳолатҳои истисноии қарзгирии давлатӣ. Ҳаҷми кафолатҳои додашуда набояд аз 20 фоизи ҳаҷми қарзҳои тасдиқнамудаи давлат дар соли тақвимӣ зиёд бошад. Кафолатҳои Ҳукумат ба миқдори маҳдуд танҳо барои таъмини ҷараёни рушд дода мешаванд, ба шарте ки онҳо ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд: (а) талаботи имтиёзнокӣ (бахши давлатӣ), ва (б) бо суғуртаи мутаносиби молиявӣ аз хавфи нопардохтҳо таъмин карда шаванд (бахши хусусӣ). Кафолатдиҳии лоиҳаҳо, ки хаҷми маблағҳои онҳо ҳамасола дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ" муайян карда мешавад, бояд ба таҳлили пешакӣ гузаронидашудаи матлубияти иқтисодии лоиҳаҳое, ки қобилияти бо зудӣ баровардани хароҷот, сатҳи баланди фоиданокӣ ва аз ҷиҳати боздиҳӣ арзиши холиси овардашудаи мусбӣ доранд, асоснок шуда бошад;
- ҷалби қарзҳо тибқи самтҳои афзалиятноки Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ дар асоси арзёбии дакиқи фоиданокӣ ва самаранокии лоиҳаҳо ва такмили механизми институтсионалии ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги татбиқи онҳо;
- ҷалби захираҳо тавассути рушди бозори қоғазҳои қимматноки давлатӣ бо мақсади ноил гардидан ба портфели мутавозини қарзҳо, ҷалби дороиҳо аз бозори дохилӣ ва вусъатбахшии воситаҳо барои ба роҳ мондани сиёсати пулию молиявӣ;
- кӯмак намудан, то ки қарзи берунаи хусусӣ ба рушди соҳаи хусусӣ мусоидат намуда, ба тавозуни пулӣ ва устувории қурби асъор фишори баланд нарасонад;
- беҳтар намудани қобилияти қарзгирии давлат дар бозори молиявӣ, ки ба баланд шудани эътибори қарзгиранда шароити муфид фароҳам меоварад.
3. Натиҷаҳои Стратегияи пешинаи идоракунии қарзи давлатӣ
Ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар натиҷаи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ, асосан бо сабаби яку якбора паст шудани нархҳои ҷаҳонӣ ва талабот ба молҳои асосии содиротии ҷумҳурӣ, кам гардидани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва паст шудани қурби асъори миллӣ зарар расонида шуд. Ин ба яке аз нишондиҳандаҳои устувории қарз, арзиши холиси овардашудаи қарзи беруна нисбати ҳаҷми содирот таъсир расонида, он аз 100 фоиз зиёд гардид, ки дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 муқаррар гардида буд (Ҷадвали 1). Соли 2010 вазъият дар натиҷаи таъсири қисман барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд шудани нархҳои ҷаҳонии пахта ва алюминий беҳтар шуд. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 2009 дар соли 2010 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,1 воҳиди фоизӣ зиёд шуда, 6,5 фоиз(3) ташкил дод, инчунин ҳаҷми содирот низ 18,3 воҳиди фоизӣ(4) афзоиш ёфт. Сатҳи номиналии қарзи беруна дар соли 2010 нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,3 фоизро ташкил дода, ҳадди ниҳоиро, ки 40 фоиз нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад, нагузаштааст.
Татбиқи бомуваффақияти сиёсати идоракунии қарзи давлатӣ дар якҷоягӣ бо дастгирии рушди иқтисодиёт дар давраи бӯҳрон имконият фароҳам овард, то ки қарзи давлатӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шавад.
Боздоштани афзоиши қарзи давлатӣ дар давраи бӯҳронӣ имконият дод, ки обрӯю эътибори давлат дар сатҳи пешинаи тобӯҳронӣ нигоҳ дошта шавад. ӯҳдадориҳои қарзӣ саривақт ва пурра иҷро мегардиданд. Инчунин бори қарзӣ дар сатҳи самаранок дар ҳудуди 40 фоиз (таносуби қарзи номиналии беруна нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) нигоҳ дошта мешуд.
