×

Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2011, № 205

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

1. Муқаддима

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 давлати соҳибистиқлол гардида, Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон ӯҳдадорӣ гирифт. Он узви баробарҳуқуқи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Рушди Байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар донорҳо) ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ё маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.

Дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ қабул гардид, ки он барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шуда, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ" ва "Стратегияи рушди солимии кӯдакон ва наврасон то соли 2015" такя менамояд. Инчунин дар ин давра як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими иммунизатсия қабул гардиданд.

Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия хеле афзалиятнок ва арзон буда, тавассути он сатҳи бемориҳои сироятӣ паст мегардад ва нисбат ба баъзе бемориҳои сироятии хатарнок чорабиниҳои маҳвкунии онҳо пешбинӣ карда мешавад.

Бо истифода аз иммунизатсиякунии аҳолӣ аз соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи бемориҳои сироятии хатарнок ба мисли сурхча, гулӯзиндонак, кузоз, кабудсулфа ва ғайраҳо хеле паст карда шуд. Сатҳи фавти кӯдакон низ аз ин бемориҳо паст гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи мукаммали сохтори иммунопрофилактика, ки фаъолияти он ба пешгирии бемориҳои сироятии ба воситан нммунизатсия пешгиришаванда равона гардидааст, ташкил карда шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти соҳа ин таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия зимни истифода аз ваксинаҳои навтарин ва бехатарии онҳо мебошад.

Новобаста ба он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазаму сифатнок бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва муосири соҳа бошанд. То ҳол хатари хуруҷи бемориҳои сироятӣ аз байн бурда нашудааст ва бо назардошти мавҷудияти ин хатар зарурияти идоракунӣ, таъмини молиявии устувор барои харидории ваксинаҳо ва воситаҳои зарурӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологии бемориҳои таҳти назоратбуда ба таҳияи барномаи муфассал эҳтиёҷ дорад.

Бо ташкил ва гузарондани чорабиниҳои мувофиқи самтҳои мушаххасдошта бо нақшаҳои Вазорати тандурустӣ, дигар вазоратҳо ва ташкилотҳои дахлдор ба нақша гирифташуда ва ҳамоҳанг сохташуда иҷрои чорабиниҳоро самаранок мегардонад.

7) Барнома имконият медиҳад, ки вазифа ва мақсадҳои ба зимма гирифташуда оид ба бемориҳои тавассути иммунизатсия пешгиришаванда ҳалли худро пайдо кунанд.

2. Асоснокӣ

1) Бо мақсади таҷдиди системаи иммунопрофилактика ва таҳкими идоракунии сохтори иммунизатсия Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика таъсис дода шуд, ки он роҳбарии ташкилию методӣ ва назоратро барои бехатарии иммунизатсия дар ҷумҳурӣ амалӣ мегардонад. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика барои банақшагирии умумӣ, арзёбӣ ва мониторинги Барномаи васеъи иммунизатсия масъул мебошад.

Иммунизатсияи профилактикиро ҳайати кормандони тиббии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, назорати эпидемиологиро барои сироятҳои идорашаванда бошад, духтурони марказҳои иммунопрофилактика, инчунин ҳайати табибони тайёркардашуда оид ба масъалаҳои фаъолона ошкор намудани ҳолатҳои фалаҷи шадиди суст, бемориҳои сурхча, гулафшон ва Синдроми модарзодии гулафшон, оризаҳои/нуқсонҳои баъди иммунизатсия анҷом медиҳанд.

Иммунизатсия яке аз хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ барои ташкил ва гузарондани иммунизатсия дар байни аҳолӣ зиёда аз 2800 муассисаи тиббӣ машғул мебошанд.

2) Шарикони асосии Барномаи миллии нммунизатсия инҳоянд:

- Иттиҳоди Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия таъмини пентавалентӣ бо сӯзандоруҳо барои бехатарии иммунизатсия, қуттичаҳои бехатар, ҷамъ ва нобудкунии маводи сӯзангузаронии истифодашударо дастгирӣ мекунад.

- Агентии Ҳамкории байналмилалии Япония таъмини ваксинаҳоро барои иммунизатсияи аввалия дастгирӣ менамояд.

- Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид хариди ваксинаҳо, таҷҳизоти занҷири сардӣ, омӯзишро оид ба идоракунии барномаи иммунизатсия ва риояи занҷираи хунукитаъминкунандаро дасттирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо мусоидат мекунад.

- Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ назорати эпидемиологии бемориҳо, роҳбарни Барномаи васеъи иммунизатсия, омӯзиш, тарафҳои сиёсӣ ва техникии онро дастгирӣ менамояд.

2. Фарогирӣ бо иммунизатсия

Фарогири бо иммунизатсия бо се вояи (дозаи) ваксинаҳои ОПВ,

АКДС барои кӯдакони то 1 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2000-2010 (ба ҳисоби фоиз)

***Диаграмма оварда намешавад

Фарогирӣ бо иммунизатсия ба муқобили сурхча барои кӯдакони 1 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000-2010 (ба ҳисоби фоиз)

***Диаграмма оварда намешавад

Эзоҳ * То соли 2001 кӯдакон дар 9-моҳагӣ ва аз соли 2001 аз 12-моҳагӣ иммунизатсия карда мешаванд

4) Аз соли 2008 сар карда ваксинаи пентавалентӣ (АКДС, Hib, гепатити В) ва аз охири соли 2009 ваксинаи сурхча ва гулафшон ҷорӣ карда шуд, ки барои паст намудани шумораи иммунизатсия имконият дод ва бо ин эҳтимолияти хатарнокии ҳолатҳои баъди эмкунӣ бавуҷудомадаро паст гардонд.

3. Бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда

§1. Бемории фалаҷ

5) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ эълон карда шуд. Чорабиниҳои зидди бемории фалаҷ давом дода мешуданд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2010 вазъи эпидмиологии бемории фалаҷ бо ворид шудани вируси "ёбоӣ"- и бемории фалаҷ аз мамлакатҳои ҳамсоя тағйир ёфт ва дар натиҷа 458 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуд. Танҳо ташкили чорабиниҳои фаврӣ имконияти паҳншавии ин бемориро ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.

Ба қайдгирии бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-2010 (шумораи мутлақ)

***Диаграмма оварда намешавад

6) Дар ҷумҳурӣ воқеан ҳам хавфи ворид шудани полиовируси ёбоӣ вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад.

Айни замон мушоҳидаи гардиши полиовируси ёбоӣ дар мамлакатҳои эндемикии Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Нигерия ҷой дорад.

Бинобар ҳамин дар ҷумҳурӣ стратегияи махсуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

7) Стратегияи эътино кардан ҳангоми ворид шудани полиовируси ёбоӣ:

- саривақт ошкор намудани полиовируси ваҳшии воридшуда бо ёрии системаи назорати эпидемиологии сифатноки бемориҳои шадиди фалаҷи суст;

- тафтиши фаврии ҳолатҳои шубҳанок;

- чорабиниҳои саривақтии иммунизатсиякунӣ;

- асоснок намудани манъшавии гардиши полиовирусҳои ёбоӣ бо ҳуҷҷатҳои дахлдор.

8) Давом додани назорати эпидемиологии сифатноки сертификатсия доштаи бемориҳои шадиди фалаҷи суст, таҳкими иммунизатсияи тақвимӣ, гузаронидани чорабиниҳои иммунизатсияи иловагӣ дар байни кӯдакон.

§2. Сурхча

9) Дар самти иҷрои барномаи элиминатсияи сурхча таи шаш соли охир пешравиҳои намоён ба назар мерасад. Бемории сурхча дар се соли охир ба қайд гирифта нашудааст.

Ба қайдгирии бемории сурхча дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2010 (бо ҳисоби мутлақ)

***Диаграмма оварда намешавад

10) Самтҳои асосии мубориза бар зидди бемории сурхча

- тартиби бо ду воя гузаронидани маъракаи иммунизатсияи оммавӣ имконият дод, ки ҳиссаи шахсони ба сурхча таъсирнопазир баланд гардад;

- баланд бардоштани сатҳи таъсирнопазири аҳолии ҷумҳурӣ ба сурхча тавассути иммунизатсия имконият дод, ки авҷгирии сурхча дар солҳои 2006-2007 пешгирӣ карда шавад.

