Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо аз 3 сентябри соли 2011

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2012, № 749

тасдиқ шудааст

Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо

Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

аҳамияти муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи фазои ҳавоиро таъкид намуда,

бо мақсади таъмини бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат ба терроризм ва таъмини бархурди ягона нисбати ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатхои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ (минбаъд - МЗҲ), ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо дар ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба МЗҲ, ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо ва пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ тибқи Низомномаи тартиби фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳангоми гирифтани иттилоот оид ба тахдиди содиршавии амали террористӣ дар фазои ҳавоӣ ва (ё) дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, ҳамкорӣ менамоянд.

Моддаи 2

Тарафҳо мақомоти ваколатдори масъулро ҷиҳати иҷрои Созишномаи мазкур муаяйн намуда, дар ин бора маҳфуздорандаро ҳангоми супоридани огоҳиномаи дахлдор оид ба иҷрои расмиёти зарурии дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд ё хуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ хабардор менамоянд.

Моддаи 3

Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи Созишномаи мазкур ба зиммаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузошта мешавад.

Моддаи 4

Тарафҳо дар рафти татбиқи Созишномаи мазкур низоми ҳифзи иттилоотро нисбати он, ки Тарафи ирсолкунанда зарурати риоя намудани махфиятро талаб кардааст, таъмин менамоянд. Ирсоли чунин иттилоот дар асоси шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчиёни онҳо мебошанд ва қонунгузории миллии Тарафҳо анҷом дода мешавад.

Моддаи 5

Масъалаҳои баҳснок ҳангоми татбиқ ва тафсири Созишномаи мазкур бо роҳи машварат ва гуфтушунидҳои Тарафҳои манфиатдор ҳал карда мешаванд.

Моддаи 6

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар яке аз тарафҳо дар дигар шартномаҳои байналмилалӣ, ки онҳо аъзои он мебошанд, дахолат намекунад.

Моддаи 7

Созишномаи мазкур баъди гузаштани 30 рӯз аз санаи огоҳиномаи хаттии сеюмро гирифтани маҳфуздоранда оид ба иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби Тарафҳои онро имзонамуда, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Барои Тарафҳое, ки расмиёти зарурии дохилидавлатиро дертар ба иҷро расонидаанд, Созишномаи мазкур баъди гузаштани 30 рӯз аз санаи ҳуҷҷатҳои дахлдорро гирифтани маҳфуздоранда эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 8

Ба Созишномаи мазкур бо розигии Тарафҳо мумкин аст тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои дахлдор ба расмиёт дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 9

Созишномаи мазкур баъди эътибор пайдо кардани он, барои ҳамроҳшавии ҳар давлати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳи ба маҳфуздоранда ирсол намудани ҳуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ, кушода аст. Барои давлати ҳамроҳшаванда Созишнома баъди 30 рӯз аз санаи ҳуҷчати оид ба ҳамроҳшавиро гирифтани маҳфуздоранда эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 10

Созишномаи мазкур ба мӯҳлати номуайян баста мешавад. Ҳар як Тараф метавонад аз Созишномаи мазкур барояд ва дар бораи чунин нияти худ на дертар аз шаш моҳ қабл аз баромадан ба маҳфуздоранда огоҳномаи хаттӣ ирсол намуда, ӯҳдадориҳои молиявӣ ва ғайраро, ки ҳангоми амали Созишнома ба вуҷуд омадаанд, ба танзим меорад.

Дар шаҳри Душанбе 3 сентябри соли 2011 дар як нусхаи асл ба забони русӣ имзо шудааст. Нусхаи асл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошта шуда, нусхаи тасдиқшудаи он ба ҳар як давлати Созишномаи мазкурро ба имзо расонида, ирсол мегардад.

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Озарбойҷон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Арманистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Белорусия

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Қиргизистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Молдова

Аз ҷониби

Федератсияи Россия

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Туркманистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии ӯзбекистон

Аз ҷониби

Украина

Замима ба Созишнома аз 03.09.2011