Нишондиҳандаҳои устувории қарз барои солҳои 2009-2011 (Ниг. ба поён)
Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки боиси таназзули истеҳсолоти соҳаи воқеии иқтисодиёт ва бад шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гардид, барои корхонаҳои зиёди Тоҷикистон имтиҳони устувории онҳо гардид. Ҳамин тариқ, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" пардохти қарз дар назди Ҷумҳурии ӯзбекистон амалӣ нагардид. Дар натиҷа соли 2010 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ лозим омад, ки аз ҳисоби бардошти захиравӣ пардохти қарзро ба ҷои Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ намояд. Чораи андешидашуда ба таъхир гузоштани иҷрои ӯхдадориҳои давлатро пешгирӣ намуд, ки ба принсипҳои стратегияи пешина мувофиқ буд.
Мувофиқи Стратегияи пешинаи солҳои 2009-2011 сиёсати мӯътадил дар масъалаи пешниҳод намудани кафолатҳои давлатӣ бо дарназардошти хавфи баланди ӯҳдадориҳои "шартӣ" амалӣ мегардид. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешниҳод намудани кафолатҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои қарзгирии давлатӣ принсипи муқарраргардидаи стратегияи пешинаро риоя менамуд.
Ҳаҷми кафолатҳои пешниҳодгардида 20 фоиз хаҷми умумии қарзҳои давлатии барои соли тақвимии тасдиқшударо ташкил надод. Дар давраи мазкур кафолатҳо барои хизматрасонии коммуналӣ, рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии ҷумҳурӣ пешниҳод гардида буданд. Шартҳои қарзҳо ба нишондиҳандаҳои имтиёзнокӣ мувофиқ буданд.
Яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи пешина рушди бозори қоғазхои қиматноки давлатӣ, бо мақсади ба мувозинат даровардани сандуқи қарзгирӣ, ҷалби захираҳои бозоргир аз бозори дохилӣ ва васеъ намудани фишангҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ буд. Натиҷа ва дастовардҳои давраи мазкур аз нав оғоз гардидани барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ ба воситаи музояда буд, ки Бонки миллии Тоҷикистон музоядаҳоро аз номи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронд.
Заминаи ҳуқуқии барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ таҷдиди назар гардида, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2009, №627, "Дар бораи ба муомилот баровардани Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид. Дар асоси қарори мазкур байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" барои солҳои 2009, 2010, 2011 ҳаҷми барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ бо мақсади пӯшонидани касри буҷет муқаррар гардида буданд.
Устувории қарзии давлат аз ҳисоби риояи ҷиддии "Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2009-2011" таъмин гардид, ки дар он чораҳои фискалии идоракунии қарзи давлатӣ бо мақсади паст намудани хароҷотҳои хизматрасонии қарзи мавҷуд буда ва ҷалбшаванда муайян гардида буданд. Инчунин риояи ҳадди тасдиқшудаи қарзи давлатӣ дар сатҳи 40 фоиз нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, маҳдуд намудани ҷалби қарзҳои ғайриимтиёзнок таъмин гардид. Сатҳи пасти қарз имкон дод, ки устувории молиявии давлат нигоҳ дошта шавад, инчунин татбиқи самараноки лоиҳаҳои афзалиятноки рушд бо дарназардошти иҷрои саривақтӣ ва пурраи ҳамаи ӯҳдадориҳои қарзӣ дар назди қарздиҳандаҳои берунӣ таъмин гардид.
4. Вазъи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2009-2014
Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон сабаби паст гардидани даромад аз содироти молҳои асосӣ - алюминий ва пахта, кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд шудани нархи гази воридотӣ, сустшавии афзоиши истеҳсолоти саноатӣ гардид, ки ба бақияи манфии мувозинати савдо ва пастшавии сармоягузории мустақими хориҷӣ оварда расонид. Афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба 4,5 воҳиди фоизӣ поён фаромада 3,9 фоизро ташкил дод, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз ин мушкилиҳои пастравии иқтисодиёт, беқурбшавии пули миллӣ бо сабаби пурқувват будани сиёсати пешгирифта ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалии донорӣ барояд.