11) Ба корҳои назарраси анҷомдодашуда нигоҳ накарда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам дар марҳилаи аввал - марҳилаи пешгирии авҷ гирифтани бемории сурхча қарор дорад.

§3. Гулафшон

12) Айни замон бемории гулафшон дар сатҳи паст қарор дорад, аммо назорати эпидемиологии ин беморӣ беҳбудӣ металабад.

13) Назорати самараноки эпидемиологӣ пеш аз ҳама дар саривақт ошкор намудани ҳодасаҳои шубҳанок небошад, ки яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди ин беморӣ ба ҳисоб меравад.

Ба қайдгирии гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-2010 (ба ҳисоби мутлақ)

*** Диаграмма оварда намешавад.

14) Ташхиси беморон ва гумонбаршудагони бемории гулафшон дар ташхисгоҳи вирусологии Пажӯишгоҳи илмию таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон гузаронда мешавад.

Тадқиқоти лабороторӣ оидигулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2003-2010 (бо ҳисоби мутлақ)

***Диаграмма оварда намешавад

15) Назорати эпидемиологии бемории гулафшон барои пешгирии Снндроми модарзодии гулафшон (СМГ) равона карда шудааст.

§4. Гулӯзиндонак

16) Солҳои охир ба қайд гирифта шудани бемории гулӯзиндонак дар сатҳи паст қарор дорад. Нисбат ба ин бемории вазнин гузарондани чорабиниҳои оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, зеро мутобиқи тақвими миллӣ солҳои зиёд бинобар сабаби набудани ваксинаи АДС-м иммунизатсияи такрории наврасон ва калонсолон гузаронида нашуда буд.

Ба қайдгирии бемории гулӯзиндонак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000*2010 (бо ҳисоби мутлақ)

***Диаграмма оварда намешавад.

17) Баробари афзудани теъдоди аҳолии масунияти пастдошта хатари авҷ гирифтани бемории гулӯзиндонак аз эҳтимол дур нест. Таъмин будани лабораторияҳои бактериологӣ бо захираҳои зарурӣ барои ташхиси беморон ва гумонбаршудагон яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад.

18) Масъалаҳои ҳалталаб:

- дониши нокифояи мутахассисони тиббӣ оид ба ташхис ва истифодаи муайянкунии стандартии ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст, сурхча, гулафшон, Синдроми модарзодии гулафшон, гулӯзиндонак, оризаҳои/нуқсонҳои баъди иммунизатсия, ки Вазорати тандурустӣ ва Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додаанд. Вобаста ба ҳамин нокифоя ошкор намудани ҳодисаҳои беморӣ ва гумонбаршудагон. Як қатор ноҳияҳо дар давоми якчанд сол аз рӯи ин ё он бемории сироятии таҳти назоратбуда ҳамчун нуқтаҳои "хомӯш" боқӣ мемонанд;

- таъмин накардани тафтиши муносиби ҳодисаҳои сурхча/гулафшон зимни ҷамъ овардани зардоби хун ё чакраҳои хушк бо пур намудани шаклҳои тафтиш ва пешбурди рӯихат барои ошкор кардани ҳодисаҳои тавсиядодаи Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ;

- донишҳои номукаммали кормандони тиббии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ "Фарогирии ҳар як ноҳия" (баҳисобгирии аҳолӣ, банақшагирии хурд (микропланирование) барои иммунизатсия бо арзёбии хароҷоти маводи дар вақти иммунизатсия истифодашаванда, муайян намудани таҳлилҳои миқдорӣ ва сифатии фарогирӣ бо иммунизатсия ва муайян кардани ҳудудҳои афзалиятнок бо ҳалли минбаъдаи масъалаҳои ошкоршуда);

- то ҳол муассисаҳои алоҳидаи тиббие боқӣ мондаанд, ки таъмини лозимии сатҳи фарогарии аҳолиро бо иммунизатсияи ба муқобили бемориҳои сироятӣ таъмин намекунанд;

- мавҷуд набудани АДС-М анатоксин барои иммунизатсияи наврасон ва калонсолон;

- мавҷуд набудани воситаҳои ташхиси лабораторӣ барои бемории гулӯзиндонак.

- мавҷуд набудани лабораторияи вирусологӣ барои муоина намудани ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст.

- Донишҳои нокифояи як қатор кормандони соҳаи тиб оид ба пур кардани намунаҳои ҳисоботи моҳона оид ба иҷрои иммунизатсияи профилактикӣ.

19) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории Барномаи миллии иммунопрофилактика саҳми худро ҳамасола зиёд карда истодааст, аммо ин ҳоло ҳам кифоя нест. Буҷаи умумии сохтори иммунизатсия аз ҳисоби донорҳои байналмиллалӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта истодааст.

Барои кам намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки ба воситаи иммунизатсия идора мешаванд, таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ зарур мебошад. Омили ниҳоят муҳим ин устуворӣ ва самаранокии молиявии барномаи иммунопрофилактика мебошад.

4. Мақсади ва вазифаҳои Барнома

20) Паст намудани сатҳи беморӣ ва фавти кӯдакон, зиёд намудани давомнокии умри одамон, таъмини дарозумрии фаъол ва бо ёрии иммунопрофилактика аз байн бурдани бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда.

21) Вазифаҳои Барнома:

- дар соли 2011 қатъ намудани гардиши вируси бемории фалаҷи "ёбоӣ";

- аз соли 2012 нигоҳ доштани вазъи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ (пешгирии ворид шудани вируси ёбоии бемории фалаҷ аз хориҷи ҷумҳурӣ);

- то соли 2015 элиминатсияи сурхча (пешгирии гардиши вируси маҳаллии сурхча);

- то соли 2015 элиминатсияи гулафшон (пешгирии гардиши вируси маҳаллии гулафшон);

- то соли 2015 нест намудани кузози навзодон.

22) Нишондодҳои бемориҳои бо воситаи ваксина идорашаванда то соли 2015:

- нишондиҳандаи паҳншавии гулӯзиндонак бояд камтар аз 0,1 ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил диҳад;

- шумораи ҳодисаҳои нави сирояти вируси гепатити В бояд аз ҳисоби иммунизатсияи аълосифати тақвимӣ барои кӯдакон на камтар аз 80 фоизро ташкил диҳад;

- сатҳи паҳншавии кабудсулфа камтар аз 1 ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ таъмин карда шавад;

- пешгирии Синдроми модарзодии гулафшон (<1 ҳодиса ба 100 ҳазор нафари кӯдаки зинда таваллудшуда).

23) Ноил шудан ба мақсадҳои Барнома:

- шумораи ноҳияҳои мавҷуда бо фарогирии иммунизатсия < 90фоиз бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча/гулафшон, ваксинаҳои пентавалентии АКДС, АДС кам карда шавад;

- ба фаъолияти кории тамоми кормандони тиб таҷрибаи иҷрои Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ "Фарогирии ҳар як ноҳия " барои бе иммунизатсия намонадани ягон кӯдак ҷорӣ карда шавад;

- фарогирии баланди ваксинатсияи (<95фоиз) кӯдакони то 1 сола ба муқобили 8 сирояте, ки тавассути иммунизатсия идора мешаванд (ОПВ, пентавалентӣ, (АКДС, гепатити В, №Ь, ваксинаҳои сурхчаю гулафшон), инчунин БСЖ ба муқобили бемории сил ва такрори иммунизатсияи кӯдакон, ки аз рӯи тақвими миллӣ дар микёси ҷумҳурӣ, шаҳр, ноҳия ва ҳар як муассисаи тиббӣ бояд нигоҳ дошта шавад;

- таҳкими иазорати эпидемиологии беморихои сироятии тавассути иммунизатсия пдорашаванда истифодаи ташхисҳои лабораторӣ;

- ба Барномаи миллии иммунизатсия ворид намудани ваксинаҳои нав;

- таҳкими идоракунии Барнома дар тамоми сатҳҳо;

- мунтазам гузаронидани чорабиниҳо оид ба сафарбаркунии иҷтимоии аҳолӣ;

- ноилшавӣ ба маблағгузории устувори Барнома;

- ҳамкории байналмилалӣ.

