ПРОТОКОЛ
оид ба ворид намудани тағйирот ба Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992
Давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд-Аҳднома), ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошкент имзо шуда, 20 апрели соли 1994 эътибор пайдо кардааст ва Протокол оид ба тамдиди Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, ки дар шаҳри Москва 2 апрели соли 1999 имзо шуда, 22 марти соли 2000 эътибор пайдо кардааст,
бо дарназардошти кӯшишҳои рушди ҳамкориҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,
мутобиқи моддаи 9 Аҳднома,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
1. Ба Аҳднома тағйироти зерин ворид карда шавад:
а) сархати дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти як ё якчанд давлатҳои аъзо ё хатари сулҳу амнияти байналмилалӣ, давлатҳои аъзо фавран механизми машваратҳои муштаракро бо мақсади мувофиқ намудани мавқеъҳои худ ба кор андохта, ҷиҳати расонидани кӯмак ба чунин давлатҳои аъзо бо мақсади бартараф намудани хатари бавуҷудомада тадбирҳоро таҳия ва амалӣ менамоянд";
б) дар моддаи 3 калимаҳои "ва фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" хориҷ карда шавад;
в) моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
Моддаи 4
Агар яке аз давлатҳои аъзо мавриди таҷовуз (ҳуҷуми мусаллаҳонаи ба амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият таҳдидкунанда) қарор дода шавад, ин амал аз ҷониби давлатҳои аъзо ҳамчун таҷовуз (ҳуҷуми мусаллаҳонаи ба амният, устуворӣ, якҷоягии қаламрав ва истиқлолият таҳдидкунанда) ба ҳамаи давлатҳои аъзои Аҳднома баррасӣ мешавад.
Дар ҳолати содиршавии таҷовуз (ҳуҷуми мусаллаҳонаи ба амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият таҳдидкунанда) ба ҳар давлати узв, ҳамаи давлатҳои аъзои дигар бо дархости ин давлати узв фавран ба он кӯмаки зарурӣ, аз ҷумла ҳарбӣ мерасонанд, инчунин бо воситаҳое, ки дар ихтиёр доранд, бо тартиби ба амал даровардани ҳуқуқ ба мудофиаи дастаҷамъӣ мутобиқи моддаи 51 Оинномаи СММ дастгирӣ менамоянд.
Оид ба чораҳое, ки дар асоси моддаи мазкур қабул гардидаанд, давлатҳои аъзо фавран ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳанд. Ҳангоми амалӣ гардидани ин чораҳо давлатҳои аъзо муқаррароти дахлдори Оинномаи СММ-ро риоя мекунанд";
г) аз моддаи 5 ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
д) моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
Моддаи 6
Қарор дар бораи истифодабарии қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ мутобиқи моддаҳои 2 ва 4-и Ахдномаи мазкур аз ҷониби роҳбарони давлатҳои аъзо қабул карда мешавад.
Истифодабарии қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамьӣ берун аз ҳудуди давлатҳои аъзо метавонад танҳо ба манфиати амнияти байналмилалӣ мутобиқи Оинномаи СММ ва қонунгузории давлатҳои аъзои Аҳдномаи мазкур амалӣ гардад".
е) ҷумлаи дуюми сархати сеюми моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"тасдиқномаҳо ба Котиби генералии Шӯрои амнияти дастаҷамьӣ (Созмони Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ) барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд, ки бо ин ба сифати маҳфуздоранда таъин карда мешавад".
2. Протоколи мазкур қисми ҷудонашавандаи Аҳднома буда, аз рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи охирин дар хусуси аз ҷониби Тарафҳои имзонамудаи он иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
Дар шаҳри Москва 10 декабри соди 2010 дар як нусхаи асл бо забони русӣ ба имзо расонида шуд. Нусхаи аслии Созишномаи мазкур дар Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нигоҳ дошта шуда, ба ҳар як давлати имзонамудаи Созишномаи мазкур нусхаи тасдиқшудаи он фиристода мешавад.
|
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Арманистон
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Беларус
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз ҷониби Ҷумҳурии
Қирғизистон |
Аз ҷониби
Федератсияи Россия
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ҷониби
Ҷумҳурии ӯзбекистон