Дар натиҷаи болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулотҳои содиротӣ дар соли 2010 афзоиши иқтисодӣ 6,5 фоизро ташкил дод. Дар нӯҳ моҳи соли 2011 афзоиши иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил дод, ки тасдиқи устувории макроиқтисодии давлат мебошад.
Суръати афзоиши иқтисодӣ бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ хусусияти бағоят мусбӣ дорад. Тайи солҳои охир ба сохтори хароҷоти буҷетӣ дар самти васеъ намудани барномаи иҷтимоӣ тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуданд. Ба ҷумҳурӣ муяссар гашт, ки (бе ҳисоби барномаи давлатии инвеститсионӣ, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои беруна маблағгузорӣ карда мешаванд) қисми даромади буҷетро бо барзиёдии (профисити) 1,9 фоиз нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ иҷро намояд, ки барзиёдии нишондиҳанда дар натиҷаи суръатнок афзоиш ёфтани даромади буҷет ба миён омад. Ҷараёни инкишофи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои солҳои 2009 - 2014 дар Ҷадвали 2 пешниҳод гардидааст.
Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2010-2014 (Ниг. ба поён)
Дар муддати солҳои 2009-2011 амалисозии фаъолонаи Барномаи давлатии инвеститсионӣ давом дода шуд, ки қариб 8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти давлатиро ташкил менамуд. Дар сохтори Барномаи давлатии инвеститсионӣ бештари вазни қиёсии лоиҳаҳо ба соҳаи кишоварзӣ, комплекси сӯзишворию - энергетикӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин соҳаҳои тандурустӣ ва маориф рост меояд.
Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои асосии миёнамӯҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ, татбиқи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 дар шароитҳои тезонидани суръати афзоиши иқтисодиёти миллӣ, мунтазам паст намудани сатҳи тавварум, зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта ва алюминии аввалия, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ амалӣ карда мешавад. Ҷараёни инкишофи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷадвали 2 оварда шудааст.
Дар солҳои 2012-2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар давраи гузашта ба сифати афзалиятҳои асосӣ - паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва мусоидат ба баландравии сатҳи иқтисодиётро муайян намудааст.
Баҳодиҳии фаъолияти идоракунии қарзи давлатӣ
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 аз Бонки ӯмумиҷаҳонӣ дархост намуд, ки баҳодиҳии фаъолияти идоракунии қарзро (DеМРА) гузаронад. Вазифаи миссия аз гузаронидани баҳодиҳии ҳамаҷонибаи фаъолияти идоракуни қарзи давлатӣ иборат буд. Ҳисоботи DеМРА бо истифодаи баҳоҳо аз "А" то "D" имконоти гирифтани таассуроти умумиро оид ба паҳлӯҳои қавӣ ё сусти идоракунии қарзи давлатӣ дар Тоҷикистонро медиҳад. Ҳангоми амалисозии стратегияи мазкур дар доираи имконоти воқеии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои беҳдошти идоракунии қарзи давлатӣ бо тавсияҳои зерини DеМРА андешида мешаванд:
-азнавкунии ҳамасолаи нишондиҳандаҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ бо мақсади беҳдошти самарабахшии он;
-пешниҳоди "Ҳисобот оид ба вазъи қарзи давлатӣ", ки аз ҷониби Шӯъбаи таҳлили Сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-тақвияти заминаи таҳлилӣ ва тавсифи аниқи методикаи муайян намудани ҳадди ниҳоии нишондиҳандаҳои хавф;
-ҳамкории зич бо Шӯъбаи аудити дохилӣ оиди таҳияи нақшаи санҷиши самараноки аудитии қарзи давлатӣ;
-ворид намудани таҳлили ҳасосияти қарз нисбат ба меъёрҳои фоиз, фарқияти асъорӣ ва ғайра ба ҳисоботҳои солона, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;
-гузаронидани таҳлили ҳамасолаи устувории қарзи давлатӣ;
-ворид намудани нишондиҳандаҳои хавфи меъёрҳои фоиз ва мӯҳлати пардохти ӯҳдадориҳои қарзӣ ба ҳисоботҳои семоҳа, нимсола ва солонаи Шӯъбаи ҷамъбастии баҳисобгирӣ ва омори қарзи давлатӣ.