24) Татбиқи Барнома:

- риояи ҳатмии иҷрои иммунизатсияи тақвимӣ;

- баланд бардоштани фарогирии пурра ва саривақтии иммунизатсияи кӯдакон;

- таъмини пурраи бехатарии иммунизатсия барои аҳолӣ ва ҷомеа;

- кафолати таъмини ваксинаҳое, ки ба стандартҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷавобгӯ мебошанд;

- мониторинг ва арзёбии самтҳои асосии барнома бо дохил намудани иловаҳо мутобиқи талаботи нави Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ;

- таъсиси системаи эпидемиологии доимоамалкунандаи сифатнок барои бемориҳои сироятии тавассути иммунизатсия идорашаванда.

5. Ташкил ва баланд бардоштани сатҳи фарогирӣ бо иммунизатсия

25) Хизматрасониро барои иммунизатсия муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (таваллудхонаҳо, марказҳои саломатии шаҳру ноҳия, деҳот, табобатгоҳҳои кӯдакона, кормандони тиббии сатҳи умумӣ (табибони оилавӣ) амалӣ мегардонанд.

Иммунизатсияи тақвимӣ бояд дар нуқтаҳои иммунизатсиягузаронии муассисаҳои тиббии маҳалҳо гузаронида шавад. Иммунизатсиякунӣ дар маҳалҳои аҳолинишине, ки муассисаҳои тиббӣ надоранд, маҳалҳои аҳолинишини душворгузар ва дурдаст ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иммунизатсионии иловагӣ (маъракаҳои иммунизатсионии оммавӣ ба муқобили бемории фалаҷ, сурхча/гулафшон) бо ёрии бригадаҳои сайёри зудамал анҷомдода мешавад.

Дар тамоми муассисаҳои тиббие, ки бо иммунизатсия машғуланд, бояд ба таҷрибаи кори онҳо Стратегияи Ташкилоти Умумичаҳонии Тандурустӣ "Фарогирин ҳар як ноҳия" дохил карда шавад. Мақсади Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ "Фарогирин ҳар як ноҳия": баланд бардоштани дастрасӣ ва самаранокии иммунизатсия барои ҳар,як кӯдак, кам намудани сатҳи кӯдакони аз таҳти назорат дурмонда ҳангоми иммунизатсия, инчунин банақшагирии сифатноки -маъракаҳои имунизатсиякунӣ дар шакли банақшагирии хурд бо арзёбии захираҳои маводи истифодашаванда барои ҳар як маҳали аҳолинишин мебошад.

§1. Сатҳи фарогирии иммунизатсия

26) Сатҳи фарогирии иммунизатсия ба муқобили бемории сироятии мақсаднок дар тамоми сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, муассисаҳои тиббӣ бояд <95 фоизро ташкил диҳад, бояд иммунизатсияи тақвимӣ дар нуқтаҳои иммунизатсияи муассисаҳои тиббӣ гузаронда шавад, берун аз муассисаҳои тиббӣ бошад, дар маҳалҳои аҳолннишине, ки муассисаҳои тиббӣ надоранд, маҳалҳои душворгузар ва дурдаст бо ёрии бригадаҳои сайёр амалӣ гардонида шавад.

То соли 2013 истиснои муаассисаҳои тиббие, ки барои фарогирии иммунизатсия ба муқобили бемориҳои сироятии мақсаднок дар сатҳи паст қарор доранд (<90фоиз) аз ҳисоби пасткунии шумораи таваллудҳои хонагӣ, ба таври қатъӣ риоя намудани номгӯи мукарраршудаи нишондодҳо барои иммуннзатсия, паст намудани сатҳи имкониятҳои аз даст додашуда ва таваҷҷӯҳи баланд зоҳир кардан барои иҷрои Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонин Тандурустӣ "Фарогирии ҳар як ноҳия") ба даст оварда шавад.

То соли 2013 дар ҳамаи сатҳҳо таҳкими иқтидор оид ба идоракунии устувории Барномаи миллии иммунизатсия дар маҷмӯъ, идоракунии ваксинаҳо за занҷири хунукитаъминкунанда ба воситаи гузаронидани омӯзиши мунтазам бо кормандони тиббии ҳайатҳои аввалаи сохторҳои иммунизатсия ("Роҳбарият барои сатҳи миёна", "Иммунизатсия дар амал", "Занҷири хунукитаъминкунанда", Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ "Фарогирии ҳар як ноҳия", "Омӯзиши назорати эпидемиологии маҷмӯӣ", "Тартиб додани ҳисобот оид ба сатҳи фарогирии иммунизатсия") бо роҳи иҷрои назорати амалӣ дар сатҳи миллию минтақавӣ зимни ташриф ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шавад.

§2. Сиёсати миллӣ оид ба бехатар нобуд кардани таҷҳизоти дар иммунизатсия истифодашуда

27) Яке аз вазифаҳои асосии Барномаи миллии иммунопрофилактика ин ноил шудан ба бехатар гузаронидани иммунизатсия мебошад. Барои иҷрои стратегия оид ба ноилшавии бехатарии иммунизатсия таъмини шумораи кофии таҷҳизот, аз ҷумла сӯзандоруҳои худмавҳшаванда ва қуттичаҳои бехатарӣ, ки барои иммунизатсияи бехатар лозиманд, зарур мебошад.

28) Бехатарии иммунизатсия дар назар дорад:

- набудани хавф барои шахси иммунизатсияшаванда;

- набудани хавф барои шахси иммунизатсиякунанда;

- набудани хавф барои муҳити гирду атроф.

§3. Бехатарии иммунизатсия

29) Иммунизатсия бояд бо риояи даҳ қоидаи асосии бехатарии пешниҳоднамудаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гузаронида шавад:

- дар ҷои тозаи махсус ҷудокардашуда (ақаллан дар мизчаи алоҳида);

- дар ҷараёни тайёрӣ ба гузарондани иммунизатсия ба сӯзанҳо бояд даст расонида нашавад:

- барои коркарди ҷои иммунизатсия танҳо кулулачаҳои пахтаи тамизёфта (тампонҳо) истифода бурда шаванд;

- ваксинаро ба сӯзандору танҳо ҳамон вақте, гирифтан лозим аст, ки кӯдак ба иммунизатсия тайёр бошад;

- дар давоми сессияи иммунизатсия ваксина бояд дар зери қабати поролонии термос нигоҳ дошта шавад;

- ваксинаҳои зинда танҳо бо ҳалкунандаҳои корхонаи истеҳсолкунандаи ваксина ҳал кунонида шаванд;

- зарфҳо бо ваксинаҳои зинда танҳо дар давоми шаш соати баъди ҳалкунии онҳо истифода бурда шаванд;

- зарфҳо бо ваксинаҳои ҳалкардашуда аз равшанӣ ҳимоя карда шаванд;

- вояи пурраи ваксинаҳо ба ҷойҳои муайаншуда бояд ба таври лозимӣ ворид карда шавад (китф, рони пой, зери пӯст, дохили мушак ва дохили пӯст);

- ба падару модарон имконияти пайдошавии ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия фаҳмонда шаванд.

§4. Мониторинг ва арзёбӣ

30) Мониторннг ва арзёбии ҳолати иммунизатсия бояд дар сатҳи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, вилоятй, шаҳрй ва ноҳиявӣ амалӣ гардонида шавад. Мониторинг назорати мунтазами нишондодҳоро (фарогирӣ бо иммунизатсия, истифодаи ваксинаҳо (сарфи ваксинаҳо), таъминот бо таҷҳизоти иммунизатсиякунй, риояи таҷрибаи бехатарии иммунизатсия, бехатар нобудсозии маводи истифодашуда, занҷири хунукитаъминкунанда ва назорати эпидемиологӣ) пешбинӣ менамояд.

