Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 майи соли 2012, №1273
тасдиқ шудааст
Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
ба инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти муҳим дода,
ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар самтҳои асосии сиёсати муҳоҷират кӯшиш намуда,
бо дарки он, ки инкишофи чунин ҳамкориҳо ба манфиатҳои халқҳои онҳо ҷавобгӯ мебошад,
дар асоси мақсад ва вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - Шӯро) таъсис дода шавад.
Моддаи 2
...