5. Хавфҳое, ки ба сатҳи қарзи давлатӣ таъсир мерасонанд
Идоракунии қарзи давлатӣ як қисми низоми идоракунии захираҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро қарзи давлатӣ дар ҳолати сиёсати нодурусти қарзӣ сарчашмаи хавфи иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад.
Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ба идоракунии фаъолонаи мунтазами қарзи давлатӣ барои паст намудани хавфҳое, ки ба сохтори қарз ва дороиҳои давлатӣ, ба амалиётҳои қарзӣ ва арзиши хизматрасонии он вобаста мебошанд, равона шудааст. Стратегияи мазкур мониторинг ва таҳлили таъсири омилҳои макроиқтисодӣ, мувозинати пардохтӣ, хавфҳои фискалӣ ба қобилияти пардохт ва хизматрасонии қарзи давлатиро (ҳаҷми муносиби қарз ва азхудкунии маблағҳои қарзӣ, нишондиҳандаҳои муносиби арзишии қарз ва азхудкунии маблағҳои қарзӣ) пешбинӣ менамояд.
Барои идоракунии босамари қарзҳои давлатӣ кам кардани таъсири хавфҳои зерин зарур аст:
- хавфи асъорӣ дар натиҷаи беқурбшавии асъори миллӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ ба вуҷуд меояд, ки ба хизматрасонии қарз ҳам ба пардохти қарзи асосӣ ва ҳам ба пардохти фоизҳои қарз таъсири бештар мерасонад. Роҳи паст намудани хавфи асъорӣ диверсификатсияи қарз мебошад, яъне ҷалб намудани қарз бо асъорҳои гуногун, ки тадриҷан тамоюли мӯътадилшавиро доранд. Инчунин хавфи асъори вазифаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ба мисли тавварум ва ҳолатҳои ногувори иқтисодӣ мебошад;
- хавфи меъёри фоизҳо, ки дар натиҷаи пасту баландшавии номуносиби меъёри фоиз ба вуҷуд меояд, ба зиёдшавии хароҷотҳо барои пардохти фоизҳо ё пастшавии воридот аз маблағҳои азнавқарздодашуда (Созишномаҳои зерқарзӣ) оварда мерасонад. Яке аз роҳҳои кам намудани хавфи мазкур ин даст кашидан аз истифодаи карзҳое, ки дорои хавфи баланди меъёри фоиз мебошад, яъне рӯй овардан ба ҷалби қарзҳое, ки меъёри фоизашон тағйир намеёбад ва имконияти пардохти пеш аз мӯҳлатро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мазкурро дастгирии ҷиддӣ менамояд ва дар айни замон дар сандуқи қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 фоизи қарзҳо дорои меъёри тағйирёбандаи фоиз мебошанд;
- хавфи воситаҳои бозоргир, ки ба муваққатан набудани маблағ дар буҷети давлатӣ барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизи он вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло давлат ҳамеша хусусиятҳои сохторӣ ва ҷадвали пардохтҳои сандуқи воқеии ӯҳдадориҳои давлатии қарзиро ба мадди назар мегузорад;
- хавфи кафолатҳои давлатӣ. Масъалаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддан назорат карда мешавад, бинобар ин як қатор чорабиниҳо оид ба пешниҳод намудани кафолат таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Хавфҳои ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло қайд гардидаанд, ҳангоми мавҷудияти бозори ривоҷёфтаи суғуртавӣ, чи дар дохили давлат ва чи дар сатҳи агентиҳои суғуртавии байналмиллалӣ ба буҷети давлатӣ таҳдид намекарданд ва дар оянда ба сарфаи маблағҳои ҳамасола, ки аз буҷет барои пӯшонидани фарқи асъорӣ ё дар натиҷаи тағйирёбии меъёрҳои Биржаи байнибонкии Лондон пардохт мешаванд, мусоидат менамояд.