Дар баробари ин мутахассисони барои иммунизатсия масъулбуда бояд боздиди назоратии муассисаҳои тиббиеро, ки барои гузаронидани иммунизатсия сафарбар шудаанд, мунтазам амалӣ гардонанд.

§5. Ворид намудани ваксинаҳои нав

31) Аз соли 2012 ҷорӣ намудани ваксинаи ротавирусии зидди бемориҳои шикамрави кӯдакон дар тақвими миллии иммунизатсия ба нақша гирифта шудааст.

32) Аз соли 2015 ҷорӣ намудани ваксинаи пневмококкии зидди бемориҳои газаки шуш ба тақвими миллии иммунизатсия ба нақша гирифта шудааст.

33) Вобаста ба сатҳи баланди таваллудҳои хонагӣ, инчунин нагузаронидани реваксинатсияи АДС-М ваксина бо мақсади паст намудани хавфи сар задани бемории кузоз дар байни модарону кӯдакон, зарурати аз соли 2012 дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани ваксинатсия барои занҳои хомиладор ва занҳои қобили таваллуд хеле муҳим мебошад.

6. Назорати эпидемиологӣ

34) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи назорати эпидемиологии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда таъсис дода шудааст ва сохторҳои муассисаҳои тиббии дахлдоре мавҷуданд, ки ба ташкил ва гузарондани он масъул мебошанд.

Ҳайати тиббие, ки ба системаи назорати эпидемиологӣ дохил карда шудаанд, стандартҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро ба роҳбарӣ гирифта, корҳои назорати эпидемиологиро дар ҷумҳурӣ пеш мебарад, аммо бо вуҷуди ин зарур аст, ки дар як қатор ҳудудҳои маъмурӣ барои таҳкими он чораҳо андешида шаванд.

35) Мақсади назорати эпидемиологӣ:

- ошкор намудани ҳар як ҳодисаи бемории сироятӣ;

- дар асоси назорати эпидемиологӣ ҷустуҷӯи фаъоли ҳодисаҳо ва пешгирии бемориҳое мебошад, ки несткунӣ ва пасткунии паҳншавии онҳо бо роҳи боздиди ҳарҳафтаинаи муассисаҳои тиббие, ки беморон ба онҳо бештар муроҷиат менамоянд, амалӣ карда мешавад;

- системаи назорати эпидемиологии сифатнок инҳоро дар бар мегирад:

- ошкор намудани гирифтории бемориҳои сироятии мақсаднок бо ёрии муайянкунандаҳои стандартии ҳодисаҳои бемориҳои сироятии мақсаднок; бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва тафтиши ҳар як ҳодиса бо истифодаи таҳқиқоти лабораторӣ, мунтазам ҷамъ овардан ва хабаррасонии маълумоти зарурӣ.

- таҳлили мунтазами маълумоти гирифташуда бо қабули қарорҳои мушаххас;

- фиристодани иттилоот ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла хабарҳои ҳафтаинаи "сифрӣ", ҳисоботи моҳона дар бораи бақайдгиии "сифрӣ" дар шаклҳои №1 (ҳисобот дар бораи ҳаракати бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ);

- нигоҳ доштани алоқаи доимӣ бо мутахассисоне, ки маълумоти ибтидоиро пешниҳод менамоянд;

- ҳайати кормандони тамоми сатҳҳои системаи тандурустӣ бояд курсҳои омӯзиширо гузаранд ва ҳамасола на камтар аз як маротиба ихтисоси худро такмил диҳанд;

- амалисозии назорати нишондодҳои сифатии санҷишҳои эпидемиологии тавсиянамудаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ворид намудани ислоҳҳо ба Барномаи миллии иммунизатсия.

§1. Бемории фалаҷ

36) Самтҳои асосӣ:

- дастгирии сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия (>95фоиз) ба муқобили бемории фалаҷи кӯдакон дар миқёси ҳар як шаҳр, ноҳия, муассисаи тиббӣ ва дар тамоми ҷумҳурӣ бо роҳи гузаронидани иммунизатсияи тақвимӣ.

- гузаронидани иммунизатсия дар манбаъҳои ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст (бо фарогирии то 500 нафар кӯдакони то 15 сола).

- гузаронидани чорабиниҳои иловагии иммунизатсия (иммунизатсияи "тозакунанда") бо муайян намудани гурӯҳҳои синну солии мақсаднок дар асоси шароитҳои бавуҷудомада.

- фаъолона ошкор намудани ҳодисаҳои бемории фалаҷи шадиди суст ва ҷамъ намудани иттилоот аз тарафи кормандони тибб.

- бақайдгирии саривақтӣ ва хабаррасонӣ ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, ҷамъ овардани намунаҳои адекватии наҷосат (дар 14 рӯзи аввали саршавии фалаҷ ва расонидан барои ташхис дар давоми 3 рӯз (на дертар аз 72 соат) баъди саршавии бемории фалаҷ;

- назорати эпидемиологӣ бо пур кардани шаклҳои стандартии тафтиши эпидемиологии ҳодисаи бемории шадиди фалаҷи суст, гузарондани чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ;

- муоинаи такрории бемор баъди 60 рӯзи саршавии фалаҷ;

- классификатсияи ниҳоӣ аз тарафи кумитаи Экспертҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили лабораторияи вирусологии бемории фалаҷ.

37) Барои таъмини самаранокии ҳарчӣ бештари чорабиниҳое, ки анҷом дода мешаванд, мониторинг бояд мунтазам ба арзёбии нишондиҳандаҳои индикаторӣ ва қабули қарорҳои мушаххас гузаронида шавад.

+-------------------+-------------+-------------------+--------------ҷ
|Индикаторҳои       |Нишондиҳандаи|Индикаторҳои       |Нишондиҳандаи |
|нишондиҳандаҳои    |мақсаднок    |нишондиҳандаҳои    |мақсаднок     |
|назорати           |             |назорати           |              |
|эпидемиологӣ       |             |эпидемиологӣ       |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизҳои            |             |Фоизи намунаҳои    |              |
|гирифташудаи       |             |ба Маркази         |              |
|ҳисоботи ҳармоҳаи  |  100 фоиз   |ҷумҳуриявии        |  > 80 фоиз   |
|шакли 1 дар бораи  |             |иммунопрофилактика |  -           |
|ҳаракати бемориҳои |             |овардашуда дар     |              |
|сирояткунанда      |             |давоми се рӯз      |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизи хабарҳои     |             |Натиҷаи            |Натиҷаҳои     |
|ҳафтаинаи          |  > 95 фоиз  |таҳқиқоти          |гирифташуда   |
|гирифташуда        |  -          |вирусологӣ         |нишон дода    |
|                   |             |                   |шаванд        |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Нишонднҳандаҳои    |> 2 ба       |Фоизи ҳодисаҳои    |              |
|ҳодисаҳои бемории  |*100000      |бемории шадиди     |              |
|шадиди фалаҷи суст |кӯдакони     |фалаҷи суст, ки    |   100 фоиз   |
|этиологияи         |то 15 сола   |барои онҳо         |              |
|ғайриполиомиелитӣ* |             |муоинаи такрорӣ    |              |
|дар байни кӯдакони |             |баъди 60 рӯзи      |              |
|то 15 сола         |             |саршавии фалаҷ     |              |
|                   |             |гузаронда шудааст  |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизи хабардиҳии   |             |Фоизи ҳодисаҳои    |              |
|саривақтӣ оид ба   |             |бемории шадиди     |              |
|ошкоркунии         |  95 фоиз    |фалаҷи суст, дар   |              |
|ҳодисаҳои бемории  |             |мавриде ки         |              |
|шадиди фалаҷи суст |             |фалаҷҳои           |              |
|> 24 соат          |             |боқимонда ҳоло     |              |
|-                  |             |ҳам мавҷуданд      |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизи бемории      |             |То муоинаи         |              |
|шадиди фалаҷи суст |             |такрорӣ            |              |
|бо ду намунаи      |  100 фоиз   |вафот карданд      |              |
|наҷосати дар       |             |                   |              |
|фосилаи 24-48 соат |             |                   |              |
|гирифташуда        |             |                   |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизи бемории      |             |Ҳодисаи бемории    |              |
|шадиди фалаҷи суст |             |шадиди фалаҷи      |              |
|бо ду намунаи      |  95 фоиз    |суст ошкор         |              |
|наҷосати адекватӣ  |             |карда шуд          |              |
|дар фосилаи 24-48  |             |                   |              |
|соат дар давоми 14 |             |                   |              |
|рӯз аз рӯзи        |             |                   |              |
|саршавии фалаҷ     |             |                   |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+
|Фоизи намунаҳои    |             |                   |              |
|маводи ташхиси     |             |                   |              |
|лаборатории дар    |  100 фоиз   |                   |              |
| ҳолати хуб**      |             |                   |              |
+-------------------+-------------+-------------------+--------------+

Эзоҳ: * Нишондиҳандаи ошкоркунии ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст бояд > 2 ҳодиса барои 100 ҳазор нафар аҳолии то 15 сола то қатьи гардиши полиовируси "Ёбоӣ"-и аз Ҳиндустон воридшуда бошад.

