Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 аз 3 апрели соли 2012 № 145

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2012 № 145

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2012 № 145

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (минбаъд-Шӯро) мақоми ҷамъиятии экспертӣ-таҳлилӣ мебошад, ки бо мақсади идоракунии раванди татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 553 таъсис дода шудааст.

2. Шӯро мақоми ҳамоҳангсоз буда, вазифаҳои худро дар ҳамкории зич бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо, ҳамчунин иштирокчиёни дигари фаъолияти инноватсионӣ анҷом медиҳад.

3. Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур татбиқ менамояд.

4. Вазифаҳои асосии Шӯро:

- назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи пешниҳодоте, ки ба баланд бардоштани самараи фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

- муайян кардани самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ-тарҳкашӣ ва лоиҳавие, ки барои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд;

- гузаронидани озмун ва интихоби лоиҳаҳои инноватсионии дорои аҳамияти илмӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади шомил намудани онҳо ба Барномаи мақсадноки инноватсионӣ, инчунин коркарди тавсияҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешниҳод намудани лоиҳаҳои бехтарини инноватсионӣ барои истифодаи минбаъдаи маблағҳои Буҷети давлатии ҷумҳурӣ, инчунин имконоти истеҳсолот ва фурӯхташавии маҳсулоти корхонаҳои ҷумҳурӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;

- омода намудани пешниҳодоти асоснок барои таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба масъалаҳое, ки бо рушди фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апрели 2012 года, № 145

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апрели 2012 года, № 145

Положение Экспертного координационного совета по управлению реализацией Программы инновационного развития Республики Таджикистан на 2011-2020 годы

1. Экспертный координационный совет по управлению реализацией Программы инновационного развития Республики Таджикистан на 2011-2020 годы (далее - Совет) является общественным экспертно-аналитическим органом, образованным в целях управления процессом реализации Программы инновационного развития Республики Таджикистан на 2011-2020 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2011 года, №553.

2. Совет является коллегиальным органом, выполняющим свои функции в тесном взаимодействии с государственными органами Республики Таджикистан, научными учреждениями, общественными организациями и объединениями, а также другими участниками инновационной деятельности.

3. Совет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и поручениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Основными задачами Совета являются:

- контроль и координация инновационной деятельности в Республике Таджикистан;

- разработка рекомендаций, направленных на повышение эффективности инновационной деятельности на территории Республики Таджикистан;

- определение приоритетных направлений научно-исследовательских, опытно-конструкторских и проектных работ, имеющих значение для инновационного развития экономики Республики Таджикистан;

- проведение конкурса и отбор научной и социально значимых инновационных проектов с целью включения их в инновационную целевую Программу и выработки рекомендаций исполнительным органам государственной власти наилучших инновационных проектов для последующего использования средств Государственного бюджета республики, а также возможностей производства и реализации продукции организаций республики на внутреннем и внешнем рынках;

- подготовка обоснованных предложений для разработки методических рекомендаций по вопросам, связанным с развитием инновационной деятельности в Республике Таджикистан;

...