Моҳияти пешниҳоди мазкур дар он аст, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти хавфӣ зарар на аз буҷети давлатӣ, балки бевосита аз ҷониби худи ширкатҳои суғуртавӣ пардохт карда мешавад, ки ба устуворӣ ва қисми хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир намерасонад.
6. Рушди бозори дохилии қоғазҳои қиматноки давлатӣ
Стратегияи мазкур ба рушди бозори қогазҳои қиматноки давлатӣ, бо дарназардошти тадриҷан зиёдшавии ҳиссаи қарзгирии дохилӣ аз ҳисоби қоғазқои қиматноки бозоргир, ки сатҳи қарзи давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳои муайянгардидаи таҳлил таъмин мегардад, мусоидат менамояд.
Барои ноил гаштан ба мақсадҳои зикргардида, шартҳои зерин бояд риоя карда шаванд:
- нақшаи барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ бояд ба талаботи буҷети солона дар маблағгузории дохилӣ ва талаботи тағйирёбандаи маблағгузории ҳисоби хазинадорӣ дар давоми сол мутобиқ бошад. Маблағгузории касри буҷет аз ҳисоби манбаъҳое, ки маблағхои қарзиро дар бар намегиранд (грантҳо, даромад аз ҳисоби хусусигардонӣ) ва аз ҳисоби қарзгирии холиси беруна ва дохилӣ таъмин карда мешавад;
- ҳаҷми умумии барориш, пардохт, маблағгузории холис ва пардохти фоизии пешбинигардида бояд мувофиқи нақшаи барориши (эмиссияи) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байин Сарраёсатҳои қарзи давлатӣ, хазинадории марказӣ ва буҷети давлатӣ мутобиқ карда шавад.
Бо сабаби паст шудани талабот ба харидорӣ намудани векселҳои давлатии хазинадорӣ дар нимсолаи дуюми 2011 гузаронидани вохӯрии эмитент ва Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳамаи шарикони комилҳуқуқ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он мақсад ва хусусиятҳои техникии чорабиниҳои ба нақша гирифташуда маънидод мешаванд. То имрӯз чунин вохӯриҳо баргузор нашудаанд, бинобар ин гузаронидани вохӯрӣ дар аввали соли 2012 ба нақша гирифта шудааст. Мақсади асосии вохӯрӣ чунин мебошад:
- шиносоӣ бо андешаҳо ва таҷриба дар доираи нақшаи барориши ба анҷом расида, бо дарназардошти арзёбии бозор аз ҷониби сармоягузорон, қонеъ будан аз гузаронидани музоядаҳо ва раванди амалӣ намудани ҳисобҳо;
- шинос намудани шарикон бо нақшаи барориш барои соли навбатӣ;
- баррасии имконияти пешниҳод намудани барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ бо мӯҳлати дарози пардохт;
- баррасии чорабиниҳое, ки ба пайдоиши бозори дуюмдараҷа мусоидат менамоянд.
Бо сабаби он, ки сохтори ӯҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ намегузорад, ки онҳо сармоягузории дарозмӯҳлат намоянд, аз ҷониби сармоягузорон ба эмитент пешниҳод гардид, ки доираи мӯҳлати пардохт васеъ карда шавад. Дар ин асос Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаи ҷорӣ намудани мӯҳлати боз ҳам кӯтоҳтари пардохтро ба нақша гирифтааст, ки ба мӯҳлати пардохти дарозтарини сертификатҳои депозитии Бонки миллии Тоҷикистон (56 рӯз) мувофиқат накунад. Яъне мӯҳлатҳои 6-8 ҳафтаинаи векселҳои давлатии хазинадорӣ баррасӣ мегарданд, ё ин ки ба сифати алтернативӣ векселҳои давлатии хазинадории семоҳа метавонанд дар доираи музоядаҳои пай дар пай гузаронидашаванда пешниҳод карда шаванд.