** Намунаҳо бо риояи занҷири хунукитаъминкунанда баргарданда овардашуда бо танзими стандартии равонакунӣ барои таҳқиқоти лабораторӣ ба ш. Москва.

*** Ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст аз рӯи ташхиси нихоӣ мутобиқи аломатҳои асосии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсиянамуда тақсим карда шавад: Гийена - Барре, миелити яктарафа, неврити ҷароҳатӣ, фалаҷи гипоклимикӣ, остеомилит, илтихоби пардаҳои майна (менингит), бемории сил, Бемории Пот (бемории сил бо иллати сутунмӯхра).

§2. Сурхча/Гулафшон

38) Вазифаҳои умумӣ дар давраи солҳои 2011-2015

- элиминатсияи сурхча (қатъи гардиши вируси маҳаллии сурхча).

- элиминатсияи гулафшон (қатъи гардиши вируси маҳаллии гулафшон).

- профилактикаи Синдроми модарзодии гулафшон (<1 ба 100000 зиндатаваллудшудагон)

39) Вазифаҳои афзалиятнок:

- ноилшавӣ ба сатҳи баланди фарогирӣ бо ду вояи (дозаи) ваксинаи сурхча ва гулафшон (>95фоиз) бо роҳи ташкили иммунизатсияи тақвимӣ дар ҳар як шахр, ноҳия, муассисаи тиббӣ ва дар миқёси ҷумҳурӣ;

- гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ оид ба иммунизатсияи наврасон ва занҳои синни қобили таваллуддошта ба сурхча ва гулафшон. Иммунизатсия ба муқобили гулафшон пеш аз ҳама барои пешгирии Синдроми модарзодии гулафшон (СМГ);

- таъмини системаи назорати эпидемиологӣ дар ҳар як ҳудуди маъмурӣ барои бемории сурхча, гулафшон, Синдроми модарзодии гулафшон;

- беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти боварибахш дар бораи афзалиятҳои иммунизатсия ба муқобили сурхча ва гулафшон барои кормандони тиб ва аҳолӣ.

40) Назорати эпидемиологии бемориҳои сурхча, гулафшон ва Синдроми модарзодии гулафшон

- ошкорнамоии фаъол.

- бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ аз рӯи шаклҳо, рӯйхатҳо мутобиқи тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, хабаррасонии саривақтӣ.

- тафтиши эпидемнологии дахлдор бо ҳатман ҷамъ намудани маводи ташхисӣ аз ҳар як бемор барои таҳқиқоти лабораторӣ бо пур кардани шаклҳои стандартии санҷиш;

- ҷамъ намудани иттилоот оид ба ҳар як ҳодиса;

- иммунизатсия дар манбаъи бемории шахсони алоқаманди то 30 сола, ки бо бемор алоқаи зич доштанд, шахсоне, ки иммунизатсия нагирифтаанд ва шахсоне, қи дар бораи онҳо дар муддати на камтар аз 72 соат аз лаҳзаи бо бемор алоқа доштан маълумот вуҷуд надорад;

- муоинаи тиббӣ барои ҳолати саломатии шахсоне, ки дар давоми давраи инкубатсионӣ бо бемор алоқа доштанд (ҳангоми сурхча 10-21 рӯз, гулафшон 12-23 рӯз);

- алоқаи мутақобила;

- мониторинг, ҷамъбасти маълумот бо қарорҳои қабулшуда.

§3. Нишондиҳандаи фаъолияти системаи назорати эпидемиологии бемориҳои сурхча ва гулафшон
+-----------------------------------------+--------------------------ҷ
| Нишондиҳандаҳо                          |      Мақсад              |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Нишондиҳандаи ошкор намудани            | < 1 ҳодиса дар 100000    |
| сурхча/гулафшон                         | нафари аҳолӣ             |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Нишондиҳандан ошкор намудани Синдроми   | 1 ҳодиса ба 100000       |
| модарзодии гулафшон                     | нафари зиндатаваллуд     |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи ҳодисаҳои ба тарзи лабораторӣ     |                          |
| тасдиқшуда                              | 100 фоиз                 |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи қабулкунии ҳисоботи ҳармоҳа       |                          |
| (шакли 1) оид ба ҳаракати бемориҳои     |                          |
| сироятӣ ва паразитӣ                     | 100 фоиз                 |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи хабарҳои ҳарҳафтаинаи "сифрӣ"     | > 95 фоиз                |
| гирифташуда                             | -                        |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи ҳодисаҳое, ки ба муайянкунии      | > 95 фоиз                |
| клиникии ҳолати стандартӣ мутобиқат     | -                        |
| мекунанд, хабари таъҷилӣ баъди          |                          |
| < 48 соати ошкор шудани доначаҳо        |                          |
| -                                       |                          |
| равон карда шудааст                     |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи саривақт гирифтани намунаҳои      | > 80 фоиз                |
| хун дар давоми 28 рӯз аз оғози          | -                        |
| беморшавӣ                               |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи санҷиши эпидемиологии             | >  95 фоиз               |
| саривақтӣ баъди бақайдгирӣ < 48 соат    | -                        |
|                            -            |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Манбаъҳо ошкор шуданд                   | > 80 фоиз                |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи ҳудудҳои маъмурӣ, ки пуррагии     | > 80 фоиз                |
| ҳисоботдиҳиро барои ҳамаи моҳҳо         | -                        |
| таъмин кардаанд                         |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
| Фоизи ҳудудҳои маъмурие, ки дар онҳо    | > 80 фоиз                |
| 2 ҳодисаи сурхча/гулафшон ба таври      | -                        |
| лабораторӣ радшуда ошкор гардидааст     |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
§4. Нишондиҳандаҳо барои арзёбии сифатнокии назорати эпидемиологии Синдроми модарзодии гулафшон, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия шудааст
+-----------------------------------------+--------------------------ҷ
|Нишондиҳандаҳои индикаторӣ               |           Мақсад         |
+-----------------------------------------+--------------------------+
|Ҳиссаи ҳодисаҳои шубҳанок ба Синдроми    |                          |
|модарзодии гулафшон, ки дар давоми < 48  |          > 80 фоиз       |
|                                   -     |          -               |
|соат баъди ошкоркунӣ ба қайд гирифта     |                          |
|шудаанд                                  |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
|Ҳиссаи ҳодисаҳои Синдроми модарзодии     |                          |
|гулафшон, ки аз онҳо намунаи маводи      |          > 80 фоиз       |
|клиникии гирифташуда ба лаборатория дар  |          -               |
|давоми 3 рӯз фиристода шудаанд           |                          |
|                                         |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
|Ҳиссаи ҳодисаҳои шубҳанок ба Синдроми    |          > 80 фоиз       |
|модарзодии гулафшон, ки дар давоми 7 рӯз |          -               |
|аз лаҳзаи ошкоркунӣ тафтиш карда шудаанд |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
|Ҳиссаи ҳодисаҳои Синдроми модарзодии     |          > 80 фоиз       |
|гулафшон, ки аз рӯи онҳо дар давоми 6    |          -               |
|моҳ баъди бақайдгирӣ муоинаи лабораторӣ  |                          |
|гузаронида шудааст                       |                          |
+-----------------------------------------+--------------------------+
|Пуррагии хабаррасонии ҳармоҳа            |          > 80 фоиз       |
+-----------------------------------------+--------------------------+

41) Нишондиҳандаҳои бақайдигирӣ:

- нишондиҳандаи 2 ҳодисаи шубҳанок ба сурхча ва гулафшон ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ, ки дар онҳо ташхиси сурхча ва гулафшон ба таври лабораторӣ рад карда шуд;

- на камтар дар 80 фоизи ҳудудҳои маъмурии аз ҳама сатҳи паст (ба ҳисоби миёнаи теъдоди аҳолӣ на камтар аз 100 ҳазор нафар ҳар сол як ҳодисаи шубҳанок ба сурхча ва гулафшон дар 100000 нафар, ки дар он ташхиси сурхча ва гулафшон ба таври лабораторӣ рад карда шудааст, бояд ба қайд гирифта шавад).

42) Намунаҳо барои ошкор намудани вируси сурхча ва гулафшон бояд аз ҳар як бемор ҳангоми бақайдгирии танҳо як ҳодисаи беморӣ ва аз 80 фоизи беморон ҳангоми қайди авҷгирии он гирифта шаванд.

43) Тафтиши сифатноки эпидемиологӣ дар давоми <48 соат баъди расидани хабар дар бораи ошкор намудани ҳодисаи шубҳанок ба сурхча ва гулафшон бо гирифтани ҳатмии намуна барои ташхиси лабораторӣ -100 фоиз.

7. Муайян намудани манбаъи беморӣ

44) Нишондоди ошкор намудани манбаъи беморӣ - Мақсад >80 фоиз.

45) Нишондиҳандаҳои бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда;

- нишондиҳандаи мақсадноки элиминатсияи сурхча: камтар аз 1 ҳодиса ба 100000 нафари аҳолӣ дар давоми сол;

- нишондиҳандаи мақсадноки элиминатсияи гулафшон: камтар аз 1 ҳодиса ба 100000 нафари аҳолӣ дар давоми сол;

- нишондиҳандаи элиминатсияи Синдроми модарзодии гулафшон: камтар аз 1 ҳодиса ба 100000 кӯдаконе, ки зинда таваллуд шудаанд.

§1. Гепатити В

46) Вазифаҳои барнома оид ба пасткунии паҳншавии гепатити В:

- чораҳои адекватии мубориза бо сироятҳои бо воситаи хун гузаранда, таъмини бехатарии хунгузаронӣ, бехатарии сӯзанкунии диагностикӣ ва бехатарии иммунизатсия амалӣ гардонида шаванд;

- баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакони то яксола бо диққати махсус ба фарогирии пурраи тамоми навзодон бо вояи якум ҳангоми таваллудшавӣ дар маҳалҳои аҳолинишини душворгузар, минтақаҳое, ки дар онҳо кормандони тиббӣ намерасанд, фарогирии кӯдакони дар хона таваллудшуда бо иммунизатсия;

- фарогирӣ бо иммунизатсияи вояи якум барои таваллудшудагон баъди 24 соати таваллудшавӣ дар соли 2011- 95фоиз, 2015- 98фоиз бо идомаи фарогирии баланд (>95фоиз) бо иммунизатсияи минбаъдаи тақвимӣ ба даст оварда шавад;

- иммунизатсия ба муқобили гепатити В барои аҳолии калонсол аз гурӯҳи мақсаднок (кормандони тиббӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, курсҳои болоии Коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ) давом дода шавад;

- арзёбии мунтазами фарогирии иммунизатсияи кӯдакони то 1 сола бо 2- 4 воя дар муассисаҳои тиббӣ бо қабули чораҳои мушаххас оид ба баландбардории сатҳи фарогирии иммунизатсия таъмин карда шавад.

§2. Кузози навзодон

47) Ноилшавӣ ба мақсадҳои дар пешгузошташуда

- таъсиси сохтори муттаҳидаи иммунизатсия барои занҳои қобили таваллуд;

- пасткунии нишондоди таваллуди хонагӣ;

- рушди амалиёт, барои гузаронидани тамоми таваллудҳо дар шароитҳои муносиби гигиенӣ, бо иштироки кормандони тиббии соҳибихтисос;

- ҷорикунии иммунизатсияи занҳои қобили таваллуд бо анатоксини АДС-М, иммунизатсияи занҳои ҳомиладор, ки бо анотоксини зидди кузоз (АС) сӯзандору гузаронида нашудаанд.

§3. Гулӯзиндонак

48) Барои ноилшавӣ ба мақсадҳои паст намудани паҳншавии гулӯзиндонак то сатҳи 0.1 ба 100000 нафари аҳолӣ то соли 2015 шаш чорабинии муҳим пешбинӣ шудааст:

- профилактикаи ибтидоии бемории гулузиндонак барои таъмини сатҳи баланди сироятнопазирии дастаҷамъӣ бо роҳи иммунизатсия;

- профилактикаи дуюм барои пешгирии паҳншавии сироятҳо бо роҳи муоинаи бетаъхири наздиконе, ки бо бемор алоқа доштанд бо мақсади муолиҷаи муносиби онҳо;

- профилактикаи сеюм барои роҳ надодан ба ҳолатҳои вазниншавӣ ва фавт бо роҳи профилактикаи барвақтӣ ва пешбурди адекватии беморон;

- гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории гулӯзиндонак дар миёни гурӯҳҳои мақсаднок;

- анатоксини АДС-М барои иммунизатсияи наврасон ва калонсолон зимни тақвими қабулнамудаи Вазорати тандурустӣ барои иммунизатсияи профилактикӣ (16 сола - 26-36-46 ва 56 сола);

- таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани ташхисҳои беморони гулӯзиндонак ва шахсони бо бемор алоқадошта дар лабораторияҳои бактериологии ҷумҳурӣ.

8. Оризаҳо ва нуқсонҳои баъди иммунизатсиякунӣ

§1. Муайянкунии стандартии ҳодиса

49) Ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия ин бадшавии ҳолати саломатии кӯдак мебошад, ки ба гузаронидани иммунизатсия вобастагӣ дошта, сабабгори он асосан кормандони тиб ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла:

- вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ;

- сӯзанкунии ғайритаъмизӣ (ифлосшавии ваксина ё ҳалкунанда);

- истифодаи нодурусти ваксинаи ҳалшуда ё ҳалкунанда;

- интиқоли нодуруст ва нигохдории ваксинаҳо;

- риоя накардани нишондодҳои иммунизатсия;

- иштибоҳан истифода кардани ягон доруи дигар ба ҷои ваксина ё ҳалкунанда;

- истифодаи нодурусти миқдори ваксина ё ҳалкунанда;

- сӯзандоругузаронӣ дар ҷои номувофиқ.

50) Дар ҷумҳурӣ назорати муттаҳидаи эпидемиологӣ барои оризаҳо ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия ҷорӣ карда шудааст, ки чунин чорабиниҳоро дар бар мегирад:

- ошкор намудани ҳодисаҳои ориза ва нуқсонҳо;

- огоҳкунии саривақтӣ;

- бақайдгирии ҳафтаинаи "сифрӣ";

- бақайдгирии ҳармоҳаи "сифрӣ";

- тафтиши ҳар як ҳодиса бо пур кардани шаклҳои тафтишотие, ки онро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ 06.01 соли 2007, №4 "Дар бораи пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ барои ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия " қабул кардааст;

- омӯзиши ҳар як ҳодиса аз тарафи Кумитаи экспертҳо оид ба назорати ориза ва нуқсонхои баъди нммунизатсия бо қабули карорҳо.