Сохтори қарзи дохилии давлатӣ ба ҳолати охири соли 2011 на танхо барориши векселҳои хазинадориро дар бар мегирад. Қоғазҳои қиматноки давлатии қарзӣ, ки барои бонкҳои тиҷоратӣ бар ивази талаби қарзи пахтакорӣ ҳам қисми сандуқи қарзи дохилии давлатӣ мебошанд. Кор бо қоғазҳои қиматноки давлатие, ки дар ояндаи наздик бо мақсади сармоябарқароркунии (рекапитализатсия) Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд, низ аз ҷониби Сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ғайр аз облигатсияҳои ҷуброни қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ба сохтори қарзи дохилӣ дигар моддаҳо ба монанди қарз дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва барориши вомбаргҳои дохилии давлатии бурднок, инчунин қоғазҳои қиматнок барои сармоябарқароркунии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бароришашон ба нақша гирифта шудааст, дохил гардидаанд.
Шартҳои гардиши қогазҳои қиматноки қарзии давлатӣ барои пӯшонидани қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва онҳое, ки дар соли 2011 барои сармоябарқароркунии Бонки миллии Тоҷикистон бароварда шудаанд садди роҳи ба бозор баромадани онҳо мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда, пардохтҳо аз рӯи купонҳо ва пӯшонидани қарз метавонанд аз ҳисоби афзоиши бештари эмиссияи векселҳои давлатии хазинадорӣ дар давоми солҳои минбаъда маблағгузорӣ карда шаванд. Ин ба бозоргир шудани облигатсияҳои қарзии дохилии давлатӣ оварда мерасонад.
7. Муносибати Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ
Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва ёрии техникии (Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи сесола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоиҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқи барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии муқаррарнамудаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 (мувофиқи Мақсадҳои рушди ҳазорсола) ва ҳуҷҷати миёнамӯҳлати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро инъикос менамояд, таҳия мегардад.
Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва ёрии техникӣ рушд ва дастгирии соҳаҳои асосии иқтисодиёти воқеии ҷумҳуриро мақсад гузоштааст: инфрасохтор, энергетика, маориф, тандурустӣ, технологияи инноватсионӣ, илм ва технологияҳои кишоварзӣ.
Барои таъмини фаъолияти самаранок ва амалӣ намудани афзалиятҳои пешбинигардида, мақсад ва вазифаҳои барномаи мазкур риояи муқаррароти зерин лозим мебошад:
1)Ҳангоми маблағгузорӣ афзалият бояд ба лоиҳаҳое дода шавад, ки ба як қатор меъёрҳои муайянгардидаи нишондиҳандаҳои афзалиятнокӣ ва сифат ҷавобгӯй бошанд.
2)Лоиҳаҳои аз ҷониби вазоратҳои соҳавӣ таҳияшаванда бояд аз нигоҳи асоснокии техникӣ - иқтисодӣ ва имкониятҳои буҷет таҳлил карда шаванд.
3)Тақвият додани мониторинг ва назорати сифатнокии иҷрои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ зарур мебошад.
4)Нигоҳ доштани ҷонибдории тақсимоти салоҳиятҳои ҳамоҳангсоз ва ҷавобгарӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ байни Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5) Риояи принсипи мутобиқати Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ ба мақсад ва вазифаҳои асоснок карда шудаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ.
Вале раванди таҳияи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бояд бевосита ба принсипҳои зерини консептуалӣ асос ёбад:
(а) аҳамиятнокӣ ва зарурияти стратегӣ, яъне оё лоиҳа афзалиятҳои стратегии рушди ҳукуматро дастгирӣ менамояд ё не;
(б) нақши Ҳукумат, яъне оё лоиҳа аз ҷониби бахши хусусӣ ё ҳукумат, ки нақши лоиҳаро дар иқтисоди бозорӣ ба инобат мегирад, бояд маблағгузорӣ шавад ё не;
(в) асоснокии иқтисодӣ, яъне оё тамоми хароҷот тибқи лоиҳа ва фоидаҳо муайян карда шудаанд ва оё лоиҳа аз нуқтаи назари иқтисодӣ қобили фаъолият мебошад ё не;
(г) таъсир ба камбизоатӣ, яъне оё табакаҳои камбизоати аҳолӣ аз лоиҳа манфиат мегиранд ё не;
(д) манбаъҳои маблағгузорӣ ва меъёрҳои устуворӣ.