§2. Профилактикаи ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия

51) Чораи асосии профилактикаи оризаҳо ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия:

- истиснои хатогиҳои техникӣ ҳангоми ваксинатсия;

- беҳтар намудани донишу малакаи кормандони тиббӣ оид ба назорати эпидемиологии ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия;

- фаъол намудани кори гурӯҳҳо оид ба назорати ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия дар тамоми ҳудудҳои маъмурӣ ва Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикии таъсисдодашуда;

- тамоми кормандони тиббие, ки бо иммунизатсия вобаста мебошанд, бояд принсипҳои асосии расонидани ёрии аввалияро ҳангоми пайдошавии ориза ва нуқсонҳои баъди иммунизатсия донанд, тамоми нуқтаҳои иммунизатсия, бригадаҳои иммунизатсиякунӣ ҳангоми раҳсипоршавӣ бояд бо қуттичаҳои доруворӣ ва маҷмӯи доруҳо барои расонидани ёрии таъҷилӣ таъмин карда шаванд.

9. Таҳкими иқтидор оид ба идоракунии Барнома

52) Таҳкими иқтидор оид ба идоракунии Барнома чорабиниҳои зеринро дар назар дорад:

- дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ пурра кардани ҳайати кадрҳое, ки ба системаи назорати эпидемиологии бемориҳои сироятии мақсаднок дохил мешаванд;

- қабули чораҳо оид ба камкунии аз кор рафтани ваксинаторҳо (кормандони тиб);

- ноилшавӣ ба мувофиқат бо Ҳукумат зиёд оид ба намудани ҳиссаи молиявии хароҷоти Барномаи миллии иммунопрофилактика;

- аз тарафи директорони Марказҳои иммунопрофилактикӣ гузаронидани арзёбии дониши мутахассисони бемориҳои кӯдакона ва ёрирасон барои таваллудкунӣ, духтурони соҳаи умумӣ, инчунин ҳайати миёнаи тиббӣ барои донистани мақсад ва вазифаҳои Барномаи миллии иммунизатсия бо муайянкунии талабот ва зарурат ба омӯзиши иловагӣ;

- дохил намудани масъалаҳои донистани Барномаи васеъи иммунизатсия ҳангоми аттестатсияи кормандони тиббии сатҳи олӣ ва миёна барои додани дараҷаи тахассусӣ;

- гузаронидани таҳқиқот оид ба фарогирӣ бо иммунизатсия дар тамоми ҳудудҳо;

- гузаронидани арзёбии самаранокии иҷрои барнома ва ошкор намудани зарурати такмили системаи идоракунии барнома;

- гузаронидани ҷаласаҳои мунтазами Кумитаи Ҳамоҳангсозии Байнисоҳавӣ, брифинги донорҳо оид ба дарёфти маблағҳо барои дастгирии Барнома.

53) Сафарбаркунии иҷтимоӣ:

- беҳтар намудани дастрасии иттилооти боварибахш оид ба афзалияти иммунизатсия ба муқобили бемориҳои сироятии мақсаднок барои кормандони тиб ва аҳолӣ;

- баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои ҳайати тиббӣ ва омодагии доимии онҳо ба кори методологияи муосир оид ба ташвиқот ва сафарбаркунии иҷтимоӣ ва шабакаҳои алоқа бо аҳолӣ (дар доираи марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим);

- таҷдид ва тавсеаи методикаи роҳбарикунӣ барои кормандони тиб;

- таҳия ва тавсеаи маводи иттилоотию таълимӣ барои аҳолӣ.

10. Замимаҳо

замимаи 1:

Тақвими иммунизатсияи миллӣ

+--------------------------+-----------------------------------------ҷ
|          Ваксина         |                 Синну сол               |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|                          | Иммунизатсияи ибтидоӣ  | Реваксинатсия  |
|                          |                        |                |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|ОПВ (зидди бемории фалаҷ)*|0-ҳангоми таваллудшавӣ, |                |
|                          |2,3 ва 4 моҳагӣ         |    12 моҳа     |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Гепатити В*               |Ҳангоми таваллудшавӣ дар|                |
|                          |24 соати аввал          |                |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|БСЖ                       |3-5 рӯз баъди           |  6,16 сола**** |
|                          |таваллудшавӣ            |                |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Пентавалентӣ              |                        |                |
|(АКДС, Hib,               |                        |                |
|гепатити В)               |2-3-4 моҳа              |                |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Сурхча ва гулафшон        |                        |                |
|(МК)                      |12 моҳа                 |  6 сола        |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Гулӯзиндонак ва кузоз     |                        |                |
|(АДС)                     |                        |  6 сола        |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Гулӯзиндонак ва кузоз     |                        |                |
|бо миқдори камкардашудаи  |                        |  16-26-36-     |
|(АДС-М)                   |                        |  45-56 сола    |
+--------------------------+------------------------+----------------+
|Ротавирусӣ ***            |                        |  2-4 моҳа      |
+--------------------------+------------------------+----------------+

* Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи сифрии поливаксияро нагирифта бошад, бояд он баъди ду ҳафтаи таваллудшавӣ ба ӯ гузаронида шавад.

** Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи гепатит нагирифта бошад, бояд он дар давоми 7 рӯзи баъди таваллуд ба ӯ гузаронида шавад.

*** Ҷорикунонии ваксинаи ротавирусӣ аз соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.

**** Ҷорикунонии ваксинаи пневмококкӣ дар соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.

замимаи 2:

Омӯзишҳои кӯтоҳмуддат, ки бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ амалӣ гардонида мешаванд

+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------ҷ
|Номи семинар                  |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |Ҳамагӣ |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Иммунизатсияи бехатар         |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Шумораи семинарҳо             |25   | 25  | 25  | 25  | 25  | 125   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Занҷираи хунукитаъминкунанда  |     |     |     |     |     |       |
|(тренер)                      |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Теъдоди иштирокчиён           |15   | 15  | 15  | 15  | 15  | 75    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Занҷираи хунукитаъминкунанда  |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Теъдоди иштирокчиён           |25   | 25  | 25  | 25  | 25  | 125   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|"Банақшагирии хурд"           |     |     |     |     |     |       |
|(Микропланирование)           |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Теъдоди иштирокчиён           |25   | 25  | 25  | 25  | 25  | 125   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Омӯзиш барои менеҷмент        |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Теъдоди иштирокчиён           |20   | 20  | 20  | 20  | 20  | 100   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳамагӣ                        |110  | 110 | 95  | 95  | 110 | 550   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+

замимаи 3:

Шумораи таҷҳизоте, ки бо дастгирии Хазинан кӯдакони Созмони Милали Муттаҳлд барои солҳои 2011-2015 дастрас гардонида мешаванд

+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------ҷ
|Сатҳи миллӣ                   |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |Ҳамагӣ |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Утоқҳои сардӣ                 |  1  |  0  |  0  |  0  |  1  |  2    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои МК-074               |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои TCW-1990             |  6  |  0  |  0  |  0  |  6  |  12   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои MF-214           |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои FCW-200          |  3  |  0  |  0  |  0  |  3  |  6    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои UN/CF-3504  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сумка-яхдонҳои CB/INO/90      |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои RCW/-25/CF  |  5  |  0  |  0  |  0  |  0  |  5    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Стабиллзаторҳо, 1 Квт         |  155|  0  |  0  |  0  |  5  |  160  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳароратсанҷи 66,381,          |  200|  0  |  0  |  0  |  0  |  200  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сатҳи вилоятӣ                 |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Утоқҳои сардӣ                 |  0  |  0  |  0  |  2  |  0  |  2    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои TCW-1990             |  36 |     |  0  |  0  |  0  |  36   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои MF-214           |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои FCW-200          |  6  |  0  |  0  |  0  |  0  |  6    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сумка-яхдонҳои CB/INO/90      |  40 |  0  |  0  |  0  |  0  |  40   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои RCW\-25/CF  |  6  |  0  |  0  |  0  |  0  |  6    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Стабилизаторҳо,1 Квт          |  6  |  0  |  0  |  0  |  0  |  6    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳароратсанҷи 66,381,          |  30 |  0  |  0  |  0  |  30 |  60   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сатҳи ноҳиявӣ                 |     |     |     |     |     |       |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Утоқҳои сардӣ                 |  0  |  0  |  0  |  0  |  0  |  0    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои МК-074               |  130|  0  |  0  |  0  |  0  |  130  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои TCW-1990             |  30 |  0  |  0  |  0  |  0  |  30   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои МF-214           |  30 |  0  |  0  |  0  |  0  |  30   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои FCW-200          |  20 |  0  |  0  |  0  |  0  |  20   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои UN/CF-3504  |  60 |  0  |  0  |  0  |  0  |  60   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сумка-яхдонҳои СВ/INO/90      |  30 |  0  |  0  |  0  |  0  |  30   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои RCW-25/CF   |  30 |  0  |  0  |  0  |  0  |  30   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Стабилизаторҳо, 1 Квт         |  100|  0  |  0  |  0  |  0  |  100  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳароратсанҷи 66,381,          |  120|  0  |  0  |  0  |  0  |  120  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+