8. Нишондиҳандаҳо ва ҳадди ниҳоии карзи беруна
Бо дарназардошти тамоюли рушди иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ қайд намудан зарур аст, ки ҷумҳурӣ марҳилаи шаклдигаркунандаро гузашта, ба марҳилаи нави рушди муносибатҳои бозорӣ қадам мегузорад. Маҳдудкунии қатъии ҷалби қарзҳо ба афзоиши иқтисодӣ монеъ шуда, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлатро бо сабаби маҳдуд будани захираҳои молиявӣ мушкил мегардонад.
Дар натиҷаи устувории рушди иқтисод дар марҳилаи ҳозира ва давраи ояндаи миёнамӯҳлат тамоюли мусбии афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шуд. Ба ҳисоби миёна дар 10 соли охир афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 7,3 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар муддати панҷ сол Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 404,8 доллари ШМА то 737,3 доллари ШМА зиёд гардид, ки ин беҳтаршавии некӯаҳволии аҳолии ҷумҳуриро нишон медихад. Қайд кардан зарур аст, ки афзоиши интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва афзоиши бардавоми даромадҳо аз маҳсулотҳои асосии содиротии ҷумҳурӣ ба сатҳи рушди иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад.
Баъд аз мувофиқа намудани Стратегия бо Хазинаи Баймалмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳадди ниҳоии нишондиҳандаҳои ҷалби қарзҳои беруна иваз нашуданд. Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 40 % мемонад ва унсури грантии қарзҳои ҷалбшаванда бояд на кам аз 35 % бошанд.
Меъёрҳои баҳодиҳии самарабахшӣи ва зарурати ҷалби қарзҳои беруна (Ниг. ба поён)
Нишондиҳандаҳо ва ҳадди ниҳоии қарзи берунаи дар боло зикргардида барои баҳодиҳии имконияти давлат ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохт ва хизматрасонии хаҷми қарзи берунаи ҷамъшуда истифода бурда мешаванд. Нишондиҳандаҳои мазкурро ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ (Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёгии рушд) ва давлатҳо-аъзои Клуби Париж барои гурӯҳбандии давлатҳо-қарзгирандаҳо ва муайян намудани нишондиҳандаҳои паст кардани бори қарзӣ, агентиҳои байналмиллалии рейтингӣ - дар баҳодиҳии сифати (эътимоднокӣ) ӯҳдадориҳои қарзӣ ва додани рейтинги кредитӣ. Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд - дар вақти ҳисоб кардани арзиши қарзҳои содиротӣ, ки ба давлатҳо пешниҳод карда мешаванд, қарзгирандаҳои мустақил ҳангоми баҳодиҳии оқибатҳои эҳтимолии ҷалби карзҳо истифода мебаранд.
Дар зери тавсифи ҳар як нишондиҳандаи қарзӣ, ки дар Ҷадвали 3 инъикос гардидаанд, оварда мешавад.
1.Унсури гранти - нишондиҳандаи имтиёзнокии қарзи васеъ истифодабаранда ба ҳисоб меравад. Унсури грантӣ сатҳи имтиёзнокии қарзро дар қиёс ба қарзгириҳои тиҷоратӣ чен менамояд ва дар муқоисаи шартҳои қарз ва муайян намудани қобили қабул будани қарзҳо барои иқтисодиёт васеъ истифода бурда мешавад.
Дар стратегияи мазкур ҷалби қарзҳои давлатӣ бо ҷалби танҳо қарзҳои имтиёзнокии баланддошта, ки дорои унсури грантии на кам аз 35 фоиз мебошанд, маҳдуд гардидааст.
2. Таносуби Арзиши холиси овардашудаи маҷмӯи қарзи берунии кишвар нисбати ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ин нишондиҳандаи миқдори қарзи ҷамъшуда мебошад, ки имкони баҳодиҳии сатҳи бори қарзӣ ба иқтисодиёти ҷумҳуриро медиҳад ва имкониятҳои иқтидории тағйир додани самти истеҳсолоти миллиро ба содирот бо мақсади ворид намудани асъорҳои хориҷӣ инъикос намуда, қобилияти пардохти қарзи берунаро таъмин менамояд.
Арзиши холиси овардашуда - ин ҷамъи ҳамаи ӯҳдадориҳои оянда оид ба хизматрасонии қарзи мавҷудбуда (пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои он), ки бо меъёри бозории фоиз таҳфиф шудаанд.
3. Таносуби Арзиши холиси овардашудаи маҷмӯи қарзи берунии кишвар нисбати ҳаҷми содирот - нишондиҳандаи дуюми миқдори қарзи ҷамъшуда буда, индикатори вазъи қарз мебошад, ки имкониятҳои мавҷудбудаи давлатро барои пардохт намудани хаҷми карзи ҷамъшуда инъикос мегардонад. Чӣқкадаре, ки содироти иқтисодиёти миллӣ зиёд бошад, ҳамон қадар қарзгиранда имконият дорад, ки ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандаҳои беруна иҷро намояд. Дар стратегияи мазкур ҳадди ниҳоии нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи 100 фоиз муайян гардидааст.
4. Нишондиҳандаи Арзиши холиси овардашудаи маҷмӯи қарзи берунии кишвар нисбати даромадҳои буҷети давлатӣ - сатҳи бори қарзӣ ба буҷети давлатии ҷумҳуриро инъикос менамояд. Ҳадди ниҳоии он дар сатҳи 200 фоиз муайян гардидааст.
5. Нишондиҳандаи таносуби ҳаҷми пардохтҳо барои пӯшонидан ва хизматрасонии маҷмӯи қарзи берунаи кишвар нисбати даромадҳои буҷети давлатӣ - бозоргир будани маблағҳои ҳукуматиро нишон медиҳад. Дар вақти баҳодиҳии пардохтпазирии қарзгиранда, ки ҳиссаи ӯҳдадориҳои давлатӣ дар ҳаҷми қарзи беруна зиёд мебошад, аҳамияти муҳим дорад. Сатҳи нишондиҳандаи мазкур баробар 25 фоиз мувофиқи стратегияи мазкур ҳадди ниҳоӣ ҳисобида мешавад.
6. Нишондиҳандаи таносуби хаҷми пардохтҳо барои пӯшонидан ва хизматрасонии маҷмӯи қарзи берунии кишвар нисбати хаҷми содироти молҳо ва хизматрасониҳои ғайрифакторӣ яке аз индикаторшои мушкили эҳтимолии давлат дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ дар назди қарздиҳандаҳои беруна мебошад. Дар таҳлили пардохтпазирии қарзгиранда аҳамияти калидӣ дорад. Имкон медиҳад, ки қобилияти давлат барои пардохт ва хизматрасонии қарзи беруна аз нигоҳи қобилияти ҳукумат ва резидентҳо ба ин мақсад харидорӣ намудани ҳаҷми лозимии асъори хориҷӣ баҳогузорӣ карда шавад. Ҳадди ниҳоии он дар сатҳи 15 фоиз муайян гардидааст.
9. Хулоса
Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ бояд барои таҳия ва омода намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" ва муайян кардани ҳаҷми хароҷот барои хизматрасонии қарз, инчунин барои таҳияи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шавад.
Ҷараёни иҷрои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ бояд ҳама вақт мониторинг карда шавад ва инчунин ҳисоботи доимӣ оиди иҷрои Стратегияи идоракунии карзи давлатӣ пешниҳод карда шавад.
_________________
(1) Маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(2) Маълумоти Шӯъбаи макроиқктисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(3) Маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
(4) Маълумоти Шӯъбаи макроиқтисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ниг. ба Замима