замимаи 4

Шумораи умумии таҷҳизот аз рӯи амудҳо

+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------ҷ
|                              |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |Ҳамагӣ |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Утоқҳои сардӣ                 |  1  |  0  |  0  |  2  |  1  |  4    |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои МК-074               |  130|  0  |  0  |  0  |  0  |  130  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхдонҳои TCW-1990             |  72 |  0  |  0  |  0  |  6  |  78   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои MF-214           |  30 |  0  |  0  |  0  |  0  |  30   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Яхкунандаҳои FCW-200          |  29 |  0  |  0  |  0  |  3  |  32   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои UN/CF-3504  |  60 |  0  |  0  |  0  |  0  |  60   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Сумка-яхдонҳои CB/INO/90      |  70 |  0  |  0  |  0  |  0  |  70   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Термоконтейнерҳои RCW-25/CF   |  41 |  0  |  0  |  0  |  0  |  41   |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Стабилизаторҳо, 1 Квт         |  261|  0  |  0  |  0  |  5  |  266  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳароратсанҷи 66,381,          |  350|  0  |  0  |  0  |  30 |  380  |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+
|Ҳамагӣ                        | 1044|  0  |  0  |  2  |  45 |  1091 |
+------------------------------+-----+-----+-----+-----+-----+-------+

замимаи 5:

Вазифаҳо оид ба фарогирӣ

+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------ҷ
|3.1. Ваксинаҳо        |   |   2011|   2012|   2013|   2014|   2015  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|1) БЦЖ                | - |98 фоиз|98 фоиз|98 фоиз|98 фоиз|98 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|2) АКДС               | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|3) АС-занҳои ҳомиладор| - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|4) АДС                | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|5) Сурхча ва гулафшон |   |       |       |       |       |         |
|   (МR)               | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|6) ОПВ                | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|7) АДС (М)            | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|8) АКДС-Геп В-Hib     | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|9) Геп В              | - |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+

замимаи 6:

Вазифаҳо оид ба нишондиҳандаҳои ваксинаҳои сарфшуда

+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------ҷ
|3.2. Ваксинаҳо        |   |2011   |2012   |2013   |2014   |2015     |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|1) БЦЖ                | - |40 фоиз|30 фоиз|30 фоиз|30 фоиз|30 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|2) АКДС               | - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|3) АС-занҳои ҳомиладор| - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|4) АДС                | - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|5) Сурхча ва гупафшон |   |       |       |       |       |         |
|   (МR)               | - |25 фоиз|25 фоиз|25 фоиз|25 фоиз|25 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|6) ОПВ                | - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|7) АДС (М)            | - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|8) АКДС-Геп В-Hib     | - |10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|9) Геп В              | - |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+

замимаи 7:

Нишондиҳандаҳои имvунизатсияи ба охир нарасонидашуда

+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------ҷ
|3.3. Ваксинаҳо        |   |2011   |2012   |2013   |2014   |2015     |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|1) БЦЖ                | - |2 фоиз |2 фоиз |2 фоиз |2 фоиз |2 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|2) АКДС               | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|3) АС-занҳои ҳомиладор| - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|4) АДС                | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|5) Сурхча ва гулафшон | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
|   (МR)               |   |       |       |       |       |         |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|6) ОПВ                | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|7) АДС (М)            | - |10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз|10 фоиз  |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|8) АКДС-Геп В-Hib     | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+
|9) Геп В              | - |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз   |
+----------------------+---+-------+-------+-------+-------+---------+

замимаи 8:

Талабоnи асосӣ ба ваксинаҳои нав

+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------ҷ
|Ваксинаҳо          |2011|   2012|   2013|    2014|    2015|  ҷамъ   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|АС-ваксина         | 0  |       |       |        |        |         |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Занҳои ҳомиладор   | 0  |191132 |194853 |198853  |202853  |787691   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Мақсад оид ба      | 0  |95 фоиз|95 фоиз|95 фоиз |95 фоиз |95 фоиз  |
|фарогирии занҳои   |    |       |       |        |        |         |
| ҳомиладор         |    |       |       |        |        |         |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Гурӯҳи мақсадноки  |    |       |       |        |        |         |
|занҳои ҳомиладор   | 0  |181575 |185207 |88911   |192689  |748382   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Вояҳо аз рӯи       |    |       |       |        |        |         |
|тақвим             | 0  |2      |2      |2       |2       |2        |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Шумораи вояи       |    |       |       |        |        |         |
|зарурӣ             | 0  |363150 |370413 |377822  |538378  |1.496.763|
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Нишондиҳандаи      |    |       |       |        |        |         |
|ба охир            |    |       |       |        |        |         |
|нарасонидашуда     | 0  |5 фоиз |5 фоиз |5 фоиз  |5 фоиз  |5 фоиз   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Вояҳои зарурӣ бо   |    |       |       |        |        |         |
|илова ба охир      |    |       |       |        |        |         |
|нарасонидашуда     |0   |372229 |379674 |387267  |395012  |1.534.182|
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Талафоти банақша   |    |       |       |        |        |         |
|гирифташуда        |0   |15 фоиз|15 фоиз|15 фоиз |15 фоиз |15 фоиз  |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Омили талафот      |0   |1,18   |1,18   |1,18    |1,18    |1,18     |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Ҷамъи вояҳо бо     |    |       |       |        |        |         |
|иловаи талафот     |0   |437917 |446617 |455608  |462721  |1.802.864|
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Ҷамъи вояҳои       |    |       |       |        |        |         |
|зарурӣ             |0   |437917 |446617 |455608  |462721  |1.802.864|
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Ротавирусӣ         |2011|2012   |2013   |2014    |2015    |ҷамъ     |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Навзодони          |    |       |       |        |        |         |
|зиндамонда         |0   |0      |0      |0       |199362  |199362   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Фарогирии          |    |       |       |        |        |         |
|мақсаднок          |0   |0      |0      |0       |95 фоиз |95 фоиз  |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Гурӯҳи             |    |       |       |        |        |         |
|мақсадноки         |    |       |       |        |        |         |
|кӯдакон            |0   |0      |0      |0       |189394  |189394   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Вояҳо аз рӯи       |    |       |       |        |        |         |
|тақвим             |0   |0      |0      |0       |2       |2        |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Шумораи вояи       |    |       |       |        |        |         |
|зарурӣ             |0   |0      |0      |0       |378788  |378788   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Нишондиҳандаи      |    |       |       |        |        |         |
|ба охир            |    |       |       |        |        |         |
|нарасонидашуда     |0   |0      |0      |0       |5 фоиз  |5 фоиз   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Вояҳои зарурӣ      |    |       |       |        |        |         |
|бо иловаи          |    |       |       |        |        |         |
|талафот            |0   |0      |0      |0       |446969  |446969   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Талафоти ба        |    |       |       |        |        |         |
|нақша              |    |       |       |        |        |         |
|гирифташуда        |0   |0      |0      |0       |15 фоиз |15 фоиз  |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Омили талафот      |0   |0      |0      |0       |1,18    |1,18     |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+
|Ҷамъи вояҳои       |    |       |       |        |        |         |
|зарурӣ             |0   |0      |0      |0       |44699   |446969   |
+-------------------+----+-------+-------+--------+--